Моҳияти озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат»


Моҳияти озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат»

Донистани таърихи пурғановати халқи тоҷик тавассути мутолиаи шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» барои ҳар шахси инсондӯсту ватанпараст мояи ифтихор аст. Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров давраҳои пайдоиши таърихии миллати тоҷикро пурра фаро гирифта, нишони абадзиндаи миллати бостонӣ ва тамаддунофари тоҷик аст ва барои наслҳои имрӯзу ояндаи Тоҷикистону ҷаҳон далели раъднопазир арзёбӣ мегардад. Омӯзиши таърих дар замони ҷаҳонишавӣ муҳимтарин омил дар самти худшиносиву худогоҳии миллӣ ба шумор меравад. Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ буда, арҷгузорӣ ба он рисолати ҳар як тоҷик аст.

Ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши васеъ ва ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи халқи тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 баргузор мешавад. Иқдому ташаббусҳои маъорифатправарона ва ватандӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мисоли тақдими китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оилаи тоҷик аз ҷониби ҷомеаи мамлакат дастгирию пуштибонӣ ёфта, ҳамчун тадбири саривақтӣ ва муҳим дар роҳи арҷгузорӣ ба таърихи гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик арзёбӣ мегардад ва эълони озмуни «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат», ки соли 2023 доир хоҳад гашт, аз ташаббусҳои роҳбарияти олии давлат ва миллати тоҷик мебошад.

Тибқи маълумот озмун бо иштироки аҳолии мамлакат, аз ҷумла, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар, ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва олимону муҳаққиқони соҳаи таърих доир мегардад. Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи феврали соли 2023 то моҳи декабри соли 2023 ташкил ва гузаронида мешавад.

Шоҳасари «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров, на танҳо дар таърихнигории ватанӣ, балки дар миқёси кишварҳои хориҷӣ низ шуҳрату шаҳомати беандозаро дошта, дар илми ховаршиносӣ падидаи ниҳоят муҳим ва сарчашмаи боэътимод эътироф гардидааст.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор

 


24.08.2022 3444

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php