Рисолати хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои волотарин дар таърихи навин ба ҳисоб меравад. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ як қатор падидаҳое рӯи кор омаданд, ки заминаи ҳуқуқии онҳо бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардидаанд. Падидаи хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигар падидаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ дар шароити имрӯза мукаммал гардида, вобаста ба инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар марҳилаи рушд қарор дорад. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди низоми нави давлатдорӣ ибтидо гузошта, барои такмили марҳила ба марҳилаи низоми идоракунии давлатӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ заминаи мусоид фароҳам овард, ки ин ислоҳот дар ҳаёти сиёсию ҳуқуқии ҷамъият, бахусус, дар низоми хизмати давлатӣ нақши муҳимро иҷро намуда истодааст.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаву адолатпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои таърихии давлатдории миллати тоҷик дубора эҳё гардида, дар меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мустаҳкам гардидаанд. Мувофиқи қисми 2-и моддаи 27-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ кафолат дода шудааст. Муқаррароти мазкур бори аввал дар сатҳи конститутсионӣ баробарҳуқуқии шаҳрвандонро ба хизмати давлатӣ пешбинӣ намуд ва роҳ додани шаҳрвандон дар шароити умумии баробар ба хизмати давлатӣ аз дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад, ки аз моҳияти демократию ҳуқуқбунёдии он шаҳодат медиҳад.
Дар заминаи меъёри конститутсионӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” аз 5-уми марти соли 2007, №233 қабул гардидааст, ки асосҳои ташкилию ҳуқуқии хизмати давлатӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои иҷтимоии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба баланд бардоштани нуфузи соҳаи хизмати давлатӣ шурӯъ аз даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар соҳаҳо бештар таваҷҷӯҳ зоҳир карда мешавад. Дар робита ба ин, яке аз тадбирҳо дар низоми хизмати давлатӣ танзими рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии хизматчиёни давлатӣ, одоб ва нуфузи хизмати давлатӣ мебошад. Дар моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” аз 5-уми марти соли 2007, №233 мафҳуми «одоби хизматчии давлатӣ» ба таври зерин шарҳ дода шудааст:
- одоби хизматчии давлатӣ – маҷмӯи меъёрҳо, принсипҳо ва қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии хизматчии давлатӣ, ки хислатҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ ва рафтори ӯро дар кор ва ҷомеа таҷассум намуда, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ, талаботи маънавии ҷомеаро нисбат ба хизматчии давлатӣ дар бар мегирад.
Хизмати давлатӣ ҳамчун қисми таркибии сохтори давлат дар байни давлат ва ҷомеа нақши васлкунандаро бозида, ба зиммаи он таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, вогузор карда мешаванд. Вазифаи асосии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо аз хизмат ба давлат, балки аз мусоидат ба давлат дар роҳи хизмат кардан ба ҷомеа иборат мебошад. Хизмати давлатӣ бояд барои амалӣ намудани афзалиятҳои миллӣ ва фаъолияти мақсадноки мақомоти давлатӣ мусоидат намояд.
Бояд қайд кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дорад. Кодекси мазкур бо мақсади баланд бардоштани нуфузи хизмати давлатӣ, тақвияти масъулияти хизматчии давлатӣ ва самаранокии идоракунии хизмати давлатӣ, инчунин, бо мақсади таҳкими обрӯю эътибори ниҳоди хизмати давлатӣ, танзими бархӯрди манфиатҳо, тавзеҳ додани принсипҳои хизмати давлатӣ қабул шудааст. Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хислати ахлоқии фаъолияти касбии хизматчии давлатии мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷассум намуда, аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият ба хизмати давлатӣ бармеояд.
Дар моддаи 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” аз 5-уми марти соли 2007, №233 принсипҳои асосии хизмати давлатӣ ба таври зайл муқаррар шудааст:
1. Хизмати давлатӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- ягонагии низоми хизмати давлатӣ, новобаста аз таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳомимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ;
- садоқат ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон;
- инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ;
- хусусияти дунявӣ доштани хизмати давлатӣ;
- ғайриҳизбӣ будани хизматчиёни давлатии мақомоти дахлдори давлатӣ, ки тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд;
- шаффофият дар хизмати давлатӣ, ба ҷуз фаъолияте, ки сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшазандаро ташкил медиҳад;
- касбият ва салоҳиятнокии хизматчии давлатӣ;
- ихтиёрӣ ва дастрас будани хизмати давлатӣ;
- ҳисоботдиҳанда будани хизматчии давлатӣ;
- устувории ҳайати шахсии мақоми давлатӣ;
- баландравии мансабии хизматчии давлатӣ дар асоси қобилият, истеъдод, тайёрии касбӣ ва талаботи тахассусӣ;
- баҳодиҳӣ ба фаъолияти хизматчии давлатӣ дар асоси дастовардҳои хизматӣ.
2. Хизмати давлатӣ, инчунин, ба дигар принсипҳо, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд, асос ёфта метавонад.
Тавре дар боло қайд шуд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд. Кодекси мазкур таҷассумгари хислати ахлоқии фаъолияти касбии хизматчии давлатии мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар боби 2-и принсипҳои асосии одоби хизматии хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зерин муқаррар ва мустаҳкам гардидааст:
Кодекси мазкур ба прнсиипҳои хизмати давлатӣ ва талабот ба рафтори хизматчиёни давлатӣ, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" ва "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" пешбинӣ намудаанд, инчунин, ба принсипҳои зерини одоби хизмати давлатӣ асос меёбад:
- қонуният;
- риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон;
- поквичдонӣ;
- таҳаммулпазирӣ.
Бо мақсади дар амалия самаранок татбиқ намудани Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бад-ин васила эҷоди замина ва фароҳам овардани асосҳои бештари ҳуқуқӣ оид хизмати давлатӣ, таҳкими одоби хизматчии давлатӣ дар фаъолияти хизмати давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд, аз ҷумла, дар Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки дастури амал қарор додани Қоидаҳои Кодекси мазкур ӯҳдадории хизматчии давлатӣ буда, риоя накардани он оқибатҳои ҳуқуқӣ, яъне, ҷавобгариҳоро дар пай дорад.
Қонунгузорӣ оид ба хизмати давлатӣ ва одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии ташаккулёбӣ ва фаъолияти хизмати давлатиро ҳамчун институти махсуси давлатию ҳуқуқӣ поягузорӣ намуда, барои рушди минбаъда ва таҳкими он замина мегузорад. Эҷоду таҳия, қабулу дар амал татбиқ намудани қонунгузорӣ оид ба хизмати давлатӣ ва одоби хизматчии давлатӣ барои тарбияи хизматчиёни давлатии соҳибкасб, фаъолияти садоқатмандонаву самараноки онҳо, таҳкими фазои осоишта, рушди ҳамҷониба ва муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ имконияту шароити муосирро фароҳам меорад.
Бояд қайд намуд, ки таҷрибаи давлатсозию давлатдорӣ, низоми намунавии идораи давлатӣ, ташаккулу инкишофи ҳуқуқэҷоднамоию ҳуқуқтатбиқнамоӣ, риояи ҳуқуқи инсон ва адолати иҷтимоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон дастовардҳои нодире мебошанд, ки дар марҳилаҳои гуногун шакл гирифта, рушд намуда, то имрӯз ҳифз гардидааст. Дар робита ба таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди хизматчиёни давлатӣ фаъолият бо назардошти “дасту дили пок”, “нияти нек”, “садоқат ба давлату миллати худ”, “нангу номуси ватандорӣ”, “эҳсоси масъулияти ба зиммадошта” гузошта шудааст, ки бояд асоси кору фаъолияти ҳамарӯзаи хизматчиёни давлаии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил намоянд. Татбиқи воқеӣ ва самараноки ин гуфтаҳо барои амалӣ намудани таъмини волоияти қонуният, ҳифзу амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, фаъолияти одилонаву поквиҷдонона, эҳтиром ва муносибати дуруст бо шаҳрвандон мусоидат менамоянд.
Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ
Ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино,
д.и.т., профессор