Беҳбуди сифати хизматрасонии тиббӣ аз бисёр ҷиҳат ба сатҳу сифати омода кардани кадрҳо вобаста мебошад. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) яке аз марказҳои калонтарини таълимӣ дар самти омода кардани мутахассисони соҳаи тиб аст. Вобаста ба фаъол


 Беҳбуди сифати хизматрасонии тиббӣ аз бисёр ҷиҳат ба сатҳу сифати омода кардани кадрҳо вобаста мебошад. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) яке аз марказҳои калонтарини таълимӣ дар самти омода кардани мутахассисони соҳаи тиб аст. Вобаста ба фаъол

Маҳмадшоҳ Гулзода: — Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» яке аз бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани вазъи солимии ҷомеа нақши калидӣ мебозад. Ин даргоҳи муқаддас бо кадрҳои маъруф, анъанаҳои арзишманд, мактабҳои соҳавӣ, дастовардҳои илмиву эҷодии худ мояи ифтихори миллати тоҷик гардидааст.

Фаъолияти ДДТТ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии донишгоҳӣ, иҷрои барномаву нақшаҳои давлатӣ, нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино то соли 2025», ки аз Паёмҳою супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд,  ба роҳ монда шудааст.

Роҳбарияти донишгоҳ ҷаҳонишавии таҳсилот, ҷараёни рушди илм ва талаботи имрӯза ба раванди таҳсилро ба назар гирифта, ба мукаммал намудани барномаҳои таълимӣ тибқи стандарҳои муосири давлативу байналмилалӣ, ҷорӣ намудани технологияи нави омӯзиш ва баҳогузории сифати таҳсилот, инкишофи шахсиву касбии ҳар корманд, рушди корҳои илмиву инноватсионӣ ва татбиқи мукаммалкунии пояи моддӣ-техникии донишгоҳ, роҳандозӣ намудани усулҳои банақшагирии стратегӣ ва идоракунии системавӣ аҳамияти бештар дода, самтҳои афзалиятнокро барои фаъолият муайян намуд.

Бо назардошти ин, «Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино то соли 2025» таҳия гардида, дар самтҳои афзалиятнок кор бурда мешавад.

Вазифаи аввалиндараҷаи донишгоҳ- пурзӯр намудани пойгоҳи моддиву техникӣ ва технологӣ, интегратсияи фаъолияти таълимӣ, илмӣ-инноватсионӣ, кори табобатӣ ва нуфузу эътирофи байналмилалӣ пайдо намудани донишгоҳ ва кормандони он аст.

Инчунин вазифаҳои дар назди роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ гузошташуда аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» манша мегирад.

Пешвои миллат зикр намуданд, ки «муассисаҳои олии касбиро зарур аст, ки бо мақсади ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани сифати таҳсилоти касбӣ, мустаҳкам намудан ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани пояҳои моддиву техникӣ, таҳияи барномаҳои давлатӣ тибқи талаботи бозори меҳнат, ҷорӣ намудани технологияи иттилоотӣ ва  гузариш ба низоми муосири таъмини сифати таҳсилот замина муҳайё созанд».

Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид намуданд, ки «аз ҷониби роҳбарони Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар масъалаи қабули довталабон ва тарбияи кадрҳо, пеш аз ҳама, ба сифат эътибори аввалиндараҷа дода шавад».

Роҳбарияти ДДТТ баҳри таъмини таҳсилоти босифат ҷиҳати ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии таълим дар ҷараёни таҳсил аҳамияти бештар зоҳир менамояд.

Сифати таҳсил ва омодасозии мутахассисон аз маҳорати дарсдиҳии омӯзгор ва истифодаи усулҳои мукаммалу муосири самараноки таълимдиҳӣ вобаста аст.

Маҳсулоти илми муосир имконияти соҳаи маорифро низ хеле васеъ намуда, мушкилоти зиёди соҳа ҳалли худро ёфтаанд. Аз ҷумла, яке аз мушкилиҳо- дастрасӣ ба иттилоот пурра аз байн рафта, таъмин будан бо адабиёти таълимӣ ва маводи омӯзишӣ дар шакли электронӣ имконпазир гардидааст.

Вақти он расидааст, ки дар ДДТТ парадигма ё модели таълимдиҳӣ тағйир дода шавад. Вобаста ба ин дар донишгоҳ корҳои зиёди судманд анҷом дода шуда, дар назди омӯзгор вазифаҳои нав гузошта шудаанд, яъне таҳсили муосири дорои эътирофи ҷаҳонӣ водор месозад, ки ба донишҷӯ тарзи омӯхтан омӯзонида шавад. Дар назди омӯзгори муосир вазифа гузошта мешавад, ки донишҷӯро бештар ба худомӯзӣ, худташаккулдиҳӣ ва рушди фикрронии таҳлилӣ омода созад.

Дар баробари ин, зарур аст, ки дар макотиби олӣ бо назардошти талаботи ҷомеаи муосир ва имконияти нави ҷойдошта технология ва усулҳои натиҷабахши таълимдиҳӣ роҳандозӣ карда шаванд.

Дар Донишгоҳи тиббӣ лоиҳаҳои грантии Бонки ҷаҳонӣ- «Беҳсозии сифати таҳсилот дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино», «Рушди инноватсионии таҳсилоти фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муқаррар намудани мақсадҳо ва воситаҳои баҳодиҳӣ барои таҳсилоти тиббӣ» бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ аз кишварҳои Аврупо ва Ҷумҳурии Қазоқистон амалӣ шуда истодаанд. Дар доираи ин лоиҳаҳо дар донишгоҳ технологияи инноватсионии таълимдиҳӣ ва мукаммалсозии баҳодиҳӣ ба сифати таҳсил татбиқ  шуда истодааст.

Афзалияти усули таълимдиҳии инноватсионӣ аз усули анъанавӣ дар он аст, ки бештар ба ташаккули фикрронии мустақилонаю аналитикии клиникии донишҷӯён равона шудааст.

Дар баргузории дарсҳои амалӣ омӯзгор нақши тютор, яъне роҳнамо/мураббиро иҷро намуда, донишҷӯён бо истифодаи технологияи муосири таълимӣ- кейсҳои клиникӣ ба ҳалли мустақилонаи масъалаҳои клиникии тиббӣ машғул мешаванд.  Ин яке аз  усулҳои муосири таълимдиҳии эътирофгардидаест, ки дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ васеъ ҷорӣ аст.

Дар донишгоҳ ҷараёни таълим, баҳодиҳӣ ва натиҷагирии сифати таълим тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ бо истифодаи васеи технологияи муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва низоми кредитии таълим ба роҳ монда шудааст.

Дар ДДТТ гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ стандарт ва барномаҳои таълимӣ аз рӯи 5 ихтисосе, ки дар донишгоҳ ҷой доранд, мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд. Бо назардошти принсипҳои асосии стандарти таҳсилоти умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ барномаи таълимӣ аз рӯи ихтисосҳо мукаммал гардида, пойгоҳи ягонаи электронии маводи таълимӣ таъсис ёфта, маводи таълимӣ тибқи барномаҳои таълимии фаннӣ ба он ворид карда шудааст.

Дар Донишгоҳ LMS (системаи электронии идоракунии таълим) ва шабакаи интернетии дохили донишгоҳ фаъолият мекунанд. Ҳар як донишҷӯ кабинети инфиродии худро дошта, ба он ворид шуда, ҳамаи маводи таълимӣ, маълумоти зарурӣ ва натиҷаи рейтингҳою имтиҳонҳои худро аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ тариқи электронӣ дастрас мекунад. Волидайни донишҷӯён низ метавонанд ба кабинети инфиродии фарзандонашон шомил шуда, ҳамарӯза аз натиҷаи таҳсили фарзандонашон хабардор шаванд.

Дар баргузории имтиҳонҳо ва натиҷагирии онҳо шаффофият пурра таъмин мебошад. Қабули имтиҳонҳо ва баҳодиҳӣ ба дониши донишҷӯён мутамарказонида шуда, тариқи амалӣ (ОСКЭ), тестӣ, хаттӣ дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ ва Маркази ягонаи тестии донишгоҳ тариқи барномаҳои компютерӣ ба роҳ монда шудааст, ки шаффофият ва аз байн бурдани таъсири омилҳои инсониро ба баҳодиҳии натиҷаи таҳсил таъмин менамояд. Баҳогузорӣ феълан дар назди донишҷӯ мустақиман бе дахолати ғайр сурат гирифта, барои беҳтар гардидани сифати таҳсил ва ҷалбу таваҷҷуҳи донишҷӯён ба китобхонию илмомӯзӣ нақши калидӣ мебозад. Дар натиҷа беҳтар шудани сифати таълим ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тибби ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ ба назар мерасад.

https://khovar.tj/


18.08.2022 872

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php