ВНМО/БПНМ РОҲҲОИ СИРОЯТЁБӢ ВА ПЕШГИРИИ ОН


ВНМО/БПНМ РОҲҲОИ СИРОЯТЁБӢ ВА ПЕШГИРИИ ОН

Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)- вирусест, ки ба организм дохил шуда, системаи худмуҳофизатии онро нобуд месозад. Дар натиҷа системаи масуният хароб гардида, организми инсон хеле суст мешавад ва қобилияти муқовимат ба ҳама гуна бемориҳоро гум мекунад.

Бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ) - марҳилаи охирини ВНМО мебошад. Он замоне инкишоф меёбад, ки организм қобилияти муқовимат ба бемориҳоро аз даст дода, осебпазир мегардад ва дар натиҷа инсон ба бемориҳои вазнин тоб наоварда, ба ҳалокат мерасад.

Мӯҳлати давомнокии умри шахси сироятёфта аз БПНМ номаълум аст. Эҳтимол 10-15 сол ва ё 1-2 солро ташкил диҳад.

РОҲҲОИ СИРОЯТЁБИИ ВНМО:

· ҳангоми алоқа бо хун (сӯзан, сӯзандоруҳо, хунгузаронӣ, холмонӣ (татуировка);

· ҳангоми алоқаи ҷинсии беҳимоя (тавассути нутфа (манӣ),тарашшуҳоти маҳбалӣ);

· аз модари сироятёфта ба кӯдак (ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ).

Роҳҳои аз ҳама паҳншудаи сирояти ВНМО дар ҷаҳон – алоқаи ҷинсии беҳимоя ва истеъмоли маводи нашъадор тавассути сӯзандоруи тамъизнашуда мебошад.

ВНМО танҳо аз одам ба одам мегузарад ва он дар муҳити беруна (масалан, мавҷуд будани вирус дар дохили маҳсулоти хӯрока, мева ва ѓайра) тобовар набуда, муддати якчанд вақтмемирад.

НИШОНАҲОИ СИРОЯТЁБИИ ВНМО:

Нишонаҳои сироятёбии ВНМО мувофиқи инкишофи беморӣ ва паст гардидани масуният зоҳир мегарданд:

· васеъ гардидани гурӯҳи ѓадудҳои (лимфоузлы) лимфавӣ (пушт, гардан, зери баѓал);

· кам гардидани вазн;

· табларза;

· шикамравии дуру дароз;

· зуд-зуд такроршавии дарди гулӯ;

· касалии пӯст;

· вайроншавии узвҳои ҳозима, шушҳо, системаи майнаи сар.

БО КАДОМ РОҲҲО АЗ ВНМО СИРОЯТ НАМЕЁБАНД?

· ҳангоми сулфа, атса ва биниафшонӣ;

· ба воситаи ашк ва арақи бадан;

· ҳангоми газидани ҳашаротҳо ( хомӯшак, кана) ва нигоҳубини ҳайвонот ва парандаҳо;

· ҳангоми ба оѓӯш гирифтан;

· ҳангоми бӯсидан, агар дар оби даҳон нишонаҳои хун дида нашавад;

· истифодабарии предметҳои маишии умумӣ (компютер, телефон, курсиҳо ва ѓайра);

· дар нақлиёти ҷамъиятӣ;

· ҳангоми ташриф ба мактаб, корхона ва дигар муассисаҳои таълимӣ;

· дар хаммом ва ҳавзҳо;

· ҳангоми дастфишурӣ, сӯҳбат, рақсу бозӣ ва машѓулиятҳои спортӣ;

· ҳангоми истифодаи умумии ҳоҷатҳона ва душ;

· ҳангоми хӯрокхӯрӣ, агар хӯрокро шахси ВНМО сироятёфта тайёр карда бошад;

· ҳангоми истифода аз як қошуқ, чангак, корд ва табақу коса.

РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ВНМО:

· истифода за рифола;

· маводи нашъадорро тавассути сӯзандору набояд истифода бурдан;

· аз сӯзандоруҳои тамъизнашуда набояд истифода бурдан;

· истифода бурдани асбобҳои беҳдошти якдафъина (риштарошак, теѓ, сӯзандору, асбобҳои дандонпизишкӣ ва ѓайра).

ТЕСТИКУНОНИИ ВНМО

Барои муайн кардани мавҷудияти ВНМО аз таҳлили хун гузаштан лозим аст. Бояд қайд кард, ки як маротиба аз таҳлили хун гузаштан кифоя нест. ВНМО хусусияти муҳиме дорад – 3-6 моҳи аввал баъд аз сироят ёфтан аз таҳлили хун гузаштан мавҷудияти ВНМО дар хун муайян карда намешавад, ҳарчанд ки шахси сироятёфта дар ин муддат аллакай чандин нафаронро мубталои ин беморӣ гардонидааст. Барои ҳамин, бори дигар, такроран баъди 3-6 моҳ аз таҳлили хун гузаштан зарур мебошад.

ТАНҲО ХУДИ ШАХС МЕТАВОНАД

САЛОМАТИИ ХЕШРО ҲИФЗ НАМОЯД!

 


17.08.2022 4999

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php