РОҒУН – манбаи ободиву сарсабзии имрӯзу фардои давлату халқи тоҷик!


РОҒУН – манбаи ободиву сарсабзии имрӯзу фардои давлату халқи тоҷик!

Мардуми соҳибтамадуну ободгари тоҷик таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳу корхонаҳои хурду бузург, ки аҳамияти иқтисодӣ доранд, бунёд намудааст. Миллати тоҷик бо бунёд намудани Нерӯгоҳи барқи обии Роғун хонаи ҳар як сокини мамлакатро муҷҷало мегардонад. Нерӯгоҳи барқи оби Роғун майдони заҳматҳои фаровону самарабахш, мояи ифтихору эътибори соҳибватанон, ҳастии шуҷоату мардонагӣ ва шарафмандии миллати точик гаштааст. Миллати тоҷик бо дасту панҷаи хеш ва бо азму иродаи қавӣ шоҳсутуни саодати дурахшонро бунёд менамояд. Соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит мусоид фароҳам овард, ки азму талоши фидокоронаи расидан ба истиқлоли энергетикӣ пайваста таҳким бахшида шавад, зеро ташаккулу инкишоф ва рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба истиқлоли энергетикии мамлакат вобаста мебошад. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун моҳияти байналмилалӣ дошта, бо бунёди он Тоҷикистон шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо карда, хонадони ҳар як тоҷикистонӣ ва кишварҳои ҳамсоя мунаввар хоҳад шуд. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ободиву сарсабзии имрӯзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва рушноиву гармии шабонарӯзии ҳар хонадони халқи тоҷик буда, сарчашмаи ифтихори миллии ҳар як фарзанди Тоҷикистон аст.

Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар самти расидан ба истиқлоли энергетикии кишварамон саҳми бузург мегузорад ва бунёдгарони ин кохи бошукӯҳи нур дар майдони заҳмати созанда, саҳнаи нангу номуси миллӣ шуҷоату матонат ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ нишон дода, рӯзи таърихии ба итмом расонидани сохтмони онро барои мардуми тоҷик наздик месозанд.

 

Шукуров Қиёмиддин

мутахассиси пешбари Хадамоти ректори

ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино


16.08.2022 487

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php