РОҒУН – меҳвари иттиҳоду ҳамбастагии мо ва умед ба ояндаи беҳтар аз имрӯзи мост!


РОҒУН – меҳвари иттиҳоду ҳамбастагии мо ва умед ба ояндаи беҳтар аз имрӯзи мост!

Нерӯгоҳи барқи обии Роғун самараи неки Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва сиёсати бунёдкоронаи роҳбари дурандеш ва ояндаофари Тоҷикистон муҳтараим Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз қудрати дастони пурэъҷози аҳолии мамлакат бунёд мегардад. Чунин ғамхорӣ дар ҳаққи мардум ва корнамоиҳои бемислро таърихи инсоният ками андар кам дар ёд дорад. Бо ба кор даровардани агрегати нахустини иншооти бузурги аср- Нерӯгоҳи барқи обии Роғун чунин суханони воло ва арзишманд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар исботи худро пайдо карданд, ки гуфта буданд: “Ояндаи Тоҷикистон аз имрӯзи он дурахшонтар аст”. Таърих бори дигар собит намуд, ки миллати тоҷик тафаккури созанда ва қудрати ободгарона дорад. Баъди гузашти давраи кутоҳи таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар ҷиҳат ба як мамлакати мутараққӣ ва пешгому ташаббускор дар арсаи олам шинохта шуд. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун аҳамияти на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки байналмилалӣ низ дорад. Гуфтан бамаврид аст, ки талаботи аҳолӣ дар ҷаҳон сол то сол ба нерӯи барқ меафзояд ва конҳои нафту газ ҳаргиз манбаъҳои доимӣ ва боэътимоди энергия буда наметавонанд. Аз ин рӯ, пешбинӣ мегардад, ки дар оянда арзиши содироти нерӯи барқ ба таври пешбинишавандае боло хоҳад рафт, ки давлатҳои дунё ба бунёди нерӯгоҳҳои обӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир хоҳанд кард. Чунин дарки воқеӣ ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар меҳвари тафаккури созанда ва наҷотбахши роҳбарияти олии мамлакат қарор дошта буд. Маҳз, дар ҳамин давраи таърихӣ расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз ҳадафҳои стратегии миллати тоҷик эълон гардида, Тоҷикистон марҳила ба марҳила ба сотхмони ишнооти тавлидкунандаи нерӯи барқ оғоз намуд. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар баробари ҳалли мушкилоти норасоии барқ дар Тоҷикистон метавонад, дар ҳалли бисёр мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ мавқеи назаррас дошта бошад. Таърих дар пешорӯи миллати сулҳхоҳу ободгари тоҷик имтиҳони ҷиддиеро гузошта, исбот намуд, ки ин миллат бо муттаҳидӣ, рафоқат, ҳисси баланди ватандӯстӣ, ақлу заковат ва оянданигарӣ метавонад тамоми мушкилу монеаҳоро паси сар намояд ва дар роҳи интихобнамудааш муваффақ шавад. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун воситаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аст. Имрӯзҳо дар макони бунёди Нерӯгоҳ, ки ба корзори воқеии нангу номус ва майдони ифтихору иттиҳоди миллати тоҷик тадбил ёфтааст, мутахассисони зиёд бо азму иродаи қавӣ, бо эҳсоси баланди худшиносӣ заҳмати шабонарӯзӣ мекашанд. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун муҳаррики рушди иқтисоди миллии ба ҳисоб рафта, аз тарафи дигар ин иншооти бузург ба татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат заминаҳои воқеӣ мегузорад. Бо бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва таъмини барқи доимӣ дар мамлакат, якбора иқтидори корхонаҳои истеҳсолӣ афзоиш ёфта, сармоягузорони дохилию хориҷӣ ба хотири нерӯи кор ва барқи доимию арзон, иқдом ба сохтмони корхонаҳои хурду бузург хоҳанд кард ва ба ин васила ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат ба таври густурда тавсеа хоҳад ёфт.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор


08.08.2022 652

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php