Оқибатҳои тағйирёбии иқлим


Оқибатҳои тағйирёбии иқлим

Тағйирёбии иқлим сол ба сол ба яке аз масъалаи глобалии замони муосир табдил ёфта, он сабаби дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон ба амал омадани офатҳои табиӣ, аз қабили босуръат обшавии пиряхҳо, обхезиҳои бесобиқа, тӯфону гирдбодҳои ҳалокатбор, фаромадани селу ярч, хушксолӣ бинобар боришоти кам ва дигар зуҳуроти фалокатбори гидрометеорологӣ гардида, ба захираҳои обию гидроэнергетикӣ, солимии ҷомеа ва амнияти озуқавории давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ба андешаи иқлимшиносон яке аз сабабҳои асосии тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон ба афзоиши партовҳои газҳои гулхонаӣ марбут буда, ин омил сабабгори гармшавии ҳарорати ҳаво дар кураи замин гашта, боиси бо суръат об шудани пиряҳо гардидааст.

Таҳлил ва пажӯҳиши иқлимшиосон собит намуд, ки сол ба сол бо сабаби таъсири идомаи дигаргуншавии иқлими сайёра пиряхҳо, ки манбаи асосии ташаккулёбии об дар ҷаҳон ба шумор мераванд   аз байн рафта, боиси норасоии оби тозаи ошомиданӣ ва сар задании офатҳои табиӣ дар рӯи замин гаштаанд. Паёмадҳои дигаргунии иқлим дар сайёраи замин иқлимшиносон ва ҷомеаи ҷаҳонро водор сохт, ки роҳҳои пешгирӣ, мутобиқшавӣ ва коҳиш додани обшавии пиряхҳоро бо истифода аз роҳу воситаҳои нав ҷорӣ намоянд.

Даҳсолаи байнадлмилалии “Об барои рушди устувор» 2018-2028 ташаббуси чоруми Тоҷикистон, ки ба нафъи кули сайёра равона шудааст, бори дигар дар ҳалли масъалаи об барои ҳаёти бардавоми инсон такони ҷиддӣ мебахшад.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор


04.08.2022 783

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php