Сӯҳбату вохуриҳо бо донишҷӯёни таҷрибаомӯз дар шаҳру ноҳияҳои в. Суғд
Мутахассиси шуъбаи таҷрибаомузии истеҳсолӣ Усмонов Б.Н. ва ассистенти кафедраи эпидемиология Давронзода Икром бо донишҷӯёни Донишгоҳ, ки ба шаҳру ноҳияҳо мувофиқи фармони ректор барои гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ сафарбар карда шудабуданд, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, оид ба моҳият ва заруратӣ таҷрибаомӯзӣ суҳбатҳо гузарониданд. Инчунин дар рафти суҳбат нисбати қоидаҳои деонтологияи тиббӣ корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида шуд. Ҳамзамон тибқи барномаи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ донишҷӯёнро дар шӯъбаҳои дахлдори беморхонаҳо сафарбар намуданд.
Дар ҳар шаҳру ноҳияҳо муовинони сардухтур оид ба муолиҷа баромад намуда, ба донишҷӯён қоидаҳои дохилии беморхонро фаҳмониданд.
Сардори шуъбаи таҷрибаомӯзии истеҳсолии
МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни
Сино» н.и.т., дотсент Матинов Ш.Қ.