Душанбе пойтахти мо


Душанбе пойтахти мо

Шаҳри паймони ман, Душанбе,

Фахри даврони ман, Душанбе.

Пояи ваҳдати тоҷикон,

Дар дилу ҷони ман, Душанбе.

Душанбе шаҳри калонтарини ҷумҳурӣ, маркази илму фарҳанг- пойтахти Тоҷикистон мебошад. Ин шаҳри зебову дилоро таърихи худро дорад. Баъди Инқилоб, яъне соли 1924 дар Осиёи Миёна тақсимоти миллии марзӣ сурат гирифт. Халқҳои минтақа ба давлатҳои хурди миллӣ тақсим гаштанд. Аз ҷумла, тоҷикон низ пойтахти давлати худро аз Бухоро ба Душанбе оварда, онро маркази Тоҷикистон эълон доштанд. Халқи тоҷик аз ин бохти таърихӣ руҳафтода нашуда, баҳри эъмори Душанбеи азизаш камари ҳиммат баст. Оҳиста- оҳиста деҳаи хурди Душанбе симои худро дигар карда, тадриҷан ба шахри бузург мубаддал гашт. Баъди ҷумҳурии иттифоқӣ ном гирифтани он эьтибори Душанбе афзуда, соли 1929 номи Сталинободро гирифт. Соли 1961 аз нав номи қадимааш барқаpop карда шуда, қомат афрохта, қабои рангин дар бар кард. Хонаҳои серошёна, қасру толорҳои барҳаво, театр, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ҳамон солҳо сохта шудаанд. Илова бар ин, шаҳри Душанбе маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ мебошад. Дар канори ин шаҳри зебоманзар намояндагони миллатҳои мухталиф дӯстона зиндагӣ доранд. Онҳо аллакай ба расму русуми тоҷикон мутобиқ гашта, дар чорабиниҳои миллӣ, мисли Наврӯз, Сада, Ҷуфтбаророн, Иди Қурбон фаъолона иштирок менамоянд. Душанбе маҳз бо заҳмату талош ва ҷонбозиҳои тоҷикон ва дигар миллатҳои бародар мақоми шоиста касб карда, ба ҷаҳониён чун шаҳри дилоро муаррифӣ гаштааст. Байти машҳури шодравон Боқӣ Раҳимзода далели андешаи болост:

Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе,

Хаёлам зеби дунёӣ Душанбе.

Халқи тоҷик дар тули таърихи чандҳазорсолаи худ шаҳру пойтахтҳое бунёд кардааст, ки мавриди таваҷҷуҳи оламиён будаанд. Суннатҳои шаҳрдорӣ ва санъати меъмории онҳо, ки хусусиятҳои миллӣ ва умумибашарӣ доранд, то замони мо боқӣ мондааст. Душанбе барҳақ меросдори онҳост. Имрӯз, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу демократӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст, масъулияти шаҳрдорӣ низ ба тадриҷ меафзояд, зеро акнун Душанбе пойтахти давлати мустақилу комилҳуқуқ мебошад. Ҳамаи моро зарур аст, ки бо қадри сарвати пойтахт ва моликияти давлатӣ - об, замин, барқ, боғу дарахтзор, гулбоғу чаманҳо, роҳ, нақлиёт, муҷассамаҳои бузургон, оромгоҳ, зиёратгоҳҳо расида, дар ин шаҳри дилоро чароғи сидқу сафоро фурузон нигоҳ дорем.

 

Қаюмова М.А., Мананова П.И., Ортукова С.М. - устодони кафедраи забонҳои хориҷӣ


10.06.2022 13244

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php