Об агар сад пора гардад боз бо ҳам ошност!
Тоҷикон яке аз миллатҳои куҳантамаддуни таърихи башар буда, таърихи хешро ҳамчун дастурамали рушди иқтисодию сиёсӣ истифода мекунанд ва мақому манзалати миллати хешро дар арсаи байналмилалӣ рӯз то рӯз баланд мебардоранд. Зеро ояндаи дурахшони давлату миллат дар хиради волои зиёиёни ӯ таҷасум мегардад. Пас аз си соли хатми Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ҷамъомади хатмкунандагони факултети стоматологии ин даргоҳи хирад, ки ба арафаи ҷашни зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ва иди касбии табибон - “Рӯзи кормандони тиб” рост омад, бо иштироки роҳбарияти донишгоҳ баргузор гардид. Боиси қаноатмандист, ки Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ пайваста барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат тадбирҳои амалӣ андешида, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии миллатро бойигарии давлат эълон намудаанд. Вобаста ба ин, дар буҷети давлатӣ ӯҳдадориҳои иҷтимоии он ба назар гирифта шуда, ҳамасола ба маблағгузории соҳаи тандурустӣ миллиардҳо сомонӣ равона мегардад, ки ҳамаи ин иқдомот аз дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба солимии аҳли ҷомеаи ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони соҳа мусоидат менамояд. Дар ин радиф ҳукумати кишвар ба рушди соҳаи стоматология, ки яке аз самтҳои босуръат рушдкунандаи низоми тандурустии кишвар маҳсуб меёбад, таваҷӯҳи хосса зоҳир намудааст. Стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй яке аз соҳаҳои рушдёфтаи тандурустии Тоҷикистон буда, ба меъёрҳои ҷаҳонӣ наздик мебошад. Дар ҳақиқат зебоӣ ва солимии ҳар инсон аз солимии дандонҳои ӯ маълум мегардад ва табиб-стоматологҳо меъморони зебогию солимии инсонҳоянд. Солҳои охир вобаста ба тарақиёти илму техника тибби муосир, хусусан соҳаи стоматология ба муввафақиятҳои назаррасе ноил гаштааст. Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино», ки дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ, рушди илми тиб ва беҳтар намудани вазъи солимии ҷомеа нақши калидӣ мебозад, айни замон аз рӯйи 5 ихтисос мутахассис омода менамояд. Яке аз онҳо «Стоматология» мебошад. Хатмкардагони ин факултет на фақат дар ҳудуди ҷумҳурӣ, балки берун аз қаламрави он, дар 40-45 давлати дунё низ бомуваффақият кору фаъолият карда истодаанд ва обрую нуфузи донишгоҳ, тибби тоҷик ва Ватани азизамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта истодаанд. Роҳбарияти донишгоҳ барои рушди ин соҳа диққати махсус дода, барои дар бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар рақобатпазир намудани хатмкунандагони факултети стоматологӣ, инчунин муҳайё намудани шароит барои омӯзиш ва такмили донишу малакаҳои касбии мутахассисони соҳаи стоматология иқдомҳои назаррасеро дар МТИК “Стоматология” анҷом додааст. Маркази мазкур бо дастгоҳҳои муосири тиббӣ муҷаҳаз буда, донишҷӯён, табиб-интернҳо, орденаторони клиники, унвонҷуён ва табибони соҳаи стоматология имкон доранд истифодаи дастгоҳҳои муосирро, ки тақозои ҷаҳони муосир аст, аз бар намоянд. Мақсади асосии таъсис додани Маркази таълимӣ-клиникии “Стоматология” тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси дорои маълумоти олии соҳаи стоматология буда, ба ҷавобгӯй будани онҳо ба стандартҳои ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Имрӯз муҳити созандаву созгоре, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дида мешавад ва дар масъалаи тарбияи худшиносию хештаншиносии ҷавонон нақши арзанда мегузорад, аз татбиқи мантиқии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Хатмкунандагони соли 1992, ки аз ҳама ҳолатҳои ногувори он давра огоҳ ҳастанд, ба Ректори МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” доктори илмҳои тиб, профессор Гулзода Маҳмадоҳ Қурбоналӣ изҳори миннатдорӣ намуда,иброз намуданд,ки дастовардҳои донишгоҳ дар замони соҳибистиқлолӣ беназир буда, боиси ифтихори донишҷӯён ва хатмкунандагони ин даргоҳи муқадас мебошанд.
Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа