Соли 2003 – соли байналмилалии «Оби тоза»!


Соли 2003 – соли байналмилалии «Оби тоза»!

Дар қатори чор аркони муқаддас,

Об-некӣ, об-покӣ, об-файзи рӯшноист!

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа яке аз давлатҳои дорои захираи бузурги об ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти мутахассисони соҳа Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи бузургии ҳаҷми захираҳои гидроэергетикӣ дар ҷаҳон ҷои 8-умро ишғол менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 25 ҳазор дарё ва дарёчаҳо, зиёда аз 10 ҳазор пирях ва кулҳои зиёд ҷойгир мебошанд.

Мушкилоти норасоии оби тоза, безараргардонӣ ва самаранок истифода бурдани он, инчунин, пешгирии хатарҳои марбут ба об Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор сохт, то дар ҳалли ин масъалаҳо ташаббусҳо нишон диҳад. Пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани соли 2003 Соли байналмилалии «Оби тоза», ки 1-уми октябри соли 1999 сурат гирифта буд, қадами нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об мебошад. Гарчанде то пешниҳод гардидани ин ташаббус аз ҷониби Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ба масъалаи об диққат дода мешуд, вале маҳз, Пешвои миллат ба аҳамияти экологии мавзӯъ таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намуд. Дар асоси ташаббуси мазкур ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳазорсолаи нав ба хатар ва таҳдидҳои экологӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуданд.

Муҳимияти эълон намудани соли 2003 ҳамчун Соли байналмилаии «Оби тоза»-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нобаробарӣ дар дастрасии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба оби тозаи ошмиданӣ арзёбӣ намудаанд: «… мо аз он дар ташвиш ҳасте, ки зиёда аз як миллиард одам дар ҷаҳон ба оби тоза дастрасӣ надоранд…».

Вобаста ба аҳмият ва саривақтӣ будани ташаббуси мазкур собиқ Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан низ чунин изҳори ақида намуда буд: «Набудани дастрасӣ ба оби тоза барои истеъмол ва инчунин, барои беҳдошт ва таъмини амнияти озуқаворӣ барои беш аз як миллиард аҳолии ҷаҳон мушкилоти бузур эҷод менамояд.  аҳРаҳР Агар тамоюлҳои ҷорӣ идома ёбанд, ин боиси тундӣ ва рақобати шадид миёни кишварҳои ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ мегардад. Соли байналмилалии «Оби тоза» метавонад нақши муҳимро дар фароҳам сохтани шароити мусоид ҷиҳати қабули чораҳои зарурӣ на танҳо аз ҷониби ҳукуматҳо, балки ҷомеаи шаҳрванд, соҳибкорон ва шахсони алоҳида саҳми арзанда гузорад».

Ҳамин тариқ, мушкилоти марбут ба об ба сифати масъалаи муҳими глобалӣ ҳамеша зери таваҷҷӯҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони Милали Муттаҳид ва дигар давлатҳову ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ қарор дорад.

Валиев Давлатёр,

рӯзноманигор


02.06.2022 637

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php