Ҷавобгариҳо барои содир намудани кирдорҳои коррупсионӣ
Дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ коррупсия ҳамчуни зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гашта, суботу оромиро халадор ва боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ коста мегардонид. Шаклҳои коррупсия дар ҳар давру замон хусусиятҳои хоси худро дошта, дар ҳар сурат онҳо аз порагирӣ то сӯиистифодаи ваколатҳои мансабиро инъикос намуда, ба институтҳои демократӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва арзишҳои волои маънавӣ таъсири манфии худро мерасонид. Бо ин роҳ зуҳуроти коррупсионӣ эътимоди шаҳрвандонро ба адолат ва қобилияти давлатҳоро дар ҳимояи ҳуқуқҳо ва таъмини манфиатҳои қонунии шаҳрвандон халалдор менамуд.
Дар ҷаҳони имрӯза бошад, коррупсия дар баробари терроризму экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва мушкилоти ба ин монанд ба яке аз таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтааст. Тамоми давлатҳои дунё ба ҳар восита талош менамоянд, ки пеши роҳи ин зуҳуротро гиранд. Масъалаи муқовимат намудану мубориза бурдан бар зидди коррупсия аз ҷониби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, бахусус, Созмони Милали Муттаҳид аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф гардидааст. 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия қабул карда шуд, ки дар он принсипҳои асосии мубориза бо коррупсия, номгӯи чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ, чораҳои пешгирии коррупсия барои давлатҳои аъзо пешбинӣ шудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои созанда қадамҳои устувори худро дар самти муқовимат намудану мубориза бурдан алайҳи коррупсия гузошта, тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Барои мустаҳкам намудани сиёсати зиддикорупсионӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқии мубориза бо коррупсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, аз ҷумал, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020 ва дигар санадҳои зериқонунӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардидааст.
Мафҳуми коррупсия маънои бо пора ба худ тобеъ кардан, харида гирифтан, ришва додан, сӯиистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхӯрӣ, хушомад намудан, сохтакорӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳо, азонихудкунӣ, исрофкорӣ, маҳдудкунии рақобат, монеъгӣ кардан барои амали ҳуқуқу манфиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дорад. Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатиро ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба миён омадани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, ошкор ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳо, ҷиноятҳои коррупсионӣ, бартарафсозии оқибатҳои номатлуби кирдорҳои коррупсионӣ, таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмин намудани амнияти кишварро дар бар мегирад. Бо мақсади муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зидикоррупсионии давлат ва муборизаи бевосита бо коррупсия, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба раванди муқовимат ба он дар заминаи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 ниҳоди давлатии махсусгардонидашуда – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, вазифаҳои асосии ин сохтор аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳои сиёсати зиддикоррупсионии давлатӣ иборат мебошад.
Коррупсия ва амалҳои коррупсионӣ зуҳуроти хавфноку номатлуби ҷомеаи имрӯза маҳсуб ёфта, дар қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ ҳамчун ҷинояти вазнин эътироф шудааст. Коррупсия бевосита ба амнияти миллӣ таҳдид намуда, ба пешрафти иҷтимоию иқтисодии давлат халал мерасонад.
«Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад».
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои муқовимати самаранок алайҳи ин зуҳурот то андозае муваффақ шудааст, вале бо вуҷуди чораҳои андешидашуда вазъи содир намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта дар кишвар ҳоло ҳам масъалаи ташвишовару ҳалталаб боқӣ мондааст. Коррупсия кирдори номатлубест, ки пояҳои давлатдориро заиф гардонида, боиси паст шудани сатҳи зиндагии мардум мегардад. Дар натиҷаи содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ халалдор гардида, ба рӯх додани дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои ба ин монанд мусоидат менамояд.
Коррупсия ва кирдорҳои коррупсионӣ рафтори зиддиҳуқуқӣ эътироф гардидааст ва нисбат ба шахсони содиркунандаи чунин амалҳо ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариҳои зерин муқаррар шудааст:
Моддаи 319. Гирифтани пора
1) Аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул, коғазҳои қиматнок, дигар молу мулк ё фоидаи дорои характери молу мулкӣ дошта, барои иҷро кардан ё накардани амали муайян ба манфиати порадиҳанда ё намояндагони ӯ, агар чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) ба доираи ваколати хизматии шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ дохил бошанд ё онҳо вобаста ба қудрати мавқеи мансабиашон ба чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) мусоидат карда метавонанд, ҳамчунин барои пуштибонии умумӣ ё саҳлангорӣ дар хизмат, -
бо ҷарима ба андозаи аз се ҳазору шашсаду панҷоҳ то нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
2) Аз ҷониби шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ гирифтани пора барои ҳаракати (беҳаракатии) ғайриқонунӣ, -
бо ҷарима ба андозаи аз панҷ ҳазору чорсаду ҳафтоду панҷ то дувоздаҳ ҳазору ҳафтсаду ҳафтоду панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё шахсе содир шуда бошад, ки вазифаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё роҳбарии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро ишғол мекунад, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
4) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;
в) бо тамаъҷӯии пора;
г) ба миқдори калон, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: 1) Дар моддаи 319 Кодекси мазкур зери мафҳуми миқдори калон, миқдори пул, арзиши қоғазҳои қиматнок, дигар молу мулк ё фоидаи дорои хусусияти молу мулкӣ доштае фаҳмида мешавад, ки арзиши онҳо аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад.
2) Таҳти мафҳуми такроран (такрорӣ) дар моддаҳои 319, 320, 324 ва 325-и ҳамин Кодекс ҷинояте дар назар дошта шудааст, ки агар қаблан як ё якчанд ҷиноятҳои пешбинӣ намудаи ҳамин моддаҳо содир шуда бошад.
3) Таҳти мафҳуми шахси мансабдори давлати хориҷӣ дар моддаҳои 319-321 Кодекси мазкур шахси дар мақомоти қонунгузор, иҷроия, маъмурӣ ё судии давлати хориҷӣ ягон мансабро ишғолнамуда (интихобгардида ё таъингардида) ва дигар шахсе, ки барои ин мақомоти давлати хориҷӣ ягон функсияи давлатиро иҷро менамояд, фаҳмида мешавад.
4) Таҳти мафҳуми шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ хизматчии ташкилоти байналмилалӣ ё дигар шахсе, ки ваколатдор аст аз номи ин ташкилот фаъолият намояд, фаҳмида мешавад.
Моддаи 320. Додани пора
1) Додани пора шахсан ба шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ ё аз тариқи миёнарав, -
бо ҷарима ба андозаи аз се ҳазору шашсаду панҷоҳ то нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
2) Додани пора ба шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ барои аз ҷониби онҳо дидаю дониста анҷом додани ҳаракати (беҳаракатии) ғайриқонунӣ ё такроран додани пора, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад;
Эзоҳ: 1) Агар аз ҷониби шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ тамаъҷӯии пора ба амал омада бошад ё агар шахси порадода ихтиёран ба мақоме, ки ба оғози парвандаи ҷиноятӣ ҳуқуқ дорад хабар диҳад, ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
2) Таҳти мафҳуми тамаъҷӯе, ки дар моддаи 319 ва 320 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст, талаботи шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ оид ба додани пора зери таҳдиди содир кардани чунин амалҳои вобаста ба фаъолияти хизматие, ки метавонад ба манфиатҳои қонунии порадиҳанда зарар расонад, ё инчунин қасдона гузоштани шаҳрванд ба чунин ҳолате, ки ӯ маҷбур аст барои бартараф кардани оқибатҳои зарарнок ба манфиатҳои қонунии худ пора диҳад, фаҳмида мешавад.
Моддаи 321. Иғвои порадиҳӣ
Кӯшиши ба шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ додани пул, коғазҳои иматнок, дигар молу мулк ё хизматрасонии дорои хусусияти молу мулкӣ бе розигии онҳо бо мақсади сохтани далелҳои сунъӣ оид ба гирифтани пора, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
Ҳамчунин, дар баробари ин, ҷавобгариҳои дигар низ пешбинӣ шудааст.
Муқовимат намудану мубориза бурдан бо коррупсия кори дастаҷамъона мебошад ва пешгирии он омӯзиши ҷиддӣ, муносибати махсус ва муқобилияти дастаҷамъонаро талаб менамояд. Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсолаи худ, муборизаи дастаҷамъонаро бар зидди амалҳои номатлуби коррупсионӣ таъкид карда, решакан намудани ин падидаи номатлуби ҷомеаро қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди баору номус меҳисобанд.
«Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад».
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021
Ҳамин тавр, тибқи таҳлилҳо ва такя ба андешаҳои коршиносон омӯзиш ва вусъату тарғиби донишҳо дар бораи коррупсия, меъёрҳои одоб, татбиқи ҷазодиҳӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани шароити хуби ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти ваколатдори давлатӣ ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати зиддикоррупсионии давлат, пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани кирдорҳои коррупсионӣ аз воситаҳои муҳими пешгирии коррупсия ба ҳисоб меравад. Агар ҳар як фарди Тоҷикистон ва субъектҳои мубориза бо коррупсия дар якҷоягӣ бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, хавфҳои ришваситонӣ дар ҷомеа хеле кам хоҳад шуд.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигор