Зиндаву поянда бод, Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол!
Тоҷикистон ба ҳайси як кишвари сулҳхоҳ дар минтақа, бо таҷрибаи сулҳофаринии худ, бо роҳи музокирот ва машваратҳо дар ҳалли низоъҳои байналмилалӣ фаъолона саҳм мегузорад. Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки имрӯз насиби мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ба осонӣ барои мо муяссар нашудааст. Роҳи таърихие, ки халқи тоҷик, хусусан, дар солҳои аввали истиқлол сипарӣ намуд, як масири пур аз даҳшату фоҷиа, маҳрумияту машаққат ва монеаву мушкилот буд. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтаанд: "Воқеаҳои фоҷиабори солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои миллати мо як имтиҳони ҷиддии таърихӣ буданд ва мо аз он давраи ниҳоят сангин барои имрӯзу ояндаи худ сабақҳои фаромӯшнашуданӣ гирифтем. Сабақи муҳимтарини солҳои вазнини ҳаёти халқамон аз он иборат аст, ки амалӣ шудани нияту орзуи ҳар як сокини мамлакат, пешрафти давлат ва ободии Ватан танҳо дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазир мебошад."
Замоне, ки кишвари соҳибистиқлоли мо аввалин қадамҳои худро мегузошт, хоинони миллати тоҷик ва душманони давлати тоҷикон бо пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ кишвари моро ба гирдоби мухолифати шадиди дохилӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум ва саҳифаҳои таърихи навини кишвар фаромӯш намешавад. Дар он айёми вазнину мудҳиш фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ пурра фалаҷ гардида, низоми идоракунии давлатӣ барҳам хӯрда, Конститутсия ва дигар қонунҳо поймол ва дар кишвар фазои беҳокимиятиву хушунату зӯроварӣ ҳукмфармо гардида буд. Бузургтарин фоҷиа дар он рӯзҳо хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик буд. Иродаи қавӣ, мавқеи устувор ва хиради волои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷикро аз вартаи фано раҳонид ва равандҳои миллатсозӣ, бунёди давлатдории миллии тоҷиконро таъмин намуд. Тоҷик бо кору пайкор барои ноил шудан ба озодӣ, бо созандагӣ ва бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ ва чашидани заҳри шикаст, бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ғаниву рангин сохтааст. Ин аст, ки мо бо ифтихор аз ҳувияти миллии худ, яъне тоҷикият, таърихи беш аз 6000–солаи халқамон, забони ширину шоиронаи тоҷикӣ, фарҳангу тамаддуни асилу бостонӣ, мероси оламшумули ҷовидонаи гузаштагон ва арзишҳои миллиамонро ҳифз мекунем, эҳтиром мегузорем ва вазифадорем, ки онро ба наслҳои оянда дар шакли боз ҳам пешрафта ва рушду тақвиятёфта ба мерос гузорем.
Яке аз хатарҳои асосӣ барои имрӯзу ояндаи минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла кишвари мо равияҳои радикалӣ, ифротгаро ва хурофотӣ мебошад. Бо назардошти вазъи зудтағйирёбандаи сайёра ва авзои кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар зери таъсири манфии омилҳои ҷаҳонишавӣ, пеш аз ҳама, зарурати ҳимояи манфиатҳои миллӣ, бехатарии давлатӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти давлатӣ ва дахлнопазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи кор омадааст. Дар воқеъ инсониятро имрӯз дар баробари фалокатҳои гуногуни табиӣ терроризм ва экстремизм таҳдид дорад, ки бо оқибатҳои ҳузнангези худ аз ҷиддитарин таҳдидҳои ҷаҳони муосир ҳисоб ёфта, сулҳу субот ва истиқлолияти давлатии кишварҳоро зери хатар мегузорад. Мо бояд сулҳу оромии Ватан, суботи сиёсии ҷомеа ва ваҳдати миллиро эҳтиёт кунем, амнияти давлат, волоияти қонун ва зиндагии осоиштаи халқамонро бо ҳушёриву зиракӣ ва заҳмати содиқона таҳким бахшем. Мо бояд ба қадри ин неъмати муқаддастарину азизтарини ҳаётамон расем, барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода бошем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳким бахшем.
Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм бояд ба вазифаи муқаддас ва иҷрои қарзи инсониву шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад!
Турсунова З.Г.- мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа