Роҳҳои таҳкими пояҳои Ваҳдати миллӣ дар ҷаҳони муосир
Насли даврони Истиқлол дар раванди ҳодисаҳои асри 21 ба камол расида, ҳамроҳ бо фарояндҳои ҷаҳонишавӣ ва такопӯи маҷрои бархӯрдҳои милливу байналмилалӣ умр ба сар мебаранд. Аз ин лиҳоз, ҳар як шахси оқилу бохирадро зарур аст, ки дар таҳкиму ҳифзи Ваҳдати миллӣ ҳама қувваи зеҳнии худро самарабахш истифода намояд. Чи тавре, ки Абдулқодири Бедил гуфтааст: “Агар халқ бо халқ ҳамроҳ шавад, давлат аст”.
Ҷаҳони пуртазод ва тезу тунди имрӯз, раванди бархӯрдҳои миллию минтақавиро бештар кардааст. Имрӯз ҷамъиятҳое рушд менамоянд, ки дар бозиҳои сиёсии ҷаҳон зиракии сиёсии худро аз даст надода, дар ҳифзи Ваҳдати миллӣ талош меварзанд. Ҳангомаҳои ҷаҳони имрӯз, сохтакориҳои фазои маҷозӣ арзишҳои миллиро аз байн мебаранд. Шинохти маърифати инсонӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, масире дар пайроҳаи равандҳои пурҳассос дар муқобили ошубу фитнаҳои замона мебошанд. Имрӯз ҷонибҳои қитъаҳои олам ба қутбҳои гуногуни сиёсӣ тақсим шудаанд ва ҳар як қутб дар ин самт манфиатҳои худро пеш мебарад. Масъалаи масири ҷаҳонишавӣ дар ҳифзи сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ мушкилоти печидатарро дар миён мегузорад. Фарҳангҳои пурқудрат дар тамоми таърихи инсоният аз фарҳангҳои хурду кӯчак бартарӣ дошта, тадриҷан онҳоро ба худ фурӯ мебурданд, ки ин ҳодисҳои маъмулии таърихӣ ба ҳисоб мераванд. Дар шароити нави ҷаҳонишавӣ, ки фарҳангҳо ба ҳам омехта, ҳавзаҳои фарҳангӣ бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд, шинохти фарҳангҳои дигар, донистани осори фарҳангу тамаддуни халқҳо ва забони онҳо бисёр муҳим аст.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи олам бо талошҳои башардӯстонаи худ кишвари ташаббускор шинохта шудааст ва дар меҳвари ташаббусҳои Тоҷикистон наҷоти башарият қарор дорад. Раванди сулҳи тоҷикон дар низоми ҷаҳони муосир ҳамчун омил ва воситаи арзишҳои демократӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини сулҳ барои дигар давлатҳо саҳми арзандае гузоштааст. Имрӯз раванди сулҳи тоҷикон ҳамчун, таҷриба дар арсаи ҷаҳон истифода карда мешавад. Дурандешии Роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва дар арсаи олам мавқеи устувор пайдо намудани Ҷумҳурри Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба рушд бо ташаббусҳои наҷиб мевқеи худро бунёд кардааст. Омӯзиши фарҳанг, тамаддун, забон, сиёсати давлатҳои дунё, махсусан давлатҳои абарқудрат барои пешрафти минбаъдаи мардуми мо хеле муҳим аст. Аз тарафи дигар, ду марҳилаи инқилоби илмию техникӣ – дар қарни гузашта ва идомаи он дар асри XXI тақозо мекунад, ки мутахассисони соҳаҳои гуногуни иқтисодии халқ аз тамоми дастовардҳои техникӣ огоҳ бошанд, тарзи истифодабарии онҳоро омӯзанд ва дар сатҳи касбӣ аз онҳо баҳрабардорӣ намоянд. Маълум аст, ки имрӯз барои омӯхтани ин гуна дастовардҳои илму техника дар ҷумҳурӣ «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ» эълон шуд ва ҳадафи асосии ин бистсола аз худ кардани донишҳои техникӣ ва дар амал татбиқ намудан мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки дастовардҳои таърихии худро омӯзем, муҳтаво ва арзиши фарҳангии онҳоро тарғибу ташвиқ намоем, онҳоро ба мардум ошно созем, то ҳамин унсурҳои фарҳангии дар ҳазорсолаҳо шаклгирифтаи миллати тоҷик ба андозае оммавӣ шавад, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ онҳоро ҳам истифода кунанд, ҳам таблиғ намоянд, ба унвони арзишҳои фарҳанги миллӣ ба ҷаҳониён пешкаш кунанд ва аз ҳама муҳим онҳоро ҳимоя намоянд. Ин масъалаи асосии фарҳангии халқи тоҷик дар раванди ҷаҳонигароӣ мебошад.
Яке аз иқдомҳои бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ҷаҳонигароӣ тақдими китоби шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ба ҳар як хонавода мамлакат бисёр муҳимму саривақтӣ мебошад. Ба коршиносон огоҳӣ аз таърих ва фарҳанги худ пояҳои муҳими ҳифзи Ваҳдати миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ арзёбӣ мегардад. Фароянди ҷаҳонишавӣ ё худ ҷаҳонигароӣ тамоми қишрҳои ҷомеаро фаро гирифтааст. Дастовардҳои илму техника дар қарни XXI халқҳои ҷаҳонро бисёр ба ҳам наздик кард. Мо дар асри XXI дар истиқболи ҷаҳонишавии нав ҳастем. Дастовардҳои илму техника, махсусан дастгоҳҳои иттилоотӣ ба андозае иқтидор доранд, ки дигар марзҳои сиёсӣ монеаи барқароршавии муносибатҳои халқу миллатҳо шуда наметавонанд. Имрӯзҳо шоҳид ҳастем, ки хабаре дар як минтақаи ҷаҳон сар занад, фавран оламгир мешавад. Яъне, усули ҷаҳонигароӣ дар шароити муосир тавре амал карда истодааст, ки акнун башарият дар пешорӯйи баҳамоӣ қарор доранд. Дар ин раванд рисолати зиёиён басо назаррас аст, зеро тамоми он осору дастовардҳои фарҳангие, ки имрӯз миллати тоҷик дорад, маҳсули заҳмату эҷоди фарҳангиён ва зиёиён аст. Маҳз, зиёиён ҳастанд, ки симои фарҳангии миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд. Халқи тоҷик эътимод дорад, ки аҳли зиёи кишвар дар ин марҳилаи таърихии мавҷудияти давлати навини миллӣ парчамбардорони воқеии фарҳангу тамаддуни чандҳазорсолаи худ шуда, онро ба тариқи шоиставу сазовор ва бо обурангу тарҳи муосир ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ нақшофарӣ мекунанд.
Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ
Ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино,
д.и.т., профессор