Терроризму экстремизм, сепаратизм – зуҳури падидаҳои хатарнок дар ҷаҳон!


Терроризму экстремизм, сепаратизм – зуҳури падидаҳои хатарнок дар ҷаҳон!

Террорист дар луғат ба маънои хушунат, зуроварӣ, тарсу ваҳм, расидан ба ҳадафҳои сиёсиву идеологӣ ба воситаи аз байн бурдани сулҳ аз миёни ҷомеа ва қатлу куштор мебошад. Агар ин мазмун барои мо муайяну дуруст бошад, вале аслан барои шинохти террористу терроризм донистани якчанд сир ва нуқтаи пинҳони норавшан муҳим аст. Барои ҷомеаи имрӯз касе террорист дониста мешавад, ки ба беамнияти ва ошубу даргириҳо ҷомеаро ба дунбол кашад ва ҳуқуқҳои башариро поймол намояд ва махсусан чеҳраи шаҳрвандони бегуноҳро ба хоку хун кашад ва ин гуна афрод ё гурӯҳҳо дар назди ҳар давлату созмон террорист донитса мешаванд. Терроризму экстремизм ва сепаратизм аз ҷумлаи хатарҳоест, ки шароити нави бозиҳои сиёсӣ ва геосиёсӣ тавлид карда, аммо он ба зоти худ аз мушкилоти аслии ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳон аст. Ҳузури созмонҳои ифротгаро ва ташкилотҳои террористӣ дар фазои маҷозӣ махсусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳолатеро ба вуҷуд овардааст, ки хатару таҳдид ба суботу оромии ҷомеа бештар гардад. Воқеияти ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки созмонҳои террористию экстремистӣ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ бо паҳн намудани иттилоотҳои хусусияти ифротидошта, барангезандаи кинаву адовати миллӣ, динӣ ва сохтаву ғаразнок кӯшиш менамоянд амнияту осоиштагӣ ва истиқлолу соҳибихтиёрии давлатҳоро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор диҳанд. Таҳдидҳои мавҷуда давлатҳои миллиро водор менамояд, ки дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи мафкураи солими шаҳрвандони худ тадбирҳои бештар андешанд. Фазои маҷозӣ, ки имрӯз дар аксар маврид майдони назоратнашаванда ва бесарҳад арзёбӣ мегардад, аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро ҳамчун василаи асосии татбиқи мақсадҳои ғаразнок истифода мешавад. Фазои маҷозӣ сарҳад надорад ва ташкилотҳои экстремистиву террористӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ озодона фаъолият мекунанд, бо истифода аз интернет маводу иттилооти ғаразнок, сохта ва радикалиро паҳн намуда, мехоҳанд, ба давлат ва тамоми арзишҳои он таъсири манфӣ расонанд. Имрӯз, ки гурӯҳҳои ифротгаро бештар дар фазои иттилоотӣ, иҷтимоӣ кӯшиши амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худро доранд ва дар баробари ин давлат ва ҷомеаро зарур аст, ки аз тадбирҳои мушаххас истифода намояд. Албатта, дар ин раванд яке аз тадбирҳо посух гардонидан ба маводу матлабҳои ифротиву ғаразнок мебошад. Мубориза ба муқобили ифротгароӣ ва терроризм бояд дастаҷамъона сурат гирад. Албатта, ҳамовозӣ дар муқовимат бо ифротгароӣ омили асосии ҳифзи суботу оромӣ ва василаи таъмини амнияти миллӣ аст. Имрӯз яки моро зарур аст, ки дар ҳифз ва таҳкими Истиқлолу озодӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллии Тоҷикистон, ки қарзи шаҳрвандиамон мебошад, бештар фаъолнокӣ зоҳир намоем ва тавонем, ки барои наслҳои оянда давлати рушдкарда, босубот ва соҳибихтиёрро ба мерос гузорем.

                                                                                            

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор


17.07.2023 850

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php