ШАҲРИ ГУЛРЕЗ: ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино гулпӯш шуд


ШАҲРИ ГУЛРЕЗ: ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино гулпӯш шуд

Сабзу хуррамгардонӣ, гулзору шодобкорӣ, зебою ободсозии маҳали зист, саҳни ҳавлию хона, кӯчаю маҳала ва шаҳру деҳот аз анъанаи қадимии   мардуми   тоҷик ба ҳисоб рафта, таърихи бойю кӯҳан дорад. Имрӯз ин анъанаи қадимию таърихӣ дар Тоҷикистон таҳти ҳидояту роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома дода мешавад, ки намунаи олии он талошу тадбирҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти ободонию зебоӣ, сабзу хуррамгардонӣ ва ба «Шаҳри гулрез» табдил додани Пойтахти азизамон-шаҳри Душанбе мебошад.

Дар партави ин иқдом ҷиҳати ба «Шаҳри гулрез» табдил додани Пойтахти мамлакат бо ибтикори роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз шаш намуди гули ҳаррангаи садбарг 40 ҳазор бех харидорӣ шуда, дар саҳни ҳавлии бинои асосӣ, Маҷмааи нави таълимии шаҳраки «Шифобахш» ва дигар биноҳоию маконҳои Донишгоҳ шинонида шудаанд. Ҳамчунин, барои боз ҳам зебо гардонидан ва тароватбахшу накҳатомез намудани муҳити зисту таълим беш аз 40 ҳазор бех гулҳои хушранги тагетес ва салвия, ки дар гармхонаи Донишгоҳ парвариш шудаанд, дар саҳни ҳавлии бинои асосӣ ва дигар маконҳои гирду атрофи биноҳои сохтории Донишгоҳ шинонида шудаанд. Имрӯз гулҳои накҳатовари садбарг, тагетес ва салвия нашъунамо карда, ба табиати нотакрору зебо ва макони сайру саёҳат мубадал гаштааст. Дар пайи татбиқи иқдоми «Шаҳри гулрез» бо талошҳои пайгиронаи роҳбарият, тамоми омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён саҳн ва гирду атрофи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва маконҳои дигари биноҳои он гулпӯш шуда, зебою тамошобоб шудааст. Ҳамарӯза дар маконҳои гулпӯшшудаи Донишгоҳ меҳмонони дохилию хориҷӣ сайру фароғат менамоянд ва табъи хешро болида мегардонанд. Воқеан, дар ҳаёти инсон нақш, муҳимият ва таъсири гул ҳамеша назари нек, созанда ва ҳисси зебопарастиро дар қалби инсонҳо бедор месозад.

Роҳбарият ва тамоми кормандону донишҷӯёни Донишгоҳ барои татбиқи равшани иқдомоти созандаву поянда саҳми арзишманд гузошта, бо корҳои сабзу хуррамгардонӣ, гулзору шодобкорӣ, зебою ободсозӣ, ҳифзи табиати нотакрор ва барои ба шаҳри боз ҳам зебою гулпӯш, гулрезу ҳамешабаҳор табдил додани Пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе талош меварзанд.

 

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор


7
6
5
4
3
2
1
14.05.2022 235

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php