Об – манбаи ҳаёт!
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028
Ҳарчанд дар доираи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола доир ба ҳалли масъалаҳои об ва ташаббусу ибтикороти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафти муайяне ба даст омадааст, вале мутобиқи маълумоти соли 2017 дар миқёси ҷаҳон тақрибан аз 750 миллион то 1 милиаррд нафар ба оби тоза дастрасӣ надоранд. Тибқи таҳлилҳо ва арзёбии коршиносони байналмилалии соҳа соли 2030 ҳаҷми об ба ҳар сари аҳолӣ ба ҳадди хатарнок, яъне, камтар 1,7 ҳазор метрии мукааб дар як сол мерасад. Дар муқоиса бояд қайд намоем, ки ин нишондиҳанда дар солҳои 60-уми асри гузашта ба 60 ҳазор метри мукааб баробар буд.
Дар баробари пешрафти назаррас дар татбиқи дастёбӣ ба Ҳадафҳои марбутаи рушди ҳазорсола тавассути Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 хатарҳои наве чун тағйирёбии иқлим, афзоиши босуръати аҳолӣ ва ба ин восита зиёд шудани талабот ба нерӯи барқ ҷомеаи ҷаҳонро ба он водор намуд, ки бо анҷом ёфтани даҳсолаи мазкур ба ҳамкорӣ дар масъалаи об хотима нагузошта, ташаббусҳои наверо дар ҳалли мушкилоти об пешниҳод намоянд. Бо назардошти ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси чоруми худро таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди усувор», солҳои 2018-2028 барои ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намуд. Ташаббуси мазкур нахустин маротиба аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми 7-уми умумиҷаҳонии об 12-уми апрели соли 2015 дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод гардида, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамовозии беш аз 190 давлати ҷаҳон бо қатъномаи махсус қабул шудааст. Тибқи Қатъномаи дахлдори Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди усувор», солҳои 2018-2028 дар рӯзи байналмилали захираҳои об, яъне, 22-юми марти соли 2018 оғоз гардида, то 22-юми марти соли 2028 давом хоҳад кард. Мақсади асосии Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди усувор», солҳои 2018-2028 муҳайё сохтани механизм ва платформаи иловагӣ барои мусоидат баҳри расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар қисмати об ва дигар ҳадафҳои марбут ба оби дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқагардидаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, Қатънома талаб менамояд, ки кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байнидавлатӣ ва тамоми ҷонибҳои манфиатдот ба рушди устувори захираҳои об таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, тавассути мудирияти ҳамгироянаи захираҳои об баҳри густариши ҳамкориву иштирок дар ҳама сатҳҳо, ҷалб ва татбиқи барномаву лоиҳаҳои соҳаи об кӯшиш ба харҷ диҳанд. Бо назардошти ин, дар сатҳи ҷаҳонӣ қабул гардидани Қатъномаи мазкур як платформаи муҳим ва арзишмандро барои ҳалли масъалаҳои марбут ба об муҳайё месозад, ки дар татбиқи мақсаду вазифаҳои марбут ба оби Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат менамояд. Ҳамчунин, Қатномаи мазкур захираҳои молиявӣ, кӯмакҳои гуногуни техникиро муттаҳид гардонида, истифодаи самароники захираҳои молиявии мавҷударо барои татбиқи ҳадафҳои марбут ба захираҳои рушди устувор густариш дода, барои ҷалби бештари маблағҳои сармоягузорӣ аз сарчашмаҳои гуногун шароит фароҳам меовард.
Бояд таъкид кард, ки сармоя ва маблағгузорӣ дар соҳаи об хусусан барои рушди инфрасохтори об яке аз омилҳои асосии ҳалли масъалаҳои соҳаи об мебошад ва интизор меравад, ки қабул гардидани даҳсолаи нав, яъне, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ба ин раванд такони ҷиддӣ ва нерӯи тоза мебахшад. Ҷаҳони имрӯза ба мушкилоти зиёди марбут ба об рӯ ба рӯ аст. Тибқи маълумоти оморӣ соли 2017 бештар аз 750 миллион нафар ба оби нушокии безарар дастрасӣ надаоштанд ва интизор меравад, ки бо назардошти афзоиши тадриҷии аҳолӣ то соли 2030 тахминан 40 дарсади аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасосии об дучор гарданд.
Масъалае, ки коршиносони соҳа аз он нигаронӣ доранд ин истифодаи нодурусти об дар соҳаи кишоварзӣ мебошад, ки ба шӯршавӣ ва эрозия мубадал гардидани заминҳои обёришаванда оварда расонидааст ва ин мушкилот дастёбии бехатарии озуқавориро дар оянда зери хатар мегузорад. Зеро захираҳои озуқаи ҷаҳонӣ маҳз тавассути обёрии кишоварзӣ истеҳсол карда мешавад. Мушкилоти дигари мубрам дар соҳаи об дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани ҳамкории байнидавлатӣ оид ба истифодаи обҳои фаромарзӣ мебошад. Бояд таъкид кард, ки ҳавзаҳои рӯдҳои фаромарзӣ 45 дарсади қисмати хушкии дунёро фаро гирифта, дар ҳудуди онҳо зиёда аз 40 дарсади аҳолии ҷаҳони зиндагӣ мекунанд. Дар ин ҳавзаҳо 145 кишвари дунё ҷоигир буда, бе ҳамкории зичу ҳамаҷониба ҳалли масъалаҳои вобаста ба об дар ин замина, таъмини сатҳу сифати муносиби зиндагӣ барои аҳолии онҳо мушкил мегардад. Мудирияти беҳтари об, истифодаи самараноки захираҳои об, гузтариши ҳамкориву ширкат, тақвияти амалҳои зеҳниву молиявӣ ва техникии созмонҳои марбут ба об ва афзоиши маблағгузорӣ дар ин самт, ки аз ҳадафҳои муҳими Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ба шумор мераванд, барои ҳалли масъалаҳои мазкур мусоидат намуда, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин манфиатҳои зиёд хоҳад дид. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар доираи Ҳадафи 6-уми Рушди Устувор, яъне дастрасии умум ба об ва беҳдошт амалӣ мегардад. Ҳадафҳои Рушди Устувор рӯзномаи нави ҷаҳонӣ буда, аз соли 2015 то соли 2030 давом хоҳад кард. Тибқи Ҳадафи 6-уми Рушди Устувор дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ 6 ҳадаф гузошта шудааст, ки бояд то соли 2030 амалӣ гарданд:
-то соли 2030 таъмин намудани тамоми аҳолии ҷаҳон бо оби ошомидании тоза ва бехатар;
-то соли 2030 таъмин намудани тамоми аҳолии ҷаҳон бо шароитҳои мусоиди беҳдоштӣ;
-то соли 2030 баланд бардоштани сифати оби ошомиданӣ;
-то соли 2030 баланд бардоштани сифати истифодаи об дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ;
-то соли 2030 таъмин намудани идоракунии захираҳои обӣ дар ҳамаи сатҳҳо, аз ҷумла дар асоси ҳамкории наздисарҳадӣ;
-то соли 2020 таъмин намудани ҳифзу барқарорсозии системаи экологӣ вобаста ба об, аз ҷумла пиряхҳо, дарёҳо ва кулҳо.
«Бовар дорам, ки даҳсолаи нав дар роҳи таҳким ва мусоидат ба татбиқи Хадафҳои Рушди Устувори марбут ба захираҳои об саҳми арзишманд хоҳд гузошт. Даҳсолаи мазкур, инчунин дар таҳким ва вусъатбахшии дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 мусоидат менамояд.
Итминон дорам, ки даҳсолаи нав дар амалӣ намудани иқдомоти дигари марбут ба захираҳои об, аз ҷумла фаъолияти Панели сатҳи баланд оид ба захираҳои об мусоидат карда, дар ҳалли мушкилоти имрӯза ва оянда, ки зими татбиқи Рӯзномаи Рушдии Устувор то соли 2030 ба миён омада метавонад, нақши назаррас бозад».
собиқ Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун
Мақсад ва ҳадафи пешбининамудаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бозгӯи талаботи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ башумор рафта, тавре таъкид шуд зиёда аз 190 давлати дунё ҳаммуаллифи қатънома гаштанд, ки ин нишондиҳандаи муҳиму саривақтӣ будани ташаббусҳои неку башардӯстонаи ҷониби Тоҷикистон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ бо ташаббусу ибтикороти бузург ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба об ва экология барои саодати аҳли башар ҳарф мезанад ва дар ин самт ҳамчун яке аз давлатҳои пешсаф дар миқёси ҷаҳон шинохта шудааст.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигор