Саммити шарҳи якҷояи соли якуми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”
Имрӯз, 18 феврали соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи шарҳи якҷояи соли якуми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (Саммит-1) баргузор гардид, ки дар он Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулбаҳор Ашурзода, сардори Шуъбаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сезин Синаноглу, Роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд/Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Марк Бухман, Намояндаи намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Илкер Даштан, мушовири ТУТ оид ба сиёсати тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осама Маккави, Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, шарикони рушд, сардорони раёсатҳо, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таълимию тандурустӣ иштирок намуданд. Мавзӯи ҷаласа шарҳдиҳӣ ва муҳокимаи натиҷаҳои амалигардонии чорабиниҳо дар асоси ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба масъалаҳои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ин ҷаласа ректори МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” профессор Гулзода М.Қ. низ иштирок намуданд.
Ҳамчунин дастовардҳои илмиву тадқиқотии МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” дар замони Истиқлолият, Китобхонаи илмии Донишгоҳ, маҳсулоти доруворие, ки дар Маркази “Фарматсия”-и донишгоҳ истеҳсол мешавад, ба намоиш гузошта шуданд. Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ва 30 нафар волонтёрон фаъолона иштирок намуданд.