БОЗДИДИ ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА АЗ МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИИ САРАТОНШИНОСӢ


БОЗДИДИ ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА АЗ МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИИ САРАТОНШИНОСӢ

Бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо ҷараёни хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла рафти табобати беморон имрӯз,  28 январи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” ташриф овард.

Аснои боздид Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо рафти хизматрасонии тиббии муассиса шинос шуда,  барои боз ҳам хуб ба роҳ мондани табобати онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Инчунин номбурда дар муассисаи мазкур бо фаъолияти таҷҳизотҳои замонавӣ ва корҳои сохтмонӣ шинос шуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода зимни суҳбат бо роҳбарият ва кормандони маркази номбурда ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

moh.tj


28.01.2022 280

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php