Сиёсати «Дарҳои боз»-асоси таҳкими равобити байналмилалии Тоҷикистон бо ҷаҳон!
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолият дарҳои худро ба рӯи ҳамаи кишварҳои олам кушод ва бо эъломи «сиёсати дарҳои боз» равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар оғоз намуд, ки ин сиёсат имрӯз ҳам бомуваффақият идома дорад. Имрӯзҳо мо самараи чунин робитаи гуногунсамту гуногунҷабаро дар арсаҳои мухталиф бараъло мушоҳида мекунем. Зеро ин сиёсат боис шуд, то кишвари мо на танҳо мақом ва нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ қавитар созад, балки бо ёфтани равиши хосси дипломатияи худ, дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намояд. Тоҷикистон бар асари талошҳои муассир ва масъалагузориҳои мантиқию саривақтии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалиӣ Раҳмон имрӯзҳо дар арсаи байналмилалӣ як кишвари фаъолу ташаббускор эътироф шудааст.
Ҳамгироии созандаи минтақавӣ ба манфиати ҳамаи давлату халқҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро бо кишварҳои ҳамсоя муҳим арзёбӣ намуда, ҷонибдори ташаккули бештари фазои мусоиди муносибат бо онҳост. Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаи босубот ва дарозмуддат бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеъ ва моҳияти хос дорад. Вобаста ба ин, кишвари мо пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки заминаҳои ҳарчи мусоидро барои густариши муносибатҳои гуногунҷанба ва судманд дар тамоми фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фароҳам оварад. Муносибатҳои Тоҷикистон бо давлатҳои калидӣ ва дигар кишварҳои Осиё хусусияти шарикӣ пайдо карда истодаанд, ки далели равшани ҳадафҳои созандаи мамлакати мо мебошанд. Тоҷикистон минбаъд низ ҳамкориҳоро дар чунин рӯҳияи созанда ва робитаҳои беғаразу дӯстона бо ҳамаи кишварҳои олам идома хоҳад дод.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимои Созмони Милали Муттаҳид (ЭКОСОК) ворид шудааст. Ин як дастоварди дигари байналмилалӣ ва нишонаи обрӯ ва эътибори мамлакат дар назди созмонҳои байналмилалист. Айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бештар аз 57 созмони минтақавию байналмилалӣ узвият дошта, ҳамроҳ бо дигар мамлакатҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати “сиёсати дарҳои боз” ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо як қатор созмонҳои иқтисодӣ ва ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ низ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, бо Созмони ҳамкории иқтисоди (ЭКО), Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OУCD), Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки Осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки Авруосиёии рушд, Бонки навтаъсиси Осиёии сармоягузории зерсохторӣ ва дигар иттиҳодияву созмонҳо ва бонкҳои ҷаҳонӣ ҳамкориҳои судманд дорад. Дар марҳилаи кунунӣ принсипҳои асосӣ ва анъанаҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои афзалиятноки рушди кишвар, аз ҷумла таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, тақвияти ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона шуда, дар ин муддат сиёсати «дарҳои боз», ҳамчун фарҳанги ҳамзистӣ бо олами имрӯз аз ҷониби роҳбарияти кишвар муаррифӣ гардида, дар асоси он сиёсати хориҷии бисёрсамта, ботавозун ва прагматикӣ тарҳрезӣ шуд ва тавсеаву таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои гуногуни олам роҳандозӣ гашт. Ба шарофати ин сиёсат Тоҷикистон мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ мустаҳкам сохта, бо назардошти манфиатҳои миллӣ тавозуни муносибатҳо ва манфиатҳои худро таъмин кард. Сиёсати “дарҳои боз” меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистонро таҷассум мекунад.
Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устуворе гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро пурқувваттар намуд ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортаре дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигор