Саноатикунонии мамлакат-заминаи мусоид барои рушди Тоҷикистон!


Саноатикунонии мамлакат-заминаи мусоид барои рушди Тоҷикистон!

Бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии мамлакатро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд ва зарур донистанд, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад. Бо эълон гардидани солҳои 2019-2021, солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ раванди саноатикунонӣ дар деҳоти мамлакат низ равнақ пайдо кардааст. Бунёди корхонаву коргоҳҳои хурди коркарди ашёи хоми кишоварзӣ дар деҳоти мамлакат аз як тараф имконият медиҳад, ки сокинони ҳамон маҳал бо ҷои кор таъмин шаванд, аз тарафи дигар дар деҳот низ коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ бунёд гарданд.

Тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ доир ба ташкили истеҳсолоти ивазкунандаи воридот имкон доданд, ки аҳолӣ аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ, асбобҳои рӯзгор ва масолеҳи сохтмон таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маводи ғизоӣ аз хориҷи кишвар дар давоми се соли охир қариб се миллиард сомонӣ ё 31 фоиз коҳиш дода шавад. Акнун эълон гардидани саноатикунонии мамлакат-ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ имкон медиҳад, ки ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ боз ҳам афзоиш ёфта, дар мамлакат садҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ сохта шаванд, ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ ташкил шуда, содироти молҳои саноатӣ зиёд гардида, сатҳи зиндагии мардум боз ҳам боло равад.

Теъдоди неругоҳҳои барқи обӣ:

Соли 1991 25 адад бо иқтидори умумии 4 ҳазору 404,35 МВт;

Соли 2019 306 адад бо иқтидори умумии 6 ҳазору 120,59 МВт.

Афзоиши истеҳсоли неруи барқ:

Соли 2000 14 миллиарду 110 миллион киловатт соат;

Соли 2018 19 миллиарду 535 миллион киловатт соат;

Афзоиш 5 миллиарду 425 миллион киловатт соат.

Таҷдид ва бунёди зиёда аз 2100км роҳҳои мошингард дар даврони солҳои соҳибистиқлолӣ:

Соли 2018 200км роҳ ва 45 пул сохтаву таҷдид карда шуд.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ:

Соли 2000 7,4 миллиард сомонӣ;

Соли 2018 21,3 миллиард сомонӣ.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ:

Соли 2018 26 миллиарду 370 миллион сомонӣ.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор

 


10.01.2022 268

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php