Роҳнамову роҳкушои мост Паём!


Роҳнамову роҳкушои мост Паём!

   Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати як ҳуҷҷати муҳиме, ки дурнамои яксолаи рушду инкишофи сиёсию иқтисодӣва иҷтимоию фарҳангии кишварро муайян месозад, боиси дастгирӣва омўзиши пайвастаи ҷомеаи кишвар қарор гирифтааст.

     Ҳар кадом аз бандҳои ин паём, ки дар навбати аввал ба кулли ҷомеа нигаронида шудааст, дорои муҳтавои амиқи сиёсиву тарбиявӣбуда, ҳамзамон ба соҳаҳои муҳими мамлакат, монанди илм, маорифу тандурустӣниз равона карда шудааст.

    Мо ҳамасола шоҳиди Паёми Асосгузори сулҳ ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардем. Имсол низ рӯзи 21.12.2021 бори дигар Паёми Сарвари давлатамон баргузор шуд, ки дар он зимни баёни масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат, инчунин доир ба масъалаҳои тарбияи насли наврас, соҳаҳои илму маориф низ ироа гардиданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ қайд намуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.

Сарвари давлат зимни ироаи Паёми имсола бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд. Бо вуҷуди таѓйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣва амниятии ҷаҳон кишвари азизи мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣбо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.

     Зимнан, Паёми Сарвари давлат дар раванди инкишофи минбаъдаи иқтисодиву сиёсӣва иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣҳамчун ҳуҷҷати муҳиме, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар гирифтааст, нақши муҳим гузошта, на танҳо дурнамои рушду инкишофи минбаъдаи давлату ҳукумат, балки самтҳои нави кору фаъолияти ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро ба таври равшан муайян намудааст.

 

Турсунова З.Г.- шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


23.12.2021 281

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php