Табибон роздони дардмандонанд….


Табибон роздони дардмандонанд….

Табибони тоҷик бо ахлоқу одоби миллии табибӣ, рафтору кирдор ва гуфтору муносибат натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷомеи тиббии ҷаҳон мавқеи сазовори хешро пайдо намудаанд ва муаррифгари ҳунар ва миллати хеш дар зиёда аз 55 давлати дунё мебошанд. Имрӯз тибби муосир ба зинаи баланди инкишоф расида, ба комёбиҳои зиёде ноил гардидааст. Бахусус дар самти ҷарроҳӣ ва сироятшиносӣ, дар ихтирои олоту таҷҳизоти ташхис, маводи табобат ва ғайра, ки сабаби беҳбудии зисту маишат, шароити кор, таъмини муҳити иҷтимоӣ ва дигар омилҳо шуда, имкони аз рӯи виҷдон ва истеъдоди фитрӣ, бо амри рӯҳу равон ва мувофиқи савганди табибӣ амал карданро фароҳам сохтааст, ки ин билохира ба муносибати хуби байни табибу бемор, таъсири дилхоҳ бахшидани доруву дармон ва дигар амалиёти тиббӣ бурда мерасонад.

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки бонуфузтарин муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақа ба шумор меравад, дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ, кадрҳои илмӣ ва беҳтар намудани вазъи солимии ҷомеа нақши калидӣ мебозад. Ин даргоҳи муқаддас бо кадрҳои маъруф, анъанаҳои арзишманд, мактабҳои соҳавӣ, дастовардҳои илмиву эҷодии худ боиси ифтихори ворсиони Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ва миллати куҳанбунёди тоҷик гардидааст. Воқеан ҳам, донишгоҳи тиббӣ - ин хазинаи маърифат, хонаи муқаддаси табибон, боиси ифтихори миллӣ ва такягоҳи барҷастаи тандурустии кишвар аст. Аз давраи таъсисёбӣ, дар тули 82 сол ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино зиёда аз 43 000 нафар мутахассисони баландихтисоси соҳаи тибро тайёр кардааст, ки 63%-и он ба давраи соҳибистиқлолии кишвар рост меояд. Дар ин замина, вазифаҳои аввалиндараҷа пурзӯр намудани пойгоҳи модиву техникӣ ва технологӣ, интегратсияи фаъолияти таълимӣ, илмӣ-инноватсионӣ, кори табобатӣ ва нуфузу эътирофи байналмилалӣ пайдо намудани донишгоҳ ва кормандони он дониста мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ қайд намуда буданд, ки ... “агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрӯз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷӯянда шароит оварем. Инчунин барои ихтироъкорону эҷодкорони асил ҳамаи заминаҳоро муҳайё созем”.                              

          Муҳити созандаву созгоре, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино роҳандозӣ мешавад, дар масъалаи тарбияи худшиносию хештаншиносӣ нақши арзандае мегузорад, ки татбиқи мантиқии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, омили асосии ноилшавии дастовардҳои таълиму тарбия ва илм дар ин боргоҳи таълиму тарбияи мутахассисони бофарҳанги соҳаи тибби кишвар маҳсуб мешавад. Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷавононро дар рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ифтихор аз давлатдории миллӣ тарбия менамояд. Хатмкунандагони имрӯзаи МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино”, ки табибони оянда мебошанд, бояд ворисони воқеии Синои бузург бошанду афкору андеша ва маҳорати касбии ин чеҳраи нотакрори Шарқро идома диҳанд ва дар фаъолият содиқонаю софдилона ба давлату миллат хизмат намоянд. Ректори МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” доктори илмҳои тиб, профессор Гулзода Маҳмадоҳ Қурбоналӣ зимни баромадҳои хеш ҳамеша хатмкунандагонро ба фаъолияти пурсамар, садоқат ба касби пурифтихори тибибӣ ҳидоят намуда, аз дастуру таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар мешавад, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоили мубрами ҳаёти ҷавонон таваҷҷуҳи беандоза зоҳир мекунанд. Намояндагони барҷастатарини тибби қадим – Буқроту Ҷолинус, Розиву Абӯалии Сино ва дигарон ба таълим додани ахлоқу одоб ба аҳли тиб бисёр таваҷҷӯҳ фармудаанд. Асосҳои ахлоқу пизишкии Шарқ дафъатан дар “Чарака-самхита “ ном рисолаи қадимтарини табиби шӯҳратманди ҳинд Чарака, ки тахминан дар асри 1 милод зиндагӣ ба сар мебурд, зикр ёфтааст. Китоби номбурда ба ривоҷу равнақи тибби дунёи қадим таъсири бузурге гузошта, дар қуруни ва сатӣ ба забонҳои порсӣ ва тозӣ тарҷума шудааст. Чарака ба таълими табибон, чи сон сохтани бемористонҳо барои табобати амрози мухталиф бисёр тавваҷӯҳ менамуд. Вай муҳимтарин қавоиди ахлоқи табиби: ӯҳдадорӣ дар назди устод ва мариз; ғариз ва тамаъро дур доштан; меҳнати фидокорона; ҳифз доштани сирру асрори пизишкиро ба қалам дода фармудааст, ки табиб бибояд пайваста ба ҳифзу беҳбудии саломатии мардум ғамхорӣ намояд, ӯ дар роҳи аз дасти дард ва марг наҷот додани мариз ҷони хешро дареғ надорад.

         Табибони мамолики исломӣ ба боргоҳи суннат рӯй овардаанд, то хирадмандии гузаштагонро дарёбанд. Онҳо аз волиди тиб – Буқрот ва савганди ӯ се равишро ба таълим гирифтаанд. Якум, диққати том дар мушоҳида, дуюм, зарурати таҷрибаи тадриҷии шахсӣ, сеюм, вазъи ахлоқиро аз пешаи табибӣ ва аз ҳар ҳирфаи дигар авлотар донистан. Савганди Буқрот талқин мекунад, ки устоди пешаи пизишкӣ бояд поси падар ва модарро нигоҳ дорад ва устоду шогирд ба сурати як хонавода дароянд. Дар ситоиши омӯзгор ва арҷмандии ӯ беш аз падару модар суханҳо гуфтаанд, ки яке аз хомаи Саъдии бузургвор чакидааст: Ҷаври устод беҳ зи меҳри падар. Саноати тиб дар мамолики Шарқи исломӣ дар қарнҳои васатӣ хеле рушду камол ёфт. Номи Абӯбакри Розӣ (865-925)-табиб, мутафаккир ва қомусшиноси ҳамадон на фақат дар тамоми мамолики шарқи Миёнаю Наздик, балки дар Аврупо бо исми Разес низ машҳур буд. Таълифоти тиббии ӯ то иншо шудани “Ал-Қонун”-и Абӯалии Сино ба сифати китоби дарсии донишҷӯёни тиб хизмат мекард. Розиро баъди Буқрот устоди дуюм писандидаанд. Муҳаммад Закариёи Розӣ ба табибон ва толибони табибӣ фармудааст: “Касе, ки худро ба хизмати тиб мебахшад, аввало бояд басаводу фурӯтан ва мардумдӯст, бомуооҳиза ва дурандеш бошад, мақсади ҳалли ҳар масъаларо комилан бифаҳмад. Табиби накӯманиш дорои ахлоқи ҳамидаву шоиста буда, ҳавоси хешро ром мекунад, аз пулпарастиву мансабҷӯӣ рӯ метобад. Ба замми ин ӯ бибояд шифогари закию доно бошад”. Розӣ таҷрибаро дар амалёти ташхис ва табобати бемор шарти аввалиндараҷа ҳисобида, таъкид менамояд, ки ҳар табиб бояд андӯхтҳои табибони пешинро амиқ омӯзад ва дар мавриди зарурӣ моҳирона истифода бурда тавонад. Вай ақида дорад, ки ҳунари шифо дар байни маорифи башарӣ барои худ ҷои шоиста интихоб карда ва табиб беш аз ҳар кас тавонистааст рукни асосии тамаддун гардад. Воқеан, табиб файласуф, пешгӯи табиат, нозири шоистаи ҳаёти инсонӣ, саломатбахши ҳамагон ва ташкилкунандаи назми хонадон аст. Китоби муқаддастарини тиб “Ал-Қонун”-и Абӯалии Сино ёдгории бебаҳои тибби асри миёна буда, дар он умдатарин вазифаи табиб – инсондӯстӣ зикр ёфтааст.Вазифаи табиб нигоҳ доштани тандурустӣ, сиҳат кардани бемор ва баргардондани саломатии аввала мебошад. Барои аз ӯҳдаи ин кор баромадан ӯ бояд аввалан дониши худро ҳамвора мукаммал созад. Сонӣ, дониши андӯхтаи хешро мукаммал созад. Ва дар амал ҷорӣ намояд. Вале обрӯву эътибори табиб, мегӯяд Ибни Сино, на фақат ба донишу маҳорат, балки ба ахлоқу одоби ӯ бастагӣ дорад. Табиб дар муомила бо мариз бояд хушзабону ҳалим бошад, хайрхоҳ, мушфиқу мӯнис ва ҳамдарду ғамгусори ӯ гардад.

Абӯалӣ ибни Сино ба калом ва муомилаи табиб аҳмияти махсус додааст: “Бархе аз беморонро танҳо бо сухан даво кардан мумкин аст”. Табъи хира (ланҷ), рӯҳафтодагӣ, ғаму ғусса кори дастгоҳи ҳазми хӯрокро бесомон месозанд. Табиб бояд муҳитеро фароҳам оварад, ки мариз аз фикру хаёлоти нохуш ва маъсӣ фориғ гардад, ба сиҳатёбӣ аз дард сахт умед бандад. Дар баъзе мавридҳо Бӯалӣ бо ёрии мусиқӣ, оҳангҳои дилписанд муолиҷа кардани беморро тавсия менамояд. Боз як хислати хуби Сино – беғаразӣ ва ҳазар аз тамаъ эътибори ӯро болотар бардошт. Агар ӯро ба назди беморе хонанд, пурсон намешуд, ки ин бемор аз куҷост ва аз кадом қавму табақа. Барои табиб шоҳу гадо баробар аст ва ӯ бояд бо амри виҷдони пок ва мувофиқи қарзи касбӣ амал кунад. Табиб ба мариз сиҳат шуданро бояд талқин намояд, зеро мизоҷи тани инсон бо ҳоли рӯҳу равони ӯ вобаста аст. Бархе айбҳои ахлоқӣ, ки мумкин домангири табиб гардад, он аст, ки бо сарнавишти мардуми дигар дахолат мекунад, ба ҷоҳталабӣ ва озормандӣ ва ҳавасварзӣ роғиб шавад ва ба фармонҳои пешаи худ пушти по занад. Абӯҳомид Ғазолӣ (1058-1111) -файласуфи исломӣ бо қатъият мегӯяд, расидан ба дараҷаи олӣ танҳо бо андӯхтани таҷрибаи фаровон имконпазир аст. Табиб дар роҳи омӯхтани ҳунари шифои бемор бибояд ҳамеша ҳам дар амал ва ҳам дар андеша пухтакору сареҳкор бошад. Барои ин манзур вай як ёвари тиббӣ дар ихтиёр дорад, ки дониш аст. Як низоми табибӣ фаро гирифтан ва расидан ба дараҷаи баланди дониш аст. Алӣ ибни ал-Аббос ал-Маҷус Аҳвозӣ дар китоби “Оини пизишкӣ” дар миёни панду ҳикматҳои ба табибон бахшида фармуда: “Ҳамчуноне, ки дар ҳаққи падару модари худ эҳтиром ва некӣ мекунед ва ононро дар дороии худ шарик медонед, бояд дар ҳаққи устодон низ чунон кунед. Табиб бояд дар табобати беморон чӣ бо ғизо чӣ бо дору бикушад. Мақсадаш аз дармон сӯистифода ва пулпарастӣ набошад ва бештар савобро дар мадди назар дорад. Дар ҳамкорӣ бо фирмаҳои доруфурушӣ аввал манфиати беморро ба назар гирад, ҳеҷ гоҳ ба бемор доруи хатарнок надиҳад ва васфи онро низ ба бемор нанамояд ва маризро бо чунин доруҳо на далолат кунад ва на аз он сухане ронад. Аз таҷвизи доруҳои музир барҳазар бошад. Табиб меҳрубону хушзабон бошад, дар дармони ҳар қабилаи беморон бо ҷиддияти том бипардозад, дар фикру суд ва тамаъ набошад. Табибро раво нест машғул ба ҳар гуна бозиҳо, айшу ишрат ва кайфу сафо, майнӯшӣ бошад. Ӯ бояд пайваста дар мутолиаи адабиёт ва маҳз адабиёти мушаххас саргарм бошад ва бикӯшад, ки чизҳои заруриро дар хаёлхонаи худ собит созад, то ҳамеша ниёзманди кутуб набошад. Ҷӯяндаи илми тиб бояд ҳамвора дар бемористонҳо ва маҳалли маризон дар хидмати устодони донишманд ва табибони ҳозиқ ба хизмати беморон ва аҳволи онон бипардозад. Бо ин роҳ вай ба мартабаи баланди саноати тиб метавонад бирасад.    Ахлоқу одоби табибӣ ба маънои мушаххас, пайваста аз аҳсосоти ботинӣ сарчашма мегирад. Чунин эҳсос ҳеҷ гоҳ табибро аз дучор шудан бо масоили рӯзмарраи ҳунари шифогарӣ боз намедорад. Вазифаи умдаи табиб он аст, ки бо тадобири борҳо аз санҷиш гузашта ба кӯмаки инсон биштобад ва вайро ба дасти қазову қадар насупорад.Тавре имрӯз мушоҳида мешавад, дар баробари сар задани вируси сироятии коронавирус COVID-19 бархе аз одамон ба харид ва истеъмоли нодурусти баъзе доруҳо пардохта, боиси кампайдоии онҳо дар дорухонаҳо ва боло рафтани нархи онҳо гардиданд. Ҳол он ки истеъмоли худсаронаи чунин доруҳои зиддивирусӣ боиси паст гардидани иммунитети бадан шуда, илова бар ин ба иқтисоди хонавода таъсири манфӣ мерасонад. Истеъмоли табиии меваву сабзавот беҳтарин дармон аст ва ба болоравии иммунитети бадан мусоидат менамояд.

 

Таибов С. А. - сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Турсунова З.-мутахассиси шуъба      

                     


20.12.2021 590

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php