ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ – ХАВФ ВА ЗАРАРИ ОН БА ҶАВОНОН


ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ – ХАВФ ВА ЗАРАРИ ОН БА ҶАВОНОН

Ҳаёти ҷавонони замони муосирро бе компютерҳо, технологияҳои иттилоотӣ ва интернет, хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ тасаввур кардан душвор аст, зеро аллакай дар ҳаёти ҳар яки онҳо ҷои махсусро ишғол кардаанд. Шабакаҳои иҷтимоӣ хеле маъмуланд. Мо аккаунтҳо эҷод мекунем ва ҳадди ақал дар як ҳафта чанд маротиба саҳифаҳои худро боздид мекунем. Акнун бо падару модар, хешу табор ва дӯстоне, ки аз мо дуранд, муошират кардан хело осон шуд. Ин хеле қулай аст, мо бояд иқрор шавем. Бо вуҷуди ин, олимон бештар аз таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавонон нигаронанд. Имрӯз қариб 96% аҳолии ҷаҳон ба шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ доранд. Аз рӯи ҳисоботи корбарон дар ҷои аввал шабакаҳои иҷтимоӣ Фейсбук – тақрибан бо 1,5 миллиард истифодабаранда меистад. Олимон ҳисоб кардаанд, ки ҳадди ақали вақти сарфи истифодабаранда дар шабакаи иҷтимоӣ 3 соат аст, дар ҳоле ки ӯ дар як рӯз на камтар аз ду маротиба ба аккаунти худ ворид мешавад.

Бо пеш рафтан ва тараққӣ кардани техника ва технологияҳои инноватсионӣ аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ роҳҳо ва усулҳои нав, барои гумроҳ кардани ҷавонон истифода бурда мешаванд, шабакаҳои иҷтимоӣ бошад як омилест қулай барои гумроҳ кардани ҷавонон ва натанҳо.

Интернет чизи хуб аст, аммо агар онро ҷавонон ба нафъи худ истифода барданд, хуб мешуд, ки он барои омӯзиш ё ин, ки гирифтани фоида ё ягон дигар манфиате ба оила бошад. Имрӯзҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ҷавононеро мебинем, ки ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, терорристию эксремистӣ шомил мешаванд. Аз ин сабаб ба ҳамаи ҷавонон ҳушдор дода мешавад: Омилҳои мусоидаткунанда ба терроризму экстремизм агар аз як тараф дар бархурди манфиатҳои абарқудратҳо бошад, аз ҷониби дигар дар осебпазир будани афкори ҷомеа (яъне ҷавонон) ва масъалаҳои иҷтимоӣ мебошанд.

Омилҳои дигаре, ки сабаб мешаванд ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ фирефта ё ин ки аз беаҳамияти шомил шаванд инҳоянд:

- надоштани донишу фаҳмишҳои кофии илмӣ ва ҷаҳонбинии фарогир.

- бетарафии аҳли ҷомеа нисбати зуҳури аввалин нишонаҳои ифротӣ шудани ҷавонон.

- боварии зиёд нисбати овозаву хурофот ва мусоидат кардан ба таблиғоти ифротиён.

- гурез аз мушкилиҳои зиндагӣ. Мутаасифона бисёре аз ҷавонон ҳалли мушкилиҳои зиндагӣ, аз ҷумла баҳсу мунозираҳои оилавӣ ва мушкилиҳои рӯзмарраро дар гурехтан аз мушкилиҳои бавуҷудомада мебинанд ва тавассути шабкаҳои иҷтимоӣ ба чунин гурӯҳҳо майл пайдо мекунанд.

- ҳавову ҳавас: маълум аст, ки яке аз ҷанбаҳои ҳавасмандсозӣ ба ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, террористию экстремистӣ ин ваъдаи пулу сарават ва тафреҳу саргармист.

Аз ин хотир, мо устодон, бахусус аҳли кормандони кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ худро вазифадор мешуморем, ки ҳамарӯза дар ҳар ҷамъомад ва дарсҳои тарбиявӣ бо донишҷӯён сӯҳбатҳо гузаронида, оиди фирефта нагаштан ва зираку ватандӯст будан таъкидҳои ҳамарӯзаи Пешвои миллатро расонем. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ин вазъ чунин гуфта шудааст: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки террорист ва ифротгарро, ба хубу бад ҷудо кардан мумукин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».

Гуфтаҳои Пешвои миллатро мо бояд сармашқи кори худ карда, баланд сохтани сатҳи огоҳии шогирдон аз хатарҳои терроризму экстремизм, огоҳ намуданан аз пайдоиши ин гуруҳҳо, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, талқини онҳо ба аз худ кардани донишҳои муосир, истифодаи дуруст аз шабакаҳои иҷтимоӣ, омӯзонидани суннатҳои қадимаи ниёгонамон, одоби меҳмонавозиву меҳмондорӣ ва ғайраро вазифаи худ донем.

 

Саркуратори кафедраи физикаи тиббӣ

ва биологӣ бо асосҳои

технологияи информатсионӣ

Муҳаммади Бобо


18.12.2021 419

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php