Covid-19 ва оқибатҳои он


Covid-19 ва оқибатҳои он

17 декабри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи АМИТ аз ҷониби шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии академия Сессияи илмӣ дар мавзӯи “Covid-19 ва оқибатҳои он” баргузор шуд. Иҷрокунандаи вазифаи ноиби Президент, мудири шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ А.Ҷ.Ғоибзода ҳузури меҳмононро дар ин чорабинӣ хайрамақдам гуфта, ба кори он оғоз бахшид.

Дар Сессияи илмӣ кормандони кафедраҳои бемориҳои сироятӣ, бемориҳои сироятии кӯдакон, бемориҳои дарунии №3, НТҶ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб, беҳдошт ва экология, онкология ва ташхиси шуоии донишгоҳ ба намояндагӣ аз МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” иштирок ва маърӯза намуданд.

Аз ҷумла, мудири кафедраи бемориҳои сироятӣ д.и.т., профессор Раҳмонов Э.Р. дар мавзӯи “Хусусиятҳои ташхис ва табобати бемории каронавируси нави Covid-19 дар Тоҷикистон” маърӯза намуд.

Дар ҷараёни Сессияи илмӣ мутахассисони соҳа бо далелҳои равшан фикру андешаҳои худро оид ба ин беморӣ ва оқибатҳои он барои инсон баён карданд.

 

 

            Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


17.12.2021 230

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php