Зиракӣ ва ҳушёрии мардум кафолати оромиву ободист!


Зиракӣ ва  ҳушёрии мардум  кафолати оромиву ободист!

Дар шароите, ки ҷаҳони муосирро хатарҳои зиёди геополитикӣ ва мушкилоти бузурги иқтисодиву молиявӣ таҳдид менамояд, Тоҷикистон ҳамчун давлати озод сиёсати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро муназзам пеш бурда истодааст. Дар ҳама давлат ва давру замон дар муқобили ҳукумат ва ҳизби пешбар мухолифин вуҷуд доранд, ки Тоҷикистон низ аз ин бенасиб нест. Дар ҳap давру замон ин ё он нафаре пайдо мешавад, ки ҳамчун бозичаи дасти дигарон амал намуда, пойбанди андешаву афкори онон мегардад ва бо ин васила ба дину мазҳаб, наздикону пайвандон, Ватану миллат ва ҳатто ба падару модари хеш хиёнат менамояд. Ин ашхосу гурӯҳҳо дидаю дониста ба муқобили вазъи орому осудаи кишвари худ садо баланд намуда, барои амалӣ кардани нақшаву ниятҳои разилонаву манфури хеш бо хоҷагонашон машваратҳои пасипардагӣ ороста, мехоҳанд авзои кишварро ноором созанд. Нооромии вазъияти Афғонистон ва воқеъаҳои рӯзҳои 25.11.2021 то 27.11.2021 дар Вилояти мухтори Бадахшон рухдода, ки тариқи шабакаи ТВ Бадахшон тамошо намудем, моро ҳушдор медиҳанд, ки аз ҳарвақта дида зираку ҳушёр бошем ва нагузорем, то нохалафе оромии кишварро халалдор ва ё марзи кишвари азизамонро рахна намояд. Бо мушкилоте, ки солҳои охир ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтаанд - экстремизм, терроризм ва маҳалгароӣ мубориза барем ва ҳар вазифаю масъулияте, ки роҳбарияти кишвар бар души мо вогузор кардааст, содиқона иҷро намоем. Омилҳое, ки боиси пайдоиши амалҳои номатлуб ба монанди терроризму экстиримизм мегарданд, хуб омӯхта, дар бартарафсозии онҳо дастаҷамъона мубориза барем то, бори дигар дар Ватани азизамон одамони бегуноҳ ба ҳалокат нарасанд ва шаҳру деҳоту ёдгориҳои беназири таърихиямон хароб нагарданд.

Солҳои охир идомаи ин зуҳуроти номатлуб боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ гашта, сабаби хурӯҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавирус дар тамоми минтақаҳои олам гардидааст. Ин ҳолатҳо солимии ҷомеаро зери суол бурда, касодии зиёдеро ба буҷаи кишварҳои осебдида ворид месозанд. Вобаста ба шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, нооромии вазъ дар минтақа ва давлатҳои ҳамсарҳади мо, инчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа институтҳои илмиву таҳқиқотии Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Маркази таҳқиқоти стратегӣ, дигар марказҳои илмву кафедраҳои ҷомеашиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Дар робита ба ин аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи чораҳои таъсирбахш, аз қабили, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандустию ватанпарастӣ, сохтани масҷидҳои замонавӣ, нашр кардани китобҳои диниву дунявӣ бо забони модарӣ, ташкили барномаҳои динию ахлоқӣ дар садову симо, чопи мақолаҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ андешида мешаванд. Ҷавонон, ки қувваи пешбаранда ва ояндаи давлат мебошанд, бояд ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ намуда, ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуб мубориза баранд. Зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд. Ҳамчунин, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд. Пушида нест, ки терроризм бо истифода аз афкори тарсафкану даҳшатовар, бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зуроварӣ боиси бедор кардани тарсу ҳарос дар вуҷуди инсонҳо мегардад. Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона ноором кардани вазъи сиёсӣ, эҷоди бесарусомониҳо, коста намудани обруи давлат, ҳамзамон ноором сохтани вазъи сиёсӣ ва миёни қишрҳои ҷомеа шур барпо карданҳо мебошад. Пас, барои мубориза бурдан бо чунин зуҳуроти номатлуб, ки боиси нооромии ҷомеаи шаҳрвандии мо мегардад, бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва махсусан ҷавонон масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ ба он мубориза барем. Ҷавононро зарур аст, ки ҳушёру зирак бошанд, то фирефтаи суханони дурӯғини чунин бадхоҳону бадандешон нагарданд ва ба ҳар гуна ҷараёнҳои ифротгарою террористӣ шомил нашаванд. Тарбия ва ташвиқу тарғиби насли наврас дар раванди фарҳанги миллӣ, волоияти арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба таъриху мероси ниёгон, расидан ба қадри истиқлолият ва давлатдории миллӣ, қадр намудани муқаддасоти милливу давлатӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, ифтихор аз Ватан ва давлату миллати хеш аҳамияти беандоза дорад.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон кишвари азизи мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст. Сарнавишти ҳар кишвар ва миллат дар дасти фарзонафарзандони ӯст ва тақдирро тадбиркунанда ҳам эшонанд. Хушбахтии миллати азияткашидаи тоҷик дар интихоби дурусти Сарвари хеш аст. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтаанд ва то имрӯз ҷумҳурии мо бо 179 кишвари ҷаҳон робитаҳои комили дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо такя ба равиши сиёсати «дарҳои кушода», сулҳдӯстӣ ва беғаразӣ, бо аксари кишварҳои ҷаҳон муносиботи дӯстона, ҳамкории баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд ва бо як қатори онҳо робитаҳои шарикии стратегиро барқарор сохтаву таҳким бахшида истодаааст.


Таибов С.А.-сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М.-шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


17.12.2021 301

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php