Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо


Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо

Дӯстию бародарӣ ва робитаҳои фарҳангӣ байни халқу миллатҳои гуногун яке аз масъалаҳои муҳими танзимкунандаи амну осоиш ва оромии ҷомеаи ҷаҳон ба шумор меравад. Аз ин хотир, роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ ба ин масъала эътибори махсус дода, бо тамоми мамлакатҳои хориҷи дуру наздик муносибатҳои хуби дӯстонаро ба роҳ мондааст.

Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ яке аз ниҳодҳое мебошад, ки бевосита ба таҳким ва рушди чунин муносибатҳо дар мамлакат ва берун аз он фаъолият мебарад. Боиси ифтихор аст, ки Раёсати донишгоҳи мо аъзои ҷамъияти мазкур буда, дар ҳамкорӣ бо аҳли кормандони он чорабиниву ҷашнвораҳои муштарак барпо менамояд.

Санаи 15-уми декабри соли равон дар толори фарҳангии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фестивали ҷавонон таҳти унвони «Забони русӣ-забони дӯстӣ ва ҳамкориҳо» ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҷамъияти дӯстии давлатҳо баргузор гардид, ки дар он намояндагони сафоратхонаҳои давлатҳои Россия, Белорусия, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Озорбойҷон, Арманистон ва Туркманистон иштирок доштанд. Дар ин ҷамъомади бонуфуз аз донишгоҳи мо дастаи «Шифо» бо даъвати Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ ширкат намуданд.

Дар рафти ҷамъомад намояндагони консулгарии мамолики болозикр дар мавзӯъҳои дӯстию ҳамкориҳои сисолаи давлатҳои шомили Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ суханронӣ карда, аз мавҷуд будани чунин ҷамъият изҳори хурсандӣ намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ дастагули фарҳангии омода намуда донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия пешкаши аҳли нишаст гардид.

Барномаи фарҳангии омоданамудаи аъзои дастаи «Шифо»-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки иборат аз сурудҳои тоҷикӣ, озарӣ, арманӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, узбекӣ, туркманӣ ва украинӣ буд, аз ҷониби намояндагони ин давлатҳо бисёр хуб пазироӣ гардида, ба ҳунарнамоии донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино баҳои баланд дода шуд. Ва ба роҳбарияти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, хусусан Ректори ин муассиса, муҳтарам Гулзода М. Қ. барои ҳамкориҳои пайваста изҳори миннатдорӣ баён гардид.

Бахши маркетинги иҷтимоии

 Хадамоти ректори донишгоҳ


17.12.2021 3285

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php