Аксия дар доираи Барномаи рушди тандурустии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025


Аксия дар доираи  Барномаи рушди тандурустии  Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025

11-уми декабри соли 2021 бахшида ба Рӯзи фарогирии умумӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, бо ташаббуси Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тољикистон ва шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ аксия дар доираи Барномаи рушди тандурустии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, бо иштироки волонтиёрони назди шуъбаи кор бо ҷавонон дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе гузаронида шуд.   

Бояд гуфт, ки ҳамасола бо ташабуси Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ санаи 12-уми декабр ҳамчун Рӯзи фарогирии умумӣ ба хизматрасониҳи тиббӣ қайд карда мешавад. Аз ин рӯ, намояндагони Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон ва волонтиёрони назди шуъбаи кор бо ҷавонон дар бозору нақлиётҳои мусофиркаш, ҷойҳои ҷамъиятӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва саҳни муассисаҳои шахсию давлатии хиёбони марказии шаҳри Душанбе бо шаҳрвандону меҳмонони пойтахт як қатор сӯҳбат-вохӯриҳоро анҷом доданд.

Дар аксияи мазкур волонтиёрон доир ба масъалаҳои мубрами фарогирии умумӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва барномаи рушди тандурустии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бо шаҳрвандону меҳмонони пойтахт саволу ҷавоб баргузор намуда, ҳамзамон дастурамалҳои иттилоотӣ оид ба барномаи мазкурро тақсим намуданд, ки он баҳри баланд бардоштани маълумотнокии мардум доир ба барномаҳои соҳаи тандурустии кишвар нақши муҳимро мебозад.

        

Шарифов Қ.О.- мудири шуъбаи кор бо ҷавонон    

 


3
2
1
11.12.2021 280

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php