Аёдати пиронсолон
Шуъбаи кор бо ҷавонон бо Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ бо мақсади тарбияи ҳисси раҳму шафқат дар насли ҷавон ва расонидани кӯмак ба ниёзмандон санаи 10 -уми декабр зери шиори «Аёдати хонаи пиронсолони маъюбу бепарастор», гурӯҳи волонтёрони иборат аз 30 нафар таҳти роҳбарии мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон бо маъюбони бепарастори Муассисаи давлатии «Шифохонаи парастории ҳамширагӣ» вохӯрӣ баргузор намуданд.
Бояд қайд намуд, ки донишҷӯён бо баргузор намудани чорабинии солинавӣ дар “Маркази иҷтимоии макони меҳр” ба дилу дидаи ин пиронсолони ниёзманд ҷой гирифтаанд, ки аз чеҳраи хандон ва хушҳолии эшон ҳувайдо буд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳакиқат дидан аз чунин марказҳо, сӯҳбат ва ҳамнишинӣ бо ин ниёзмандон барои тарбияи ахлоқии ҷавонон зарур аст.
Мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон
Шарифов Қ.О.