Санҷиши малакаи амалии донишҷӯён дар факултаи тиббӣ


Санҷиши малакаи амалии донишҷӯён дар факултаи тиббӣ

Бо мақсади мустаҳкам намудани донишу малакаҳои амалиии донишҷӯён аз фанни анатомияи одам дар соли нави таҳсил қабл аз имтиҳон малакаҳои амалии онҳо санҷида ва баҳогузорӣ карда мешавад.

Донишҷӯёни курси 2-юми факултети тиббӣ аз фанни анатомияи одам донишҳои андӯхтаи худро дар назди устодони соҳибтаҷрибаи кафедра бо истифодаи препаратҳои табиӣ ва муляжҳо нишон медиҳанд. Ин дар системаи таълим барои донишҷӯёни курсҳои поёнӣ як усули нави супоридани санҷишҳо буда ва ба донишҷӯён ҷиҳати супоридани имтиҳонҳои назариявии ҳамин фан (бо роҳи тестӣ) ёрӣ мерасонад.

Имрӯз дар кафедраи анатомияи одам ва терминологияи лотинӣ ба номи Я. А. Раҳимов супоридани малакаҳои амалӣ тибқи ҷадвали шуъбаи таълим оғоз гардид.

Дар сурати натиҷаи хуб додани ин усули санҷиши дониши амалии донишҷӯён, вай дар дигар фанҳои тибби назариявӣ низ аз тарафи Раёсати донишгоҳ татбиқ карда мешавад.

 

Садорати факултети тиббӣ


13.12.2021 678

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php