Маркази ташхисию табобатии МДТ «ДДТТ ба номи Абўалї ибни Сино»


Маркази ташхисию табобатии МДТ «ДДТТ ба номи Абўалї ибни Сино»

Дар Маркази ташхисию табобатии МДТ «ДДТТ ба номи Абўалї ибни Сино» дар байни 45 нафар кормандони марказ бахшида ба Рузи ҷаҳонии мубориза алайҳи СПИД, ки 1-уми декабр дар њама љањон таъин намудаанд, маърузае аз тарафи табиби уролог Юнусов Њасан гузаронида шуд. Инчунин аз тарафи директори Марказ оид ба ин мавзуъ пешгирии беморї, сари ваќт мушоњида намудани беморї, табобати бемориро бо пурраги гуфта гузаштааанд.

      Фоҷеаи ҷаҳонӣ. Мудҳиштар аз онро таърихи башар зиёд дида, вале ин маргест тадриҷӣ. Мубталоёни ВНМО роҳи дигаре ҷуз марг надоранд. Вале ба умеде, муъҷизае ҳаёт ба сар мебаранд. Ин афрод медонанд, ки муолиҷа намешаванд, вале ба ҳаёт, ба оянда бо дили гарм дида медӯзанд. Ҳеч касе дар олам ҳақ надорад касеро ба марг маҳкум кунад. Ва то ҳастем, онҳо низ канори моянд. Бигзор бо мо бошанд, ҳамеша ва то абад. Бигзор биханданд, аз лаҳзаҳои хуш лаззат баранд. Дар ғам ғамгин, дар шодӣ шод бошанд. Онҳо канори мо буданд ва хоҳанд буд. Онҳо як тане аз моянд...

 Фалсафаи Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ВНМО низ дар ҳамин нуҳуфта. Мубориза бо беморӣ, на ки бо муталошудагонаш. Инсоният соле як рӯз – аввали моҳи декабрро чун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ин фалокати қарн таъин кардааст, то ҳамагон эътироз кунанд: Нест бод ВНМО! 

 Пӯшида нест, ки СПИД ин зинаи охирини ВИЧ мебошад. Беморӣ, ки ҳамчун аломати норасоии масъунияти бадан муайян карда мешавад, аз аввали солҳои 80-и асри XX маълум аст. Имрӯзҳо тибқи маълумоти СММ  ҳар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар ба вируси норасоии масъунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50%-ро ҷавонони синнашон аз 14 то 20 сола ташкил медиханд.

 Аз рӯзи пайдо шудани ин беморӣ дар ҷаҳон тақрибан  60  млн, нафар одамон ба он сироят шуда, 20 млн нафари онҳо ба халокат расиданд. Ва ин хеле ташвишовар аст.

 Ба  ВИЧ, занҳо, мардҳо ва кӯдакон гирифтор шуда метавонанд. Барои ВИЧ-СПИД синну сол ва миллат вуҷуд надорад. Одамоне, ки ба вируси ВИЧ дучор шуданд, давоми чандин сол худро тамоман солим ҳис мекунанд. Як нишонаи беморӣ низ ноаёнии он аст. Вале худи одам барои атрофиёнаш хатарнок аст ва метавонад бемориро фаъолона паҳн кунад. Аз сироят то пайдо шудани аломат ва нишонаҳои клиникӣ аз 1 то 5 ва 10 сол гузаштанаш мумкин аст.

Одамон ба ин беморӣ бо ин роҳҳо сироят мешаванд:

1.     Ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсоне, ки гирифтори вируси ин беморӣ мебошанд. Он аз мард ба зан, аз зан ба мард, аз мард ба мард гузашта метавонад.

2.     Ҳангоми хунгузаронӣ бо воситаи хуне, ки дар таркибаш ин вирус вуҷуд дорад. Бештари мубталоён нашъамандонанд, бахусус истеъмолкунандагони тазриқии маводи мухаддир. Бо як сӯзандору чанд нафар мухаддирот истеъмол мекунанд ва агар дар он ҷамъ 10 нафар бошаду яке сироятшуда, пас он даҳ тан ҳатман сироят меёбанд. 

3.     Аз модари дорандаи ин вирус ба кӯдак ҳангоми ҳомила, таваллуд ва шир додан аз пистон.

 Бештар киҳо гирифтори ин беморӣ мегарданд?

 ВИЧ-СПИД дар байни шахсоне, ки ба гурӯҳи хатар таааллук доранд, бештар дида мешавад. Инҳо бештар нашъамандонанд, ки героинро тазриқӣ истеъмол мекунанд ва занону мардоне, ки даст ба фоҳишагӣ мезананд, бо афроди зиёд ҳамхобагӣ мекунанд. 

 ВИЧ-СПИД бо ин роҳҳо сироят намешаванд;

·         ба воситаи асбобҳои рӯзгор

·           нафаскашӣ, сулфидан

·          оғӯш гирифтан, бӯсидан

·         ҳангоми неш задании хашарот ё газидан

·         ҳангоми бо гирифтори ВИЧ-СПИД вохӯрӣ кардан

 Соли гузашта дар Тоҷикистон 1422 ҳолати нави сирояти вируси норасоии масунияти бадан ошкор карда шудааст. Ба ин тартиб, ҳар рӯз дар Тоҷикистон то чаҳор нафар ба ин вирус гирифтор мешудаанд.

 Масъулини Вазорати тандурустӣ гуфтанд,ки  аксари шаҳрвандон дар Тоҷикистон ё 72,6 дарсад бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ба вируси норасоии масъунияти одам сироят ёфтанд. Ба қавле, дигар гирифторшудагон ба вируси норасоии масъунияти бадан аз роҳҳои тазриқӣ, аз модар ба кӯдак ва аз роҳҳои номаълум гирифтори ин вирус шудаанд.

Ҳар инсон бояд  худро аз хатарҳои сироят шудан ба ин бемориҳо ва вирусҳои ҳалокатовар ҳифз кунад!

Директори МТТ,н.и.т., дотсент: Нурзода З.М.


4
3
2
1
01.12.2021 339

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php