Сулҳофарӣ-рисолати роҳбарӣ!
Халқ мегирад зи миллат эҳтиром,
Миллат аз афрод меёбад низом!.
(Муҳаммад Иқбол)
Оре, дар ҳама давру замонҳо њар як миллат ниёз ба шахсияте дорад, ки нерую тавоноии муттањид кардани халќро дар роњи бунёди давлат ва бақои миллат дошта бошад.
Агар мо назаре ба таърих афканем, мебинем, ки абармардони таърихӣ тавонистаанд, қавмеву миллатеро наҷот диҳанд, ё давлатеро бунёд гузоранду барои миллате тақдирсоз бошанд.
Мисоли ин абармардони таърихӣ шоҳони ориёитабори мо Анушервони Одилу, Куруши Кабиру Исмоили Сомониву Сосониву Искандари Мақдунӣ, Деваштичу Спитамен мебошанд, ки бо ҷоннисорию фидокорӣ номи нек боқӣ гузоштаанду вирди забону намунаи ҷаҳониён гаштаанд.
Пас аз пошхӯрии давлати Сомониён беш аз ҳазорсолае зарур шуд то шахси таърихие падид ояду миллатеро аз вартаи фалокату нестӣ раҳо бахшад. Ба бахти тоҷикон пас аз бештар 11 аср ин сиришти нуҳуфта дар хуни фарди фидоии наҷотбахшу муттаҳидсози миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалї Рањмон зуҳур кард, ки мо бо амри тақдир шоҳиди ин лаҳзаҳои таърихӣ, яъне, эҳёи давлати нави тоҷикон гардидем.
Агар ин абармарди ҳануз 40 сола дар Иҷлоияи 16-уми Шӯрои Олӣ масъулияти раҳбарии миллат ва давлатеро, ки дар алангаи оташи ҷанги бародаркуш месӯхт, ба дӯш намегирифт ва он вазъияти ноҳинҷор идома меёфт, номи давлате бо селобу гирдоби абарқудратҳо ва душманони таърихии ин миллат рӯфтаву шуста мегардид.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун марди миллатдӯст ва давлатсоз аз аввалин рӯзҳое, ки масъулияти роҳбариро ба ӯҳда гирифт, бо шиори “Ман ба шумо сулҳ меорам” вориди арсаи сиёсат гардида, бо барномаҳои ояндасоз дар муддати кӯтоҳ Тоҷикистонро ба сулҳу оромӣ ва пешрафту тараққиёт ҳидоят кард ва ормонҳои миллии ҳазорсолаи моро ҷомаи амал пӯшонд.
Маҳз, бо чунин муроҷиати самимона нияти неку ниҳоии сулҳдӯстии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифода ёфт: “Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқрор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам.”
Аз ин рӯ, нодиртарин ва волотарин хизмати таърихии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Пешвои тоҷикон ва роҳбари давлати Тоҷикистон муайян ва амалӣ кардани роҳи сулҳ, наҷоти миллат аз гирдоби фоҷиабори ҷанг, ба ҳам овардани неруҳои мухолиф ва нигоҳ доштани киштии шикастаи ҳукумат аз ғарқу нобудшавӣ аст.
Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ неъмати бузургест, аммо ҳифзи он ва ҳидояти кишвар ба сӯйи бунёдкориву созандагӣ ва суботу амният вазифаи пурмасъулиятест, ки на ҳар як роҳбар тавони ҳифз ва иҷрои онро дорад.
Сиёсати бунёдии пешгирифтаи доҳии тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар асоси меҳвари низоми давлатдорӣ бозсозии соҳаи маориф, тандурустӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум шакл гирифт.
Возеҳ аст, ки барои давлатдорӣ ин соҳаҳо омилҳои муҳимми рушду тараққиёт ва пешрафт маҳсуб меёбанд. Аз ин нигоҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки вазъияти ноҳинҷори ҷумҳурӣ рушди ин аслҳоро меҳвари фаъолиятҳои ояндасози худ қарор дода, дар давоми се даҳсола бо қабул ва татбиқи барномаҳои мушаххас Тоҷикистонро аз кишвари дар ҳолати фурӯпошӣ ба кишвари дар ҳоли рушд табдил дод.
Бе далел нест, ки сиёсатмадорон ва раҳбарони кишварҳои муқтадири олам ин сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро сиёсати оқилонаву арзишманд ҳисоб намуда, ӯро ба сифати раҳбари муттаҳидкунандаи миллаташ сутудаанд ва ин қаҳрамони дар арсаи сиёсат “Формулаи сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон” унвон гирифт.
Аз нахустин рӯзҳое, ки Пешвои миллат масъулияти раҳбарии давлатро ба дӯш гирифтанд, бо нигаронӣ аз ояндаи бақои миллат ва давлат ба таври қотеъ сиёсати ҳамгироии миллиро амалӣ намуда, тамоми тарафҳоро ба сулҳ ва якдигарфаҳмӣ даъват намуданд.
Имзои “Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” дар санаи 27 –уми июни соли 1997 бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ваҳдат ва ҳамгироии миллӣ бурҳони ин гуфтаҳоянд.
Сиёсати бунёдкорона ва хирадмандонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб гардид, ки Тоҷикистон чун қисми ҷудоинопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуда, ташаббускори иқдомҳои муҳимми байналмилалӣ гардад.
Дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистон бо пешниҳоди барномаҳои вобаста ба обу экология, аз ҷумла, “Об барои ҳаёт”, “Ҳифзи муҳити зист”, “Об барои рушди устувор” ва ғайра ба унвони кишвари ташаббускор муаррифӣ гардид ва ин яке аз корҳои мондагори Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки то имрӯз Истиқлоли Тоҷикистонро беш аз 140 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтаанд.
Дар ин се даҳсола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо расмиятбахшии намодҳои фарҳангии мо собит сохт, ки миллати тоҷик бо гузаштаи ғании худ миллати фарҳангофар ва таърихӣ аст.
Ҷаҳоникунӣ ва ба сифати ҷашнҳои миллӣ ҷашн гирифтани Наврӯз, Меҳргон ва Сада бо шукуҳу шаҳомати хоса ва иштироки олимони байналмилалӣ таҷлили 1100 солагии давлати Сомониён, 2500 солагии шаҳри Истаравшан, 2700 солагии Кӯлоб ва 5500 солагии Саразми бостонӣ яке аз муҳимтарин корҳое буд, ки бо ибтикори Пешвои миллат анҷом гирифт.
Ҳамчунин, арҷгузорӣ ба шахсиятҳои муҳимми таърихи тоҷикон, мисли Исмоили Сомонӣ, Куруши Кабир, Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Имоми Аъзам, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳоҷи Ҳусайни Кангуртӣ, Восеъ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров сиёсати рӯшани давлат дар бахши фарҳангро ба намоиш гузошт.
Ҷиҳати ошноӣ бо муҳтавои дини мубини Ислом аз фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҷума ва ба таври ройгон дастрас намудани 200 ҳазор адад Қуръони Азим-уш-шаън ва бо мақсади баланд бардоштани ғурур ва ҳувияти миллӣ ва ба ҳар як хонадони сокинони ҷумуҳурӣ тақдим намудани шоҳасари беназири академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”, ки Президенти кишвар онро “Шаҳодатнома”-и миллати тоҷик номгузорӣ кардаанд, бори дигар исбот сохт, ки ин шахсияти таърихӣ ба дину оин ва таъриху фарҳанги мондагори миллат то чӣ андоза эҳтиром қоил аст.
Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба шумор рафта, дар давоми қариб се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.
Агар ба факту рақамҳо назар афканем, дар дар кишвар то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ ин шумора қариб ду баробар афзуда, соли 2020 ба 4369 расидааст, яъне, 1507 муассиса зиёд шудааст.
Соли 2016 дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти соҳа - Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бо 38 бино ва 61 шуъба чун маркази тиббии бисёрсоҳаи дорои 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст бунёд ва ба истифода супорида шуд, ки имрӯз мову Шумо бо шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ, аҷргузорӣ аз Президенти давлат дар он кору фаъолият карда истодаем.
Имрӯз дар мамлакат шумораи табибон беш аз 19 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли 1991-ум 29 фоиз зиёд мебошад.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва бунёдгузори он илми тиб низ дар қатори дигар илмҳо рушду нумӯ карда, имрӯз дар соҳа бештар аз 900 нафар докторҳо ва номзадҳои илми тиб фаъолият доранд, ки 65 фоизи онҳо рисолаҳои илмии худро дар даврони солҳои соҳибистиқлолӣ ҳимоя кардаанд.
Воқеан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқу давлат хизматҳои шоиставу беназир намуда, оини роҳбарӣ ва рисолати таърихии худро дар назди халқу Ватан ба ҷо оварданд.
Моро месазад, ки шукри Истиқлоли Ватан ва шукри чунин Пешвои сулҳофар кунем.
Барҳақ ӯ Исмоили Сонӣ шуда,
Фахри ҳар як тоҷикистонӣ шуда.
Некаъмол аст, садри бебаҳост,
Як назар!. Дар чеҳрааш нури Худост!.
Алишод Ворисов н.и.т., дотсент
сардори бахши коргузории
Хадамоти ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино