Парчам-рамзи давлатдорист!


Парчам-рамзи давлатдорист!

Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ «ДДТТ ба номи Абӯ алӣ ибни Сино» санаи 9-уми ноябри соли 2021 аз ҷониби ассистенти кафедра Кадирова М. Р. дарси тарбиявӣ дар мавзӯи «Парчами тоҷикон дар масири таърих» бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни курси 3-юми факултети тиббӣ гурӯҳҳои 51 ва 27 гузаронида шуд. Эргашев Фаридун аз гурӯҳи 51-ум дар ин мавзӯъ маърӯза намуд.

Парчам ин- порча ё бофтае, ки дар шаклҳо ва рангҳои мухталиф барои нишон додани миллият ё аломат додан аз он истифода мешавад.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 май 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон рангҳои парчами миллиро «Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» донистаанд.

Зимни ифтитоҳи баландтарин парчам, ки дарозии сутуни он 165 метр буда, бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, намояндаи Китоби рекордҳои Гиннес, ки милаи парчами миллии Тоҷикистонро расман ҳамчун баландтарин флагштоки дунё сабт кардааст, сертификат дар бораи баландтарин парчамро ба раисҷумҳури Тоҷикистон тақдим кард.

Парчами миллӣ аз ҷумлаи ифтихороти миллӣ аст ва ин нуктаро Президенти кишвар низ таъкид намуда, гуфтаанд: «Парчами миллӣ ифодагари истиқлол, нангу номус, ватандӯстию ҳувияти миллии мардуми кӯҳанбунёди мост».

Бигзор Парчами давлатӣ болои сари миллату давлати тоҷикон абадан ҷилвагар ва парафшон бошад.

Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона


09.11.2021 293

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php