Дар қатори кишварҳои орому осудаи ҷаҳон ҷой гирифтани Тоҷикистон ва ба унвони шаҳри орому осоишта эътироф гардидани шаҳри Душанбе шаҳодати иттиҳоду ҳамбастагии миллӣ ва Истиқлоли комили сартосарист!
Таъмини амният ва истиқлолу озодӣ кафили имрӯзи беҳтару ояндаи дурахшони ҳар халқ ва ҳар миллат маҳсуб мегардад. Имрӯза муборизаҳо ва талошҳои ҷаҳонӣ ҳама барои расидани инсоният ба ин арзиши бузургу муқаддас дар саросари дунё дониста мешавад. Дар воқеъ Ҷаҳонишавӣ ва равандҳои мухталифи он дар шароити муосир вазъеро ба вуҷуд овардаанд, ки масъалаи баррасии таъмини амнияти миллии давлатҳои алоҳида дар сархати фаъолияти марказҳои ташхисиву таҳлилӣ ва расонаҳои ҷаҳонӣ қарор гиранд.
Дар асоси тадқиқоти илмии Маркази таҳлилии Амрикоӣ бо номи Gallup дар пайи назарпурсии шаҳрвандони 142 давлати дунё кишварҳои орому осуда ва давлатҳои ноорому бесуботро раддабандӣ карда ва дар ин замина Тоҷикистонро дар зинаи дуввумин давлати амнтарин миёни кишварҳои ҷаҳон ҷой дод буд.
Дар баробари Тоҷикистон инчунин Миср, Норвегия, Туркманистон, Швейтсария, Ӯзбекистон, Финландия, Чин, Олмон, Амороти муттаҳидаи араб шомили рейтинги кишварҳои амнтарин шудаанд. Дар қатори кишварҳои орому осудаи ҷаҳон ҷой гирифтани Тоҷикистон ва ба унвони шаҳри орому осоишта эътироф гардидани шаҳри Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни шаҳрҳои дунё ин аз истиқлолу озодӣ ва устувории пояҳои давлат ва иттиҳоду ҳамбастагӣ шаҳодат медиҳад ва ин дастоварди муҳим барои рушди кӯдакону наврасон ва ободиву пешрафти мамлакат мусоидат менамояд. Дар ҳақиқат натиҷаи тадқиқоти чунин як маркази таҳлилии ҷаҳонӣ барои ҳар давлат хеле муҳим дониста мешавад. Зеро, дар шароити пурихтилофи вазъияти муосир, авҷи фаъолияти ташкилотҳои террористӣ ва тундрав, ки ҳамарӯза метавонанд хатар эҷод кунанд, дар сатҳи қобили таваҷҷуҳ таъмин кардани амнияти шаҳрвандон ва меҳмонон далели кори шоистаи мақомоти амниятӣ ва ҳифзкунандаи тартиботи ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар шароити имрӯза, танҳо ҳамон давлатҳо метавонанд истиқлоли худро ҳифз намоянд ва ҷомеаи амну босубот дошта бошанд, ки ба масъалаи таъмини амнияти миллии давлати хеш диққати аввалиндараҷа диҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои ҷаҳони муосир соҳиби истиқлоли сиёсии хеш буда, дар амалӣ кардани сиёсати худ тамоми барномаву ҳадафҳоро маҳз барои рушди ҷомеа ва масъалаи таъмини амнияти миллии давлат равона кардааст. Пеш аз ҳама, ин аз натиҷаи сиёсати оқилона ва созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Маҳз, иродаи қавӣ ва устувори Сарвари давлати мо дар амалисозии сиёсати хориҷии кишвар рейтинги Тоҷикистонро дар арасаи ҷаҳонӣ боло бурдааст. Барои ҳар як фард, пеш аз ҳама, эҳсоси амну оромӣ хеле муҳиму зарурӣ мебошад. Мусаллам аст, дар ҳар давлате, ки оромиву субот бошад, дар он ҷо рушду тараққиёт низ дида мешавад. Вобаста ба ин, дар шароити пурихтилофи ҷаҳони муосир бояд ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин оромиву осоиштагии давлати хеш шукргузор бошад ва барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузорад. Зеро амният, истиқрор, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ормони ҳазорсолаи башар, дастоварди ахлоқиву инсонӣ ва умеди абадӣ дар роҳи расидан ба саодат ва хушбахтии сокинони ҷаҳон аст.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигор