Ба огоҳ аз хатои марди ноогоҳ бояд гуфт!


Ба огоҳ аз хатои марди ноогоҳ бояд гуфт!

Имрӯз давлати азизамон Ҷумҳурии Тоҷикистон пурқуввату пурқудрат аст, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дар доираи адл дорад ва ҳар касе аз чаҳорчубаи он берун қадам ниҳодаву санги маломат ба халқу миллат мезанад, ҳатман ҷавобашро дар назди қонуну халқ медиҳад. Ҳар як ҳадафи давлат - ҳадафи халқ аст ва мароми халқ - хизмат ба Ватан аст.Ба ин фаъолияти Хизби нахзати Исломии Тоҷикистон, харакати мардумии “Растохез мисол шуда метавонад. ҲНИТ 26 октябри соли 1991 ташкил ефт. Мутаассифона дар тассавури аъзоён ва роҳбарони он акидахои нодурусти динӣ ҷой дошт ва ин яке аз сабабҳои ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил гаштани онҳо мебошад. Ин афрод ақидаҳои носолими динии худро мехоханд дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд, то ҷаҳон мувофиқи хости онҳо шакл бигирад. Мақсади асосии ин ҳизб фақат иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, тафриқаандозӣ байни мардум ва ғайра буд. Бояд таъкид намоем, ки мутобиқи моддаи 4-и Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки фаъолияти онҳо ба терроризм, зуроварӣ, тағйир додани сохти конститутсионӣ равона гардидааст, манъ аст. Соли 1991 ҲНИТ ягона ҳизби сиёсии динӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт, ки намояндагони он дар интихобот иштирок мекарданд. Ин ҳизб натоиҷи интихоботи президентии соли 1991-ро эътироф накарда, ҳамроҳ бо гурӯҳҳои дигари мухолифини тоҷик гирдиҳамоиҳои эътирозиро ташкил кард. Ин ҳама авҷи хатари терроризм ва экстремизмро дар солҳои 1992-1997 афзуда буд,ки боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо гашта буд. Пас аз фаъолияти бисёрсолаи худ ҳизби наҳзати ислом мақсадҳои аслии худро ошкор намуд, ки ин дар шаҳрвандон бедор кардани ҳисси бадбинӣ, кинаву адоват нисбати ҳукумати қонунии Тоҷикистон буд. Ин ҳизб худ як ҳизби террористӣ буда, бисёр фарзандони бо нанагу номуси миллатро бо роҳи террористӣ аз байн бурданд. Ҳамаи намудҳои фаъолияти ҲНИТ-ро ба назар гирифта, 22-декабри соли 2015 бо қарори Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб дар тамоми кишвари мо барҳам дода шуд. То имруз руҳониёни исломии асил ҲНИ-ро қабул надоранд ва эътироф ҳам намекунанд. Намояндагони Ҳизби наҳзати Ислом дар давоми 18 соли дар Тоҷикистон дар мақомоти гуногуни давлатӣ соҳибмансаб будан (солҳои 1997-2015) ва дар ихтиёр доштани маблағҳои аз давлатҳои хориҷ ба даст овардаашон баҳри ободии кишвар, осудаҳолии мардум ва дар маҷмуъ татбиқи арзишҳои исломӣ дар Тоҷикистон чораи амалие наандешиданд. Ҳамаашон танҳо дар фикри сарватҷамъкунӣ ва шароити хуби зиндагии шахсиашон буданд. Воқеият нишон дод, ки дар ин солҳо аъзоёни Ҳизби наҳзати Ислом ба ифротгароии динӣ, порахӯрӣ, зинокорӣ ва дигар амалҳои ғайришаръию зиддиқонунӣ машғул буда, дар охир нияти ғасби ғайриқонунии ҳокимияти контститутсиониро карданд.

Вазъияти ногувори амният дар ҷахон фаъолиятҳои гурӯҳи ифротгароию терористӣ тақозо менамояд, ки мо садди роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди устувори иқтисодиёти ҷумхурӣ сахми худро гузорем. Ҳамагонро ба ваҳдати миллӣ, дустиву рафоқат, сулҳу осоиштагӣ дар партави сиёсати сулҳҷуёнаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки барои гулгул шукуфоии Тоҷикистони азизи мо кушишҳои зиёде ба харҷ додаанд, даъват менамоем.

 

Мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ н.и.т Ф.М.Ёраков.

Директори МТИК Стоматология н.и.т Сангов И.С.


22.10.2021 240

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php