НОБ-и РОҒУН – НАНГУ НОМУСИ МИЛЛАТ!


НОБ-и РОҒУН – НАНГУ НОМУСИ МИЛЛАТ!

Давлати ҷавону соҳибистиқлоли Тоҷикистон оҳиста-оҳиста таҳти сиёсати хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти иқтисодию иҷтимоиро паси сар намуда, ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор ниҳода истодааст. Давлату ҳукумати мамалакат ба чор ҳадафе, ки барои зиндагии шоистаи мардум пеш гузошта буд, наздик шуда истодааст ё аниқтараш аксарияти онҳоро амалӣ намуда, бо бунёди як қатор роҳҳо дар ҳуҳуди ҷумҳурӣ то андозае тавонист аз бунбасти коммуникатсионӣ аллакай худро раҳо намояд. Ҳадафи ҳукумати кишвар ин ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ аст, ки он ҳам дар арафаи анҷомёбист. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба кор даромадани азимтарин неругоҳ дар Осиёи Миёна - НОБ-и Роғун, ки самараи нек ба бор меоварад, метавонад нангу номуси баланди тоҷикона бунёдкориҳои боз ҳам миллати бостонии тоҷикро муаррифӣ намояд. Чун ин неругоҳ бо баландтарин сарбанд, он ҳам бо сарбанди табиии гилин, ки баландиаш 335 метрро ташкил медиҳад дар ҷаҳон беҳамто буда, пурра ба кор медарояд. Ҳазорҳо ҷойи нави корӣ муҳаё хоҳад шуд. Муҳимтар аз ҳама НОБ-и Роғун энергияи сабз истеҳсол мекунад, ки ба табиату иқлим ҳеҷ зараре ворид намесозад. Исботи масъалаи мазкурро санҷишҳои чандинкаратаи институтҳои молиявии хориҷӣ маълуми ҷаҳониён намудаанд.

Охирон нуқтаро бешаку шубҳа баъд аз назаргузаронии чандинсола бонки ҷаҳонӣ гузошт. НОБ-и Роғун дар солҳои хушксолӣ тавассути обанбораш обро танзим менамояд, ки барои кишварҳои поёноб хеле муфид мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба аз минбари созмонҳои бонуфузи ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла СММ, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, БРИКС ва дигарон ироа доштанд, ки Тоҷикистон ягон ҳамсояро бе об намегузорад. Чи хеле, ки дар боло зикр кардем НОБ-и Роғун яке аз бузургтарин неругоҳ дар Осиёи Миёна буда, манфиати он натанҳо ба мардуми Тоҷикистон, балки ба дигар давлатҳои ҳамсарҳаду ҳамсоя мерасад. Ин неругоҳ ифтихори миллати точик мебошад, ки дар тӯли солҳои истиқлолият сохта шуда, имрӯзҳо ба истифода дода мешавад. Дар ҳолати қарор доштани неругоҳ дар вақти истифодабарӣ, албатта миллати тоҷик аз бунбасти энергетикӣ баромада, зиндагиашон рӯз аз рӯз беҳтар мешавад. Ҳақ бар ҷониби шоир, ки фармудаанд:


Пешвои миллат моро тавони дигар аст,

Халқи тоҷикро аз ӯ руҳу равони дигар аст.

Нури Роғун офтоби чархи гардун чун шавад,

Сарзамини Тоҷикистонро амони дигар аст.


Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар байни қаторкӯҳҳои сар ба фалаккашида маскан гирифтааст, чашмаҳои поки бениҳоят зиёд дорад. Табиати биҳиштосои кишварро шоир чунин ба қалам додааст:

Ҳаёт аз оби ноби ҷовидон сарчашма мегирад,

Ва об аз қуллаи боми ҷаҳон сарчашма мегирад.

Ҳаёту об пайванданду андар созмони даҳр,

Зи файзи пешвои тоҷикон сарчашма мегирад.

            

Баракати ҳамин дороии табиати нотакрори Тоҷикистон аст, ки аз бисёр ҷиҳатҳо, аз ҷумла, саноат, иқтисодиёт, энергетика ва дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиёти кишвар рушду нумӯъ ёфта, дар ободонӣ, созандагӣ, бунёдкорӣ, гулгулшукуфӣ ва тараққиёти кишвар нақши муҳим мебозанд.

КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ҶОМЕАШИНОСӢ


04.08.2022 874

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php