Ҳаракатҳои террористӣ ва таъсири он ба минтақа


Ҳаракатҳои террористӣ ва таъсири он ба минтақа

Ба яке аз ҷиддитарин зуҳуроти таҳдидовар ва хатарноки ҷаҳонӣ табдил ёфтани ифротгароӣ ва терроризм дар ибтидои асри XXI, ба ҳамагон маълум аст. Аксаран ин амалҳо зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динии бебунёд сурат мегиранд. Ноамнӣ ва бесуботии Ховари Миёна боиси ташвиш ва нигарониҳои зиёди кишварҳои минтақа, аз ҷумла Осиёи Миёна гардидааст. Қисми зиёди нооромиҳо, ҷангу низоъҳо дар кишварҳои мусулмонӣ сурат гирифта, маҳз ба тафриқаандозиҳо миёни мусулмонон, истифодаи онҳо ҳамчун воситаи амалинамоии террор ва мухолифати мазҳабӣ боиси бесарусомониҳои зиёд дар минтақа мегарданд. Ба назари муҳақиқон хатари терроризм ва ифротгароӣ ба масъалаи глобалӣ табдил ёфта, қариб ба ҳамаи давлатҳо таҳдид мекунад. Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолияти онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо Афғонистон, вазъиятро боз ҳам мураккаб сохтааст, ки боиси саргардониву кашоқии ин мардум гаштааст. Роҳбарияти Тоҷикистон борҳо аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва ҳарчӣ зудтар муътадил гардонидани вазъияти мушкили сиёсиву амниятии он бо роҳи гуфтушунидҳо чораҳои фаврӣ андешида шаванд. Вазъияти сиёсии имрӯзаи Афғонистон ва беэътиноии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба вазъияти имрӯзаи он метавонад ба ҷанги давомноки шаҳрвандӣ дар ин кишвар оварда расонад.

Омилҳои гуногунеро ба монанди сатҳи пасти таълиму тарбия дар оила ва надоштани маърифати кофии динӣ ва инчунин, мушкилоти иқтисодву иҷтимоӣ, бекориро метавон зикр намуд, ки ҷавононро таҳти таъсири чунин ҳизбу ҳаракатҳо қарор медиҳанд. Аз омилҳои дигари ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ шомил шудани ҷавонон дар давраи муосир ин тавассути шабакаи интернетӣ ба рӯҳияи онҳо таъсир расонидани ин гурӯҳҳо мебошад. Бо пешрафти технологияи муосир гирифтани пеши роҳи ақидаҳои ифротӣ ва тундгароӣ душвор шудааст. Аз ин рӯ, тафаккури насли наврасро бояд бедор намуда, ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон аҳамияти хосса диҳем, мақоми бетарафиро пеша насозем, фитнаю ғаразҳои ифротгароён ва пайравони онҳоро, ки ба дини мубораки ислом иснод меоваранд, дар асоси далелу рақамҳои саҳеҳ ба мардум фаҳмонида диҳем, зеро ки миллионҳо нафар одамон бино бар натиҷаи амалҳои террористӣ ноором гаштани вазъият макони худро тарк намудаву дар вазъияти ногувор қарор доранд. Солҳои охир масъалаи мубориза бар зидди терроризм дар сиёсати ҷаҳонӣ рӯзмарра гаштааст. Аксари сиёсатмадорон терроризмро ҳамчун таҳдиди рӯирост ва хатарнок ба давлатҳои муосир эътироф менамоянд. Ба вуҷуд омадани ин падидаи иҷтимоӣ низ таърихи хеле тӯлонӣ дорад. Таҳқиқи падидаи ифротгароӣ ва махсусан, терроризм бисёр мушкил аст, вале аён аст, ки терроризм зӯроварӣ ва хушунат аст ва дар ҳолати содиршавии ин амали номатлуб одамони бегуноҳ қурбон мешаванд. Қатлу куштори ваҳшиёна кори маъмулии аъзои гурӯҳи терористӣ буда, куштори бераҳмонаи занону кӯдакон низ барои онҳо амри маъмулист. Онҳо ба дини мубини Ислом аз зовияи ҷангу сиёсат менигаранд. Ҳатто андешапардозони террор ва иҷрокунандагони амали террористӣ эътироф мекунанд, ки террор ин зӯроварӣ аст ва мутаассифона қувваҳое ҳастанд, ки аз номи дини мубораки ислом сухан намуда, ба куштору хунрезиҳо даст мезананд. Ислом ҳамчун дини муътадил ва васат(миёна) ифротгароӣ ва зиёдаравиро манъ карда, рафтори муайян, эҳсоси вобастагӣ ва дарки ӯҳдадориҳоро муқаррар менамояд. Он ба терроризм ҳеҷ муносибат надорад. Ба ин маънӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ дар Иҷлосияи сеюми фавқулодаи Созмони конфронси исломӣ, дар шаҳри Макка, 7 декабри соли 2005 гуфта буданд: "Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани худову бандагони ӯст…ин гуна нерӯҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои исломиро пиёда месозанд".

Маълум аст, ки аз таҳдиди терроризм ҳеч давлат худро эмин дошта наметавонад. Аз ин хотир, ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро мебояд дар мубориза бар зидди терроризм якҷоя фаъолият намоянд. Агар тарҷумаи ҳоли террористони машҳур ва роҳбарони созмонҳои ифротгаро ва террристиро варақгардон кунем мебинем, ки онҳо аксаран аз хонаводаҳои дорою рушанфикр буда, иҷрокунандагони амали террористӣ аз миёни он табақаи иҷтимоие гирифта мешаванд, ки таъсири гуруснагию камбизотӣ ва беадолатиро эҳсос мекунанд. Гурӯҳе, ки дар ин давра бештар осебпазир аст ҷавонон мебошанд ва табиист, ки маҳз ҷавонон зери таъсири андешаҳои радикалӣ мемонанд. Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри нигаҳдории сулҳу оромии кишвар ва таъмини шароити арзандаи зиндагии сокинони ҷумҳурӣ саъю талош меварзанд. Аз ин лиҳоз, халқи тоҷикро зарур аст, ки аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллати хеш ҷонибдорӣ намуда, ояндаи халқу миллат - ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ, инсондӯстӣ, сулҳпарвариву зиракии сиёсӣ тарбия намояд. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ҷавонон бояд барои амнияти кишвар ҳамеша ҳушёр бошанд.

Таибов С. А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М.- мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


20.10.2021 296

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php