Иштироки ҷавонони кишвар дар ҳамоиши идона бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Итифоқи ҷавонони Тоҷикистон
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 солагии таъсисёбии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон санаи 12-уми октябри соли 2021 дар толори Донишгоҳи славянии Руссия -Тоҷикистон ва нимаи дуюми рӯз дар амфитеатри "Аҳорун" ҳамоиши идонаи ҷавонони кишвар ва "Шоми дӯстӣ" баргузор намуд. Дар ҳамоиши мазкур раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо, собиқ раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ВМКБ, Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов, раиси Кумитаи рушди маҳалли назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қосим Роҳбар, муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон, муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сатториён Матлубахон, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ва Роҳбарияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, раисони филиалҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, намояндагони филиалҳо дар ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ,олимон, муҳаққиқони ҷавон,васоити ахбори омма ва ҷавонони фаъоли донишгоҳу донишкадаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Баъд аз садо додани суруди миллӣ Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ бо сухани ифттитоҳӣ ҷаласаро оғоз бахшида, аз рӯзҳои аввали таъсис додани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки аввалин Анҷумани он соли 1991бо иштироки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида буд,ёдрас шуд. Дар Анҷумани соли 1991 ҷавонони далеру ҷасур, ки бо пуштибонӣ аз сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат барои расидан ба ҳадафҳои гузоштаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро муайян намудаву дар симои Роҳбари давлат шахсияти ояндадор ва оварандаи сулҳу ваҳдатро медиданд, иштироки фаъолона доштанд. Маҳз таваҷҷӯҳи Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар нисбати ҷавонон буд, ки то имрӯз ҷавонони саодатманди кишвар дар тамоми самтҳои гуногуни ҷомеа бо ҳиси баланди худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ кору фаъолият намуда истодаанд ва таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории Роҳбари давлат қарор доранд. Сипас намояндагони касбу кори гуногун аз ҷумла Сангинов Дониёр - профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Фирӯз Равшаналиев - раиси Шӯрои олимони ҷавони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобозода Афзалшо - намояндаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - Қаландарзода баромад намуда оиди дастгириҳои Пешвои муаззами миллат нисбат ба ҷавонон ва соҳибистиқлолии кишвар ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки ҳамеша ва дар ҳама вазъ ҷавонони ғаюру далери Ватан дар пахлӯи Пешвои муаззами миллат мебошанд. Воқеан ҳам Тоҷикистони азизи мо давлати ҷавон аст ва ифтихори ҳар як ҷавони соҳибватан мебошад, зеро имрӯз 70 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Дар интиҳо барои иштироки фаъолона дар ҳамоиши идонаи ҷавонони кишвар бахшида ба 30 солагии таъсисёбии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони "30 соли рушд, муваффақият ва дастовардҳо", дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Роҳбарияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба олимони ҷавон Сипосномаҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон тақдим гардид.
Қобили зикр аст, ки дар чорабинии мазкур аз МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон Шарифов Қ.О., мутахассисони Шуъбаи кор бо ҷавонон ва 25-нафар донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ иштирок намуданд.
Мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон Шарифов Қ.О.