Ҳумоюн бод Истиқлоли тоҷик
30 сол муқаддам, яъне 9-уми сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум якдилона “Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”–ро қабул намуданд ва маҳз ҳамин ҳуҷҷати таърихӣ қонунан Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар эълон кард. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас, муборак ва маҳбуб ҳисоб ёфта, 9 сентябр ҳамчун “Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирифта мешавад. Истиқлолият - рамзи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи ватандориву ватандӯстии ҳар миллат мебошад.Тоҷикистонро имрӯз қариб ҳамаи давлатҳои дунё ба расмият шинохтаанд. Тоҷикистони азизи мо узви Созмони Миллали Муттаҳид гашт ва ба оилаи кишварҳои озоди ҷаҳон пазируфта шуд, ки ин яке аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар тӯли соҳибистиқлолияти худ мебошад. Аз музаффариятҳои дигари даврони истиқлолият ин ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки то имрӯз корҳои бузургеро ба анҷом расонем.
Аз рӯзи сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқи тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Яке азрукнҳои асосии давлатдории мустақил–Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳади таъсис ёфта, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлат таҳти назорати доимӣ қарор гирифт. Чунонки Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».
Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус қайд намуданд, ки соли 2021 барои Тоҷикистони азизамон соли махсус, яъне ҷашни бузурги сисолагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Пешвои муаззамии миллат таъкид намуданд, ки ба нерӯи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил доранд ва дилпурона изҳор намуданд, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон то дурдасттарин гӯшаву канори онро боз ҳам ободу зебо мегардонем.
Вобаста ба вазъи сиёсиву иҷтимоӣ таъкид намуданд, ки дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир мо бояд ҳамеша дар паҳлуи якдигар бошем ва ҳамдигарро дастгирӣ кунем, зеро ин хислати нек ба мову шумо аз гузаштагони некномамон мерос мондааст.
Душвортарин муаммои мо дар даврони истиқлолияти давлатӣ ин масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд, ки баъди ба низом даровардани сохторҳои ҳокимият Роҳбари давлат ҳамарӯза бо ҳалли он машғул мешуд. Хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқи Ҷануб–Шимол, Лолазор–Хатлон, Лолазор–Сангтӯда-1 ба истифода дода шуданд. Хусусан ба кор даромадани хатти 500 киловаттаи Ҷануб–Шимол ва дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм–ин ғамхории бузурги Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон маҳсуб мешавад. Вобаста ба раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, сохтмони қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе–Хоруғ–Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, нақбҳои автомобилгарди Истиқлол, Шаҳристон, Хатлон ва Озодӣ, шоҳроҳи Душанбе–Хуҷанд–Чаноқ ба анҷом расонида шуданд.
Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои натанҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувват гирифта истодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.
Ба тамоми мардуми кишвар маълум аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори ҳақиқии барпо кардани ҷашнҳои 1310-солагии пешвои мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, бузургони илму адаби тоҷик Камоли Хуҷандӣ ва Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Имом Бухорӣ ва дигарон мебошад. Таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ ва бузургдошти шахсиятҳои барҷаста дар тарбияи маънавии мардум, бахусус насли наврасу ҷавон аҳамияти калон доранд.
Дар давоми сӣ соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои тамоми қаламрави ҷумҳуриамон куллан ба тағйир ёфт. Дар пойтахти ҷумҳуриамон шаҳри Душанбе шумораи бениҳоят зиёди иморатҳои истиқоматии бисёрошёна, муассисахову идораҳои вазоратҳои Ҳокимияти марказӣ, биноҳои таълимию идоравӣ, як қатор макотиби олӣ ва миёнаи махсус, Қасри миллат, Китобхонаи миллӣ, Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, Осорхонаи миллӣ, меҳмонхонаҳои гуногуни ҳозиразамон барои қабулу гусели сайёҳон ва дигар меҳмонон, таъмини капиталии тамоми роҳҳои мошингард ва пиёдагард, маҷмааҳои савдои “Пойтахт”, “Ашан”, “Сиёма”, Кохи “Наврӯз”, як қатор боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ғайра сохта ба истифода дода шуданд, ки имрӯз ҳусни шаҳрро хеле дилрабо кардаанд.
Дар қатори чунин дасттовардҳои назаррас дар соҳаҳои илм ва маориф низ тағйиротҳои ҷиддӣ ба амал омаданд. То замони аз байн рафтани давлати абарқудрати ИҶШС дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 7-8 донишгоҳ ва донишкада мавҷуд буд, ки пас аз истиқлолият шумораи онҳо аз 40-то зиёд мебошад.
Дар ДДДТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино замони соҳибистиқлолӣ имкониятҳои таълиму тарбияи мутахассисони ҷавони соҳаи тиб хеле васеъ гашта, ба забони давлатӣ ҷорӣ гаштани раванди таълим яке аз дастовардҳои муҳими замони нав маҳсуб меёбад. Дар ин давра кафедраҳои нави таълимии ба талаботи замона мувофиқ, факултаҳои нави ба талаботи замона ҷавобгӯй, сохторҳои нави таълимию тарбиявӣ ва ғайра ташкил карда шуданд, ки имрӯз фаъолияти босамарро пеш мебаранд. Дар даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бинои асосии донишгоҳ баъди сухтор, ки қариб 90-95% вайрону валангор гардида буд, пурра дар муддати бениҳоят кутоҳ барқарор карда шуд. Дар айни замон бунёди бинои асосии маъмурӣ ва таълимии донишгоҳ дар шаҳрчаи Шифобахш қариб ба анҷом расида истодааст. Дар назди донишгоҳ озмоишгоҳи ҳуҷайраҳои бунёдӣ, Озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотии муосир, Маркази омузиши малакаҳои амалӣ, МТИИ “Фарматсия” сохта ва таъмиру тармим гардида ба истифода дода шуданд.
Мо шаҳрвандони ин кишвари озоду тозаистиқлол месазад, ки бо ин ҳама дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ, рӯзгори орому осуда ва гул-гулшукуфии Ватани азизамон ҳамарӯза ифтихор намоем ва дар навбати худ фаромӯш насозем, ки рӯзҳои аз ин ҳам беҳтару хуштар ва саодату некбахтиҳо ҳанӯз моро дар пешанд ва барои ба ин рӯзҳои фирӯз расидан мебояд, ки дар атрофи давлату ҳукумати тозаистиҳлоли худ боз ҳам зичтар муттаҳид гашта, ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гаштани сарзамини аҳдодии хеш ҳар кадом худро масъул шуморем.
Ҷашни муқаддастарини умумимиллӣ- 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ муборак, ҳамкасбони азиз! Бигузор парчами Истиқлолият асрҳои аср бар сари миллати кӯҳанбунёду фарзона ва соҳибтамаддуну озодаи тоҷик парафшон бошад!
Б.Б.Ҷумъаев, узви вобастаи АМИТ, профессори кафедраи биохимия
М.Қ.Гулов, дотсенти кафедраи биохимия