Душанбе-шаҳри гулрез
Ниҳолшинониву гулшинонӣ аз қадимулайём барои тоҷикон рамзи зиндагии шоиста, хуррамӣ ва шодобӣ мебошад. Воқеан, гул рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат мебошад. Парвариши гулҳои дилрабою гуногунранг дар тамоми гӯшаҳои мамлакат падидаи беназир ва бесобиқаест, ки ба чашм нуру ба дил фараҳ мебахшад.
Ба шарофати сиёсати бомароми бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи самарабахши Раиси шаҳри Душанбе пойтахти Ватани азизи мо- шаҳри Душанбе рӯз ба рӯз ободу зебо гардида, ба яке аз пойтахтҳои зебои ҷаҳон табдил ёфтааст.
Муроҷиатномаи ахири Раиси шаҳри Душанбе ба тамоми сокинони шаҳри Душанберо, ки даъват ба амал овард, то сокинони пойтахт якдилонаю фаъолона дар тадбирҳои ба «Шаҳри гулрез» табдил додани пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе саҳм гузошта, дар мавсими сабзу хуррамгардонӣ, шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ дар назди манзили зист, боғҳо, хиёбонҳо ва канори роҳравҳои пойтахт гулҳои садбарги гуногунранг шинонида, парвариш намоянд, якдилона ҷонибдорӣ намуданд.
МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” низ бо тарафдорӣ аз ин иқдоми созанда, баҳри боз ҳам зебову озода намудани гирду атрофи биноҳои донишгоҳ ва хиёбони шафати он корҳои зиёди ободониву кабудизоркуниро ба сомон расонида истодааст. Донишгоҳ, ки дорои гармхонаи худ аст, гулу буттаҳои зебои мавсимиро парвариш намуда, гулзорҳои атрофи донишгоҳро ҳамешасабз нигоҳ медорад. Дар гармхонаҳои Муассисаи давлатии таълимии “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” айни замон зиёда аз 50 ҳазор дона гулҳои гуногун парвариш меёбанд. Кормандони гармхона дар гулзор намудани шаҳри азизамон ҳамасола саҳми хешро мегузоранд, ки гулҳои виола парвардаи гармхонаи худи донишгоҳ мебошанд. Бо мақсади тозаю озода ва гулгулшукуфон нигоҳ доштани пойтахти азизамон ва зебою назаррабо гардонидани саҳни биноҳои маъмурӣ, истиқоматӣ, шинонидани гулу гулбутаҳо ва дарахтони ороишию сояафкан, нарм намудани замин ва атрофи дарахтон дар ноҳияҳои пойтахт мунтазам дар донишгоҳ шанбегиҳо гузаронида мешаванд.
Воқеан, гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ ба мавзеъу маҳалҳо ҳусни тоза бахшида, барои саломатии инсон фоидаовар мебошанд. Тозагию озодагӣ ва зебоиҳои шаҳри азизамон-Душанбе, албатта ба сатҳи маънавиёти ҷомеа, ахлоқу рафтори сокинон ва фарҳанги шаҳрдорӣ бетаъсир намемонанд. Бошад, ки мо ба ин восила орзуи деринаи гузаштагонамонро амалӣ гардонида, Душанбешаҳрро ба «шаҳри накӯкорон» табдил диҳем ва дар ин замина дар ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошем.
Таибов С.А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа
Турсунова З.Г.-мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа