Иштироки намояндагони донишгоҳ дар конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони “30 соли рушд муваффақият ва дастовардҳо” бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон


Иштироки намояндагони донишгоҳ дар конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони “30 соли рушд муваффақият ва дастовардҳо” бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон

Дар асоси нақша чорабиниҳои Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30 солагии таъсисёбии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Конференсияи илмӣ амалӣ таҳти унвони "30 соли рушд муваффақият ва дастовардҳо" санаи 08-уми октябри соли 2021 дар толори Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар конференсия Роҳбарияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, раисони филиалҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, намояндагони филиалҳо дар ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, олимон, муҳаққиқони ҷавон, васоити ахбори омма ва ҷавонони фаъоли донишгоҳу донишкадаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Баъд аз садо додани суруди миллӣ ва сухани ифттитоҳии Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ба сухан баромад. Ӯ аз рӯзҳои аввали таъсис додани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки аввалин Анҷумани он соли 1994 бо иштироки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид ёдовар шуд, ки дар он ҷавонони далеру ҷасур бо пуштибонӣ аз сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат барои расидан ба ҳадафҳои гузоштаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ояндаи худ, мавқеашонро муайян намуда буданд ва дар симои Роҳбари давлат шахсияти ояндадор ва оварандаи сулҳу ваҳдатро медиданд, иштироки фаъолона доштанд. Маҳз таваҷҷӯҳи Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар нисбати қишри ҷавонон буд, ки то имрӯз ҷавонони саодатманди кишвар дар тамоми самтҳои гуногуни ҷомеа бо ҳисси баланди худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати воқеан ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат кору фаъолият намуда истода, зери таваҷҷуҳ ва ғамхории Роҳбари давлат қарор доранд.

Сипас намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла Сангинов Дониёр Профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,Фирӯз Равшаналиев раиси Шӯрои олимони ҷавони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобозода Афзалшо намояндаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қаландарзода намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баромад намуда, оиди дастгириҳои Пешвои муаззами миллат нисбати ҷавонон ва соҳибистиқлолии кишвар ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки дар тамоми вазъияте ки ба амал меояд, ҷавонони ғаюру далери ватан дар паҳлуи Пешвои муаззами миллат мебошанд. Онҳо эҳсос намудаанд, ки воқеан имрӯз Тоҷикистон бо ҷавонони кишвараш ифтихор дорад. Имрӯз агар дар ҷаҳон 18 фоизи аҳолиро ҷавонон ташкил диҳанд, дар Тоҷикистони азизамон 70 фоизи аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд ва ин гувоҳ аз он аст, ки воқеан Тоҷикистони мо давлати ҷавон аст.

Дар интиҳо барои иштироки фаъолона гузоштан дар ин конференсияи илмӣ- амалӣ аз ҷониби Раиси Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод сипосномаҳои Роҳбарияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба олимони ҷавон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Бо ҳамин конференсияи мазкур бо садо додани суруди миллӣ ба кори худ хотима ёфт.

Қобили зикр аст, ки дар чорабинии мазкур аз МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Шарифов Қ.О., мутахассисони шуъба ва 5- нафар омӯзгорони ҷавони кафедраҳои донишгоҳ иштирок карданд.

        

                                 Шарифов Қ.О. - мудири шуъбаи кор бо ҷавонон

 


07
08
06
05
04
03
02
01
11.10.2021 250

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php