«Илм фурӯғи маърифат»-иқдоми бузург дар самти боло бурдани савияи дониши шаҳрвандон!


 «Илм фурӯғи маърифат»-иқдоми бузург дар самти боло бурдани савияи дониши шаҳрвандон!

Ҷиҳати боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб намудании наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар ҷумҳурӣ   озмуни ҷумҳуриявии «Илм– фурӯғи маърифат» ташкил ва гузаронида мешавад. Озмуни мазкур аҳамияти бузурги маънавӣ дошта, майлу рағбати ҷавонон ва муҳимтар аз ҳама диққати онҳоро ба омӯзиши фанҳои дақиқ зиёд мегардонад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» иқдоми маърифатпарваронеаст, ки метавонад дар ҷомеа таҳаввулоти илмиро ба вуҷуд орад. Зеро натиҷаи озмунҳои қаблан эълон гардида, махсусан Озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи дони китоб аст» нишон дод, ки дар воқеъ ин тадбири маърифатӣ тавонист, ки таваҷҷӯҳи тамоми қишри ҷомеаро ба китобхонӣ бедор созад. Сокинон ташкил кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат»-ро дар шароити имрӯза муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мекунанд.

Ҳадафи аслии Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташкил кардани озмунҳо пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум, бедор сохтани шавқу ҳаваси наврасону ҷавонон ва олимони ҷавон ба аз худ кардани фанҳои дақиқ, дар оняда таъмин кардани ҳама бахшҳои калидии давлат бо мутахасиссони ихтисоманд ва тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад. Давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши хонандагону донишҷӯён, беҳтар сохтани вазъи корҳои илмиву эҷодии олмони ҷавон ва ба ин васила рушду пешрафти соҳаи илму маориф махсусан фанҳои дақиқ таваҷҷӯҳҳи махсус зоҳир карда дар ин самт тадбирҳои муҳимму саривақтиро амалӣ менамояд. Озмун мазкур миёни хонадагони муассисаҳои олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ҷараён дошта, барои баргузории озмун аз ҷониби масъулон тадбирҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» метавонад, ки дар оянда майлу рағбати нафарони ба илмҳои дақиқ шавқу ҳавасдоштаро зиёд намуда, ба рушди ин фанҳо замина гузорад.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор


30.09.2021 243

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php