Ислом ба зоти худ надорад айбе...
Вазъи ҷаҳони имрӯза аз мо зиёиёни тоҷик масъулияти баландро талаб менамояд, ки ҳамеша ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, чораю тадбирҳои пешгирикунандаро сари вақт амалӣ гардонем, қувваҳои солими ҷомеа ва ходимони динро барои паст намудани шиддати низоъҳои харобиовар равона созем, сатҳи маърифати худ, аз он ҷумла маърифати динии худро баланд бардорем. Вазъияти сиёсии имрӯзаи Афғонистон ва беэътиноии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба он метавонад ба ҷанги давомноки шаҳрвандӣ дар ин кишвар оварда расонад.
Роҳбарияти Тоҷикистон борҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва ҳарчӣ зудтар муътадил гардонидани вазъияти мушкили сиёсиву амниятии он бо роҳи гуфтушунидҳо чораҳои фаврӣ андешида шаванд.Аммо........
Қисми зиёди нооромиҳо, ҷангу низоъҳо дар кишварҳои мусулмонӣ сурат гирифта, маҳз ба тафриқаандозиҳо миёни мусулмонон, истифодаи онҳо ҳамчун воситаи амалинамоии террор ва мухолифати мазҳабӣ рабт доранд. Имрӯз хатари терроризм ва ифротгароӣ ба масъалаи глобалӣ табдил ёфта, қариб ба ҳамаи давлатҳо таҳдид мекунад. Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолияти онҳо дар ҳамсоякишвари мо Афғонистон низ вазъиятро боз ҳам мураккаб гардонда, ба саргардониву кашшоқии ин мардум боис шудааст. Аз ин рӯ, мо мардуми тоҷикро зарур аст, ки мақоми бетарафиро пеша накунем, фитнаю ғаразҳои ифротгарон ва пайравони онҳоро, ки ба дини мубораки ислом иснод меоваранд, дар асоси далелу рақамҳои саҳеҳ ба мардум фаҳмонида диҳем. Имрӯзҳо 70 000 000 нафар одам аз 100 давлати ҷаҳон бинобар ноором гаштани вазъият дар натиҷаи амалҳои террористӣ макони худро тарк намуда, дар вазъияти ногувор қарор доранд. Бузургон хуб фармудаанд:
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб,ки ҳаст дар мусалмонии мост.
Ҳамин тавр, ҳатто як ёдоварии кӯтоҳ аз фаъолияти созмонҳои динӣ нишон медиҳад, ки ҳеҷ як дин аз ҷараёнҳои ифротӣ холӣ нест ва ин ҷараёнҳо моҳияти таълимоти диниро ба манфиати худашон таҳриф мекунанд. Аммо дар бисёр маврид рӯзноманигорон, хизматчиёни давлатӣ, ки дар бораи ислом маълумоти дақиқ надоранд дар бораи он суханони носанҷида мегӯянд, ки барои ҳамзистии осоишта ва оромии пайравони ислом ва дигар динҳо дар ин ё он кишвар халал ворид мекунанд. Ислом ба терроризм ҳеҷ муносибат надорад.
Президенти Тоҷикистон дар суханронии худ дар Иҷлосияи сеюми фавқулодаи Созмони конфронси исломӣ дар шаҳри Макка 7 декабри соли 2005 гуфта буд: «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва ватан надорад ва душмани худову бандагони ӯст…ин гуна нерӯҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои исломиро пиёда месозанд».
Ислом ҳамчун дини муътадил ва васат(миёна) ифротгароӣ ва зиёдаравиро манъ мекунад. Ба вуҷуд омадани ин падидаҳои иҷтимоӣ низ таърихи хеле тӯлонӣ дорад. Таҳқиқи падидаи ифротгароӣ ва махсусан, терроризм бисёр мушкил аст, зеро худи мафҳуми терроризм он қадар маълум ва мушаххас нест. Вале як чизи манфии возеҳ дар бораи терроризм вуҷуд дорад, ки он зӯроварӣ ва хушунат аст ва дар ҳолати содиршавии ин амали номатлуб одамони бегуноҳ қурбон мешаванд. Ҳатто андешапардозони террор ва иҷрокунандагони амали террористӣ эътироф мекунанд, ки террор ин зӯроварӣ аст(вале ба фикри онҳо зӯроварии ҳақ ва ногузир).
Мутаассифона, қувваҳое ҳастанд, ки аз номи дини мубораки ислом сухан намуда, ба куштору хунрезиҳо даст мезананд. Дар натиҷаи амалҳои зишти ҳизбу ҳаракатҳои ташкилотҳои террористии “Ал қоида”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, Салафия”, “Толибон”, “Давлати исломӣ”,”Ҳизби наҳзати ислом” ва дигарҳо, ки худро муборизони тозагии дини ислом мешуморанд, дар муддати 10 соли ҷанги Сурия зиёда аз 550 000 одамони бегуноҳ кушта шудаанд, ки 15 000-ашон кӯдакон мебошанд.
Яке аз решаҳои аслии зуҳури ифротгароӣ ва терроризм ба пастравии вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа вобастагӣ дорад, ки дар ин маврид инқилоби иҷтимоӣ ногузир мешавад. Аз нуқтаи назари сотсиологҳо инқилоби иҷтимоӣ дар ҳамон ҷое сар мезанад, ки тафовут байни қишри сердаромад ва камдаромади аҳолӣ 10 баробарро ташкил кунад. Аммо агар тарҷумаи ҳоли террористони машҳур ва роҳбарони созмонҳои ифротгаро ва террристиро варақгардон кунем мебинем, ки онҳо аксаран аз хонаводаҳои дорою рушанфикр буда, иҷрокунандагони амали террористӣ аз миёни он табақаи иҷтимоие гирифта мешаванд, ки таъсири гуруснагию камбизотӣ ва беадолатиро эҳсос мекунанд. Хатари зиёдшавии ин гуна одамон дар шароити тезутундшавии проблемаҳои глобалӣ, ба мисли таркиши демографӣ, урбанизатсия (дар давоми ду даҳаи асри XXI теъдоди аҳолии шаҳрҳо ду баробар афзуда, ба 5 млрд мерасад, ҳоло 2,5 млрд. дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд), бекорӣ, бемориҳои сироятӣ, гуруснагӣ, нарасидани оби нушокӣ, зиёдшавии норозигии мардум, махсусан ҷавонон аз афзоиши беадолатиҳо ба қабули андешаҳои ифротӣ мебарад. Гурӯҳе, ки дар ин давра бештар осебпазир аст ҷавонон мебошанд ва табиист, ки маҳз ҷавонон зери таъсири андешаҳои радикалӣ мемонанд.
Омили дигар ин омили динӣ ё худ диннамоӣ мебошад, ки аз ин ҷо мафҳумҳои экстремизми динӣ ва терроризм бисёр машҳур шудаанд. Маълум аст, ки рӯҳи ҳар гуна дин ба эҳтиром, ишқ ва таҳамулпазирӣ нисбат ба мавҷудоти зинда асос ёфтааст. Вале ин чиз ҳам маълум аст, ки дар охири асри XX ибтидои асри XXI ҷараёнҳои экстремистӣ ва террористии характери динидошта рушд намудаанд. Фаъолияти ин гуна ҷараёнҳо зери пардаи дин қарор дошта, барои бо роҳи зурӣ тағйир додани сохти давлатӣ ва ё ба даст овардани ҳокимият, вайрон кардани истиқлолият ва тамомияти арзии давлат равона шудааст. Онҳо бо ин мақсад аз доман задани ихтилоф ва хусумати динӣ парҳез намекунанд. Бояд гуфт, ки ифротгароӣ дар асоси дин бо сиёсат ва миллатгароӣ алоқаи зич дорад ва барои ҳамин ҳам дар бисёр маврид дар адабиёти илмӣ мафҳуми ифротгароии динӣ-сиёсӣ истифода мешавад.
Хушбахтона , Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои нигаҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи сокинони ҷумҳурӣ ва наслҳои оянда бо дилу нияти нек дар як замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик баръало эҳсос мегардид, давлатдориро ба ӯҳда гирифтанд ва дар як муддати кӯтоҳ шӯълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намуданд. Аз ин лиҳоз, имрӯз ба падару модарон, омӯзгорону тарбиятдиҳандагон, пирони хирадманду таҷрибаи ҳаётдида, ходимони дин, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлативу ҳифзи ҳуқуқ лозим аст, ки рӯзҳои талху сангин, мудҳишу даҳшатангези солҳои 90-умро ба ёд оварда, барои такрор наёфтани онҳо ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ, инсондӯстӣ, сулҳпарвариву зиракии сиёсӣ тарбия намоянд.
Таибов С.А.-сардори шуъбаи итилот ва робита бо ҷомеа
Турсунова З. - шуъбаи итилот ва робита бо ҷомеа