Аз амони гуфтугӯ дорем мо!
Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Пас ҳар фард бе омӯзиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад, зеро аз решаи хеш дур ё канда шудан, ба вартаи гумномӣ ё фано мебарад ва ба таъбири имрузиён, «манқурт» мешавад. Яъне инсон агар таърихи гузаштаи худро фаро нагирад, табиист, ки аз зоти худ, роҳи тайкарда, дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти мардумаш ноогоҳ монда, чун махлуқе одамсурат, вале бепарво, бемасъулият ва бенишон умр ба сар мебарад. Ин бадбахтии бузург аст. Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест!
Ин хитоби сода, вале дар айни замон ҷиддии бузургони илму адаби мо аз қаъри асрҳо ба гӯш мерасад ва ҳушдор медиҳад, ки аз таърихи миллату сарзамин, расму русум ва дину оини худ мудом воқиф бошем. Вобаста ба ноором шудани вазъити Афғонистон, вақти он расидааст, ки мо аз ҳарвақта дида зираку ҳушёр бошем ва нагузорем, то нохалафе марзи кишвари азизамонро рахна намояд. Табиист, ки ҳар кадом аз давлатҳои абарқудрат саъй хоҳад кард, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар давлати навбунёди мо пиёда созад. Таърих гувоҳ аст, ки аз рӯи чунин беэҳтиётӣ ва воқиф набудан аз гузаштаи хеш қисме аз давлату миллатҳои абарқудрат пора-пора шуда, аз забон ва расму оини хеш маҳрум гардидаанд. Сарнавишти миллати точик дар тӯли асрҳо баробари дигар мардуми эронинажод басо печида ва пуршебу фароз аст. Тоҷик бо кору пайкор барои ноил шудан ба озодӣ, бо созандагӣ ва бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ ва чашидани заҳри шикаст, бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ғаниву рангин сохтааст. Мардуми тоҷик бо ба даст овардани истиқлолият саҳфаи таърихи хешро боз ҳам мустаҳкам намуд.
Сохтмони роҳҳо ва пулҳои аҳамияти маҳаллию миллӣ ва байналмилалидошта ба робитаҳои минтақаҳои кишвар байни ҳамдигар ва мутаносибан, байни мардум мусоидат намуда, ба тоҷикон имконият доданд, ки умумияти миллии худро дар самтҳои хоҷагидорию тиҷорат ва умуман, ягонагии иқтисодӣ боз ҳам тавсеа бахшанд. Тавре ки Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд, истиқлолияти давлатӣ имконият фароҳам овард, ки халқи тоҷик ихтиёри давлатдориро ба дасти худ бигирад. Бо ҳамин сабаб равандҳои миллатсозӣ ва бунёди давлатдории миллӣ дар ин даврон тавъам бо ҳам сурат гирифта, дар зарфи сӣ сол дигаргуниҳои куллие дар ин самт ба вуқуъ пайвастанд. Тоҷикон аз қадимулайём бо ҳам дар робитаи устувор қарор доштаанд ва новобаста аз он, ки намояндагони миллат дар марзҳои гуногуни сиёсӣ умр ба сар бурдаанд, робитаҳоро бо ҳамдигар ва сиёсати давлатдории хешро бунёд гузоштанд. Ҳамзамон, ҳадафҳои миллии мо, чун эҳёи давлатдории миллӣ, таъмини ваҳдати миллӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ин ғояи миллии моро боз ҳам комилтар намуданд. Хушбахтона, ин ғояҳо ба ҳама сокинони мамлакат фаҳмо, дастрас ва маълум буда, ҳамагон онҳоро ҷонибдорӣ ва арҷгузорӣ мекунанд. Шуури ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ба куллӣ шакли миллӣ гирифт. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми қонунгузории кишвар дар пояи анъана ва таҷрибаи миллӣ қабул гардида, як қатор қонунҳои сирф миллӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон” ба тасвиб расиданд.
Як дастоварди муҳимми даврони истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо новобаста аз равандҳои ҷаҳонишавӣ ё глобализатсия ин ҳифз кардан ва рушд бахшидани ахлоқи миллӣ аст. Дар гузашта меъёрҳои суннатии ахлоқу одоб дар ҷомеа пеши роҳи муносибатҳои зиштро мегирифтанд. Хушбахтона, тавассути баланд бардоштани ифтихори ватандорию худшиносии миллӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва тарбияи шахсияти бонангу номуси намояндаи миллати тоҷик бо мақсади нигаҳдошти миллат ва арзишҳои миллӣ дар рӯ ба рӯи ҷаҳонишавӣ, ки хавфи махлутшавӣ ва аз байн рафтани миллату давлатҳои миллиро амри воқеӣ гардонидааст, дар Тоҷикистон саъю кӯшиши зиёде ба харҷ дода шуд ва миллати мо дар пешорӯи паҳншавии ахлоқи ғайрианъанавӣ истодгарӣ карда тавонист. Дар ин роҳ эҳёи ахлоқи ҳамидаи миллӣ ва фарҳангу адаби миллӣ низ нақши бузурге гузошта, умумияти ахлоқии миллат тавассути онҳо ҳифз гардид ва рушди бесобиқа ёфт. Бо назардошти вазъи зудтағйирёбандаи сайёра ва авзои кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар зери таъсири манфии омилҳои ҷаҳонишавӣ, пеш аз ҳама, зарурати ҳимояи манфиатҳои миллӣ, бехатарии давлатӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти давлатӣ ва дахлнопазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи кор омадааст. Дар воқеъ инсониятро имрӯз дар баробари фалокатҳои гуногуни табиӣ терроризм ва экстремизм таҳдид дорад, ки бо оқибатҳои ҳузнангези худ аз ҷиддитарин таҳдидҳои ҷаҳони муосир ҳисоб ёфта, сулҳу субот ва истиқлолияти давлатии кишварҳоро зери хатар мегузорад. вобаста ба тағирёбии вазъи ҳамсоякишвари мо Афғонистон, ки ба соҳибихтиёриву истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва амнияти ҷомеаи башар дар умум таҳдид мекунад, имрӯз зарур аст, ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, тамоми қувваҳои солими ҷомеа, ҳар як шахси бонангу номус, ватандӯсту соҳибмаърифат зираку ҳушёр ва барои ҳимояи Ватан ҳамеша омода бошад. Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм бояд ба вазифаи муқаддас ва иҷрои қарзи инсониву шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад!
Таибов С. А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа
Муҳидинова М. - шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа