Солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”-иқдоми шоистаи муаррифии таъриху фарҳанги тоҷикон ба ҷаҳониён!


Солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”-иқдоми шоистаи муаррифии таъриху фарҳанги тоҷикон ба ҷаҳониён!

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварест, дар домани сабзи гардун. Давлатест, ки бо доштани мавзеъъҳои дилфиребу дилнишин ва назаррабо таваҷҷӯҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи бою кӯҳан, фарҳанги пурғановат, ёдгориҳои муҳиму арзишманд, табиати дилфиреб, кӯҳҳои осмонбӯс, боду ҳавои тоза, обу чашмаҳои шифобахш, гулу гиёҳҳои дармонӣ, осоишгоҳҳои беҳамто ва ҳазорҳо мӯъҷизаву неъматҳои нотакрору бебаҳо дорад, ки асолаи гузаштаи миллати куҳанбунёди тоҷикро бозгӯ мебошад. Ҳамчунин, бо доштани табиати нотакрор ба оламиён маҳбубу маъруф гардидааст. Ҳамин аст, ки давлату Ҳукумати мамлакат ба масълаи сайёҳӣ ва рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хосса дода, дар шаҳру навоҳи мамлакат шароит барои сайру саёҳати меҳмонони дохиливу хориҷиро фароҳам месозад. Зеро инкишофи соҳаи сайёҳӣ иқтисодиёти Тоҷикистон рушд дода, барои баланд бардоштани обрӯю эътибори мамлакат ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Эълон гардидани соли 2018 чун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баҳри рушди сайёҳӣ, ба миён омадани инфрасохтори нави сайёҳӣ, ҷойҳои нави корӣ, ривоҷ додани корҳои ободониву созандагӣ, муаррифии дастовардҳои бахши сайёҳии мамлакат ба ҷаҳониён, баланд бардоштани мақому нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҳалли як қатор проблемаҳои мавҷудаи соҳа замина гузошта, имкониятҳои хеле хубро фароҳам овард. Бо мақсади идомаи мантиқии ҳадафи пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаи сайёҳӣ ва рушди босуръати соҳа, инчунин, ташаккули инфрасохтори сайёҳӣ дар мамлакат солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид.

Таъмин намудани шароити мусоиди ҳуқуқӣ барои ташкили фаъолияти самарабахши субъектҳои сайёҳӣ ва дар ин замина таъсиси бозори самаранок ва рақобатпазири сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақа ва мавзеъҳои туристӣ дар ҳоли рушд буда, барои хизматрасониҳо дар самти сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам мегардад. Агар ба сайру сайёҳат рафтани шаҳрвандони мамлакат ба кишварҳои дигар барои васеъ намудани ҷаҳонбинӣ, гирифтани ғизои маънавӣ ва истироҳату фароғати онҳо мусоидат намояд, вале бояд ҳар як фард пеш аз он, ки мехоҳад сайри ҷаҳон кунад, аввалан аз расму оин, арзишҳо, зодгоҳу Ватан ва асрори нуҳуфтаи табиати макони зисташ бохабар бошад. Зеро шинос шудан бо мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангию фароғатӣ, истифода бурдан аз осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои туристии дохилӣ ва монанди инҳо аз манфиат холӣ набуда, баръакс баҳри рушди сайёҳии дохилӣ саҳм ва масъулияти шаҳрвандии моро дучанд менамояд. Пас тақозо мегардад, ки баҳри татбиқи ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар самти сайёҳӣ талош намуда, ҳар як гӯшаву канори Тоҷикистони азизро тавассути корҳои ободониву созандагӣ ба мавзеъҳои ободу назаррабо, ки мавриди таваҷҷӯҳи сайёҳон қарор мегирад, мубадал гардонем.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор

 


27.09.2021 251

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php