Забони тоҷикӣ-таҷассумгари ормонҳои ҳазорсолаи ниёгон, ифтихори миллат ва саодатбахши халқи номдори тоҷикон!
Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки забони тоҷикӣ дар давраҳои гуногуни мавҷудияти хеш ба мушкилоти зиёде дучор гардида, бо вуҷуди ин рисолату асолати худро аз даст надодааст. Бадхоҳони миллати тоҷик борҳо кӯшиши аз байн бурдани таъриху фарҳанг ва забони ноби тоҷикиро карда, дар муқобили муборизаҳои беамони меросбарони забони миллати куҳантамаддуну бостонии тоҷик ноком гардидаанд. Аз осори аҳди Сомониён бармеояд, ки ин давра барои ҳифз, густариш ва рушди забон яке аз давраҳои бисёр муҳим дар таърихи халқи тоҷик дониста мешавад. Маҳз, ҳамин давраи давлатдории тоҷикон яке аз давраҳои ташаккули забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ маҳсуб мешавад. Забони тоҷикӣ аз марказҳои идорӣ ва иқтисодиву фарҳангии Хуросону Мовароуннаҳр ба минтақаҳои дигари зисти мардумони сокини ин сарзаминҳо густариш пайдо кардааст. Аслан забони мо дар таърихи давраи аввали ташаккулу густариши хеш аз унсурҳои забонҳои портӣ, суғдӣ ва бохтарӣ бештар баҳра бардоштааст, ки инро дар осори аҳди Сомониён ва гӯишҳои гуногуни забони тоҷикӣ дар ин манотиқ ба хубӣ метавон мушоҳида кард. Аз он даврон иттиҳоди халқи тоҷик ҳамчун халқияти дорои умумияти фарҳангу тамаддун ва забони муштараки ташаккулёфта дар ин давлатдорӣ эътироф гардидааст.
Таърихи башар гувоҳ аст, ки халқҳо, миллатҳо ва давлатҳо танҳо бо доштани забони миллии худ устувору пойдор мемонанд. Яъне, забони ҳар миллат шарти муҳимтарини пойдории он дониста мешавад. Дар ҳама давру замон забони тоҷикӣ дар ҳастӣ ва бақои миллати сарбаланду тамаддунсозамон нақши ҳалкунанда доштааст. Бояд бо ифтихор иброз дошт, ки пас аз давлати Сомониён забони миллии мо танҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мақоми забони давлатӣ қарор дода шуд.
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Ин мисраҳои арзишманду муттаҳидсози забони тоҷикӣ соли 1993 аз минбари бонуфузтарин созмони ҷаҳон-Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури садҳо намояндагони халқу миллатҳои гуногуни олам садо дода буд.
Донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад. Насли наврас ва ҷавони кишвар бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд. Бо мақсади муайян кардани вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ ва танзими истифодаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5-уми октябри соли 2009 дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.
Забони модарӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сарчашмаест, ки инсонро ба асолати миллӣ пайванд менамояд. Бояд гуфт, ки ҳамасола 5 – уми октябр дар рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои фарҳанги миллӣ, рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, ки ин нишона аз эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллӣ – забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ-ба ин забони садҳову ҳазорҳо абармардони миллати куҳантамаддун рисолат ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди худшиносу ватандӯст мебошад.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигор