ЗАБОНИ ТОҶИКӢ-ЗАБОНИ ПОКУ БЕОЛОИШ, ЗАБОНЕ, КИ ТО БА ИМРӮЗ АСОЛАТИ ХУДРО АЗ ДАСТ НАДОДААСТ!
Ҳар як давлату миллат таърих, фарҳанг, урфу одат ва расму ойинҳои хоси худро тавассути забон ба ҷаҳониён муарририфӣ менамоянд. Яъне, забон дар баробари Парчам, Нишон, Суруди Миллӣ муқаддасоти давлат маҳсуб меёбад. Мардуми соҳибтамаддуну соҳибзабони тоҷик, ки худ дар давраҳои гуногуни таърих ба мушкилиҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуда буд, аммо арҷгузоштан ба забон ва пойдории он таваҷҷӯҳи махсус дошт ва натиҷаи он имрӯз самараи пурғановате ба бор овардааст. Ин ҳама кӯшишу талошҳои аҷдодони шарафманди мо буд, ки забони тоҷикӣ чун муарририфгари ҳастии миллат боқӣ монд.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ рушду такомул ёфта, эътироф ва ҳимояи он мавқеи муҳим пайдо кард. Ғамхорию таваҷҷӯҳи хоса нисбат ба забони давлатӣ буд, ки нахустин маротиба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони тоҷикӣ» дар пайи кушишу талошҳои мунавварфикрони мардуми сарбаланди тоҷик 22-юми июли соли 1989 қабул шуд, ки дар миёни сокинон забони тоҷикиро то як андоза ба низом даровард. Бахти миллати тоҷик дар масъалаи рушду таҳкими забони тоҷикӣ аз ҳама бештар дар даврони солҳои соҳибистиқлолӣ баландӣ кард. Барои рушду нумӯ ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани забони тоҷикӣ дар кишвар 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисон» қабул гардид. Қонуни мазкур аз 7 бобу 28 модда иборат буда, вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ ва истифодаи онро дар мамлакат танзим менамояд. Мутобиқи муқаррароти модаи 2 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ эълон шудааст. Ин меъёр шарҳ ва танзими худро дар бахшҳои мухталифи ҷомеа рушан менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи меъёри конститутсионии забони давлатӣ заминаҳо гузошта шудааст. Институтҳои алоҳида дар самти рушду назорат ва ҳифзи забони давлатӣ бо таъмини ваколатҳои қонунӣ фаъолият доранд. Барои ташаккулу инкишоф, танзиму такмил ва ҳифзи забони давлатӣ пайваста қонуну қарор ва барномаҳои давлатӣ қабул мегарданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» забони тоҷикиро аз хатарҳои олоиш бо дигар забонҳо ҳифз намуда, дар даҳсолаи охир забони тоҷикиро ҳамчун забонӣ аслӣ, миллӣ ва сармояи гаронмояву ёдгорӣ аз ниёгони барӯманди халқи тоҷик ба наслҳои имрӯзу оянда муаррифӣ кард. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» воқеияти Тоҷикистони соҳибистиқлол инъикос ёфтааст. Тибқи меъёрҳои конститутсионӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» истифодаи забони давлатӣ дар шохаҳои гуногуни ҳокимият, идораҳои давлатӣ, ташкилотҳо, тамоми ниҳодҳои дар мамлакат фаъолятдошта муайян шудааст. Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии мамлакат омузиши фанни забони тоҷикӣ ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст, ки кӯдакону наврасон ва ҷавонон аз синфи якум то хатми муассиса забони модарии хешро чун забони ҳастии миллат меомӯзанд.
Имрӯз забони тоҷикӣ дар пешорӯи пададаҳои мураккаби ҷаҳонишавӣ қарор дорад, ки ин албатта нисбати забону фарҳанг бетаъсир буда наметавонад. Барои ҳифз ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ва таҳким бахшидани талаботу меъёр ва рукҳои он аз ҳар як шаҳрванд ҳисси масъулиятшиносӣ тақозо мегардад. «Барои ҳар фарди тоҷик лозим аст, ки забони модарии худро омӯзад, онро гиромӣ дорад ва дар ҳифзи он саҳм гузорад. Ба муҳақиқони забоншинос зарур аст, ки забони тоҷикиро ҳамчун забони дорои таърих ва осори беназир мавриди таҳқиқ қарор дода, онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд»-аз таъкидҳои ҳамешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти забони давлатӣ мебошад.
Забони тоҷикӣ забони миллӣ, забони давлатӣ мебошад, забонест, ки бо он шоирону нависандагон, олимону орифони бузурги миллати мо Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Саъдию Ҳофиз, Синову Ҷомӣ, Донишу Айнӣ, Лоҳутию Турсунзода ва чанде аз равшанфикрони дигар асарҳо эҷод кардаанд. Дар ҷаҳони муосир истилоҳи «Забони тоҷик» дар худ оҳанги сиёсиро касб кардаасту имрӯз ба номи кишвари азизамон вобастааст ва онро дар атласи ҷаҳон «Тоҷикистон» меноманд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истилоҳи «Забони тоҷикӣ» ба ҷаҳониён муаррирфӣ гардидааст ва ин аз натиҷаи заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад, ки аз минбари баланди Созмони Милали Мутаҳид бо забони ноби тоҷикӣ гуфта буданд:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд…
Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ дар донишгоҳу донишкдаҳои олии мамлакат дар баробари таҳсили тахассусӣ забони тоҷикиро меомӯзанд барои бо ин забон муошират намудан талош меварзанд. Тавассути аз худ намудани забони тоҷикӣ хориҷиён аз таърихи тоҷикон, равобити фарҳангиву адабӣ халқи тоҷик бо дигар халқҳои ҷаҳон бохабар мешаванд. Эҳтиром гузоштан ба миллату давлат ва ба забони ноби тоҷикӣ ҳарф задан рисолати шаҳрвандист. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хати сабз аз як китоб ба китоби дигар беғалат навиштану донистани талабот ва қоидаҳои забони тоҷикиро-ҳамчун рукни асосии миллат ҳифз намуданд ва имрӯз мо-халқи тоҷик соҳиби забон ҳастем, аз мо тақозо мегардад, ки ба забони тоҷикӣ чун забони модарии худ садоқату муҳаббати бепоён дошта бошем, зеро эҳёи забон пурарзиштарин мероси мо ба наслҳои оянда аст.
Воқеан, забон ганҷинаи ҳастӣ ва муарририфгари давлату миллат аст. Хуб омӯхтану донистан ва арҷ гузоштан ба забони давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.
муовини ректор оид ба корҳои таълимию методии
ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, д. и. т., профессор
Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа