САБАБҲО ВА ОМИЛҲОИ ПАЙДОИШИ ТЕРРОРИЗМ


САБАБҲО ВА ОМИЛҲОИ ПАЙДОИШИ ТЕРРОРИЗМ

Терроризм аз рӯйи хусусияташ гуногунҷабҳа буда дар давраи ҳозира дорои шаклу намудҳои зайл мебошад:

Таркиш, оташ задан, вайрону валангор кардани объектҳои махсусан муҳим, манзилгоҳҳо. Ин намуди ба амал баровардани акти террористӣ аз ҳама даҳшатнок мебошад. Ҳангоми ба ин амал даст задан шумораи зиёди одамон ҳалоку захмӣ гардида, бехонаю ҷой ва бесаробон мемонанд. Албатта чунин амал дар байни мардум таҳлука андохта, дар натиҷа одамонро воҳима зер мекунад ва бевосита ҳукуматдоронро ба он водор месозад, ки ба хотири амнияти шаҳрвандон ва озод намудани гаравгонон ба таклифҳои террористон ва экстремистон розӣ шаванд (ё ки қисман розӣ шаванд).

Куштор ва қасдан расонидани зарар ба саломатии шахсони алоҳида. Ин навъи амали террористӣ, пеш аз ҳама ба он равона карда мешавад, ки ин ё он шахсони бонуфузи идораҳои дахлдори давлатӣ (Ҳукумат, ВКД, амният), намояндагони воситаҳои ахбори омма, арбобони шоистаи давлатиро аз байн бурда, ҷинояткорон бо ҳамин восита ба ҳадафҳояшон расиданӣ мешаванд. Дар ин ҷо дар хусуси содир намудани кушторҳои фармоишӣ: куштори Боширхан Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Муҳаммад Осимӣ, Сайф Раҳими дар Тоҷикистон, Индира Гандӣ, Раҷив Гандӣ (Ҳиндустон) ва ғайраҳоро мисолҳо овардан мумкин аст.

Рабудани одамон ва ба гаравгон гирифтан. Ин намуди ба амал баровардани акти террористӣ шакли аз ҳама маъмул аст ва қариб, ки дар ҳамаи давлатҳои дунё истифода мешавад. Асосан рабудани одамон ва ба гаравгон гирифтан аз ҷониби созмонҳои террористӣ ва террористони алоҳида ба он равона карда мешавад, ки агар ҳукуматдорон ба ақидаҳои онҳо ё ки, ба пешниҳодҳои онҳо розӣ набошанд, онҳо метавонанд гаравгононро ба қатл расонанд. Даҳшатнокии ин гуна амали террористӣ аз он иборат аст, ки дар рафти амалиёти безараргардонии террористон эҳтимолияти талафёбии шумораи зиёди одамон мавҷуд мебошад. Воқеъаҳои дар шаҳри Будённовск, театри Нордост (Москва) ё Беслани Осетияи Шимолӣ рӯйдодаро ба хотир меоварем, ки террористон чӣ гуна барои ба ҳадафҳояшон расидан пешниҳодҳо карда буданд ва оқибати ин амалҳо ба чи анҷомид.

Таҳдиди куштан ва нобуд кардан, нисбати ходимони давлатӣ ва сиёсӣ. Ин намуди акти террористӣ ба он равона карда мешавад, ки ташкилотҳои террористӣ ё террористони алоҳида ба воситаи таҳдиди куштан ва несту нобуд кардан аз мансабдорон ва ё ҳукумат талаб мекунанд, ки ин ё он шахсро аз мансабаш дур кунанд ва қабули ин ё он қонунро ба таъхир гузоранд. Дар сурати иҷро нагардидани ин амал ба ҳар роҳу восита таҳдиди куштану несту нобуд кардани ходимони сиёсӣ ва давлатиро идома медиҳанд. Ин шакли амали террористиро барои тағйир додани сохти давлатдорӣ низ истифода мебаранд.

     Таблиғоти терроризм. Ин амал бевосита дар он ифода мегардад, ки баъзе давлатҳо дар таъсис додани созмони шабакаҳои террористӣ мусоидат мекунанд, иддаи дигари давлатҳо чунин созмонҳоро дар ҳудудашон ҷойгир карда, бо маблағҳои калони пулӣ сарпарасӣ мекунанд, инчунин созмонҳои мазкур аз ҷониби созмонҳои ғайридавлатии байналмилалӣ, чун қувваҳои озодихоҳ барои ба даст овардани истиқлолият эътироф мешаванд ва ҳатто ин ё он давлат онҳоро эътироф мекунад. Аммо дар асл онҳо аз ҳудуди давлати сарпарастии худ, бо роҳҳои истифодаи амалҳои террористию экстремистӣ ба низоми давлатдорӣ таъсир мерасонанд.

      Сабабҳои пайдоиши экстремизм ба мисли шаклҳои он гуногун аст. Ин сабабҳоро чунин метавон баршумурд:

·        сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, надоштани маърифати ҳуқуқӣ;

·        моддӣ;

·        идеологӣ;

·        хоҳиши табадулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ;

·        пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав;

·        ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ;

·        коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ;

·        хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ ва байни шахсиятҳои сиёсӣ; • поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ;

·        дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ;

·        фаъолияти динии намояндагони хориҷӣ ва ғайраҳо.

     Ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти худ мебошад, аммо онҳоро зуҳуроти харобиовар, таҷовузкорона, бераҳмона, ки ҳадафи равшан надорад, бо ҳам мепайвандад.

3. Роҳҳои мубориза бо терроризм.

      Баъди амали террористӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 11-уми сентябри соли 2001 аз ҷомеаи ҷаҳонӣ амалиёти фаврӣ ва муассир талаб карда шуд. Асоси ҳуқуқӣ барои фаъолияти эътилофи зиддитеррористӣ, дар якҷоягӣ бо санадҳои меъёриву ҳуқуқии байналмилалии пештар қабулшуда ва қатъномаи Шӯрои амнияти СММ пазируфта шуд. Шӯрои амнияти СММ 12 декабр қатъномаи 1368 - ро оиди "дар бораи кӯшиши якҷоя ва фаъолияти ҳамаи давлатҳоро ба таври фаврӣ ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорон, ташкилкунандагон ва сарпарастони амалиёти террористие, ки дар Ню-Йорк, Вашингтон ва Пенсилвания даст заданд, қабул намуд.

     28 –уми сентябри соли 2001 Шӯрои Амнияти СММ қатъномаи 1373 – ро оид ба маҷмӯи чорабиниҳои мубориза бо терроризм, бахусус барои пешгирӣ кардани дастгирии молиявии фаъолияти террористӣ қабул кард. Дар қарор уҳдадориҳои аъзоён оиди андешидани тадбирҳо бар зидди терроризм дарҷ гардиданд.

     Аз ҷумла, дар қатънома қайд карда шудааст, ки аз тарафи давлатҳо бояд суратҳисобҳои террористон баста шавад ва аз болои шахсоне, ки фаъолияти террористиро маблағгузорӣ мекунанд бояд парвандаи ҷиноятӣ кушода шавад, ба чунин шахсон паноҳгоҳ пешниҳод карда нашавад ва ҳар гуна кумак ва ғамхорӣ барои онҳо қатъ гардад. Татбиқи қатънома барои боз ҳам пурқувваттар кардани фаъолияти аъзоёни СММ бар зидди терроризм ба зимаи Кумитаи Шурои амнияти СММ вогузор карда шуд.

     12 ноябри соли 2001 Шӯрои Амнияти СММ қатъномаи 1377 - ро дар барои мубориза бо терроризм қабул кард. Ин даъват ҳамаи кишварҳои аъзои СММ мусоидат барои мубориза бо терроризм ва кӯмаки ҳамаҷониба ба якдигар дар ин самт водор намуд.

     Ҳамин тариқ, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи зиёд барои танзими ҳуқуқии мубориза бар зидди терроризм, сабабҳои бавуҷудоии он, зарурати такмили танзими ҳуқуқии байналмилалӣ дар ин самт дода шуда, як қатор масъалаҳои муҳим дар ташкили мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ҳаллу фасл мешаванд.

 

ШУЪБАИ ТАРБИЯ


29.11.2023 1165

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php