Тоҷикистон - кишвари раисикунанда дар Созмони ҳамкории Шанхай


Тоҷикистон - кишвари раисикунанда дар Созмони ҳамкории Шанхай

          Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн гирифт. Дар ин муддати аз нигоҳи таърих кӯтоҳ ҷумҳурии мо бо 179 кишвари ҷаҳон робитаҳои комили дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо такя ба равиши сиёсати «дарҳои кушода», сулҳдӯстӣ ва беғаразӣ, бо аксари кишварҳои ҷаҳон муносиботи дӯстонаи ҳамкории баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд ва бо як қатори онҳо робитаҳои шарикии стратегиро барқарор сохта, минбаъд онҳоро таҳким бахшид.

         Соли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раисии Созмони ҳамкории Шанхайро ба ӯҳда гирифтааст ва бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 17 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор мешавад. Дар ҷараёни мулоқот сарони кишварҳои СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон табодули афкор мекунанд.

         Мушкилоти Афғонистон имрӯз тамоми башарият, махсусан, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамҷавори онро ба ташвишу нигаронии ҷиддӣ овардааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ, бо ишора ба вазъи кишвари ҳамсоя- Афғонистон таъкид намуданд: "Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар муддати беш аз як моҳи гузашта вазъият дар ин кишвар, мутаассифона, боз ҳам мураккабу ҳалокатбор ва боиси нигаронии ҷиддии мамолики минтақа ва ҷаҳон гардид. Сокинони ин кишвар, ки беш аз чил соли охир дар шароити ҷангу нооромӣ умр ба сар мебаранд, вақтҳои охир бо мушкилоти боз ҳам бештари амниятӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Дар робита ба ин, бори дигар хотирнишон месозам, ки барои ба миён омадани чунин вазъи фоҷиабор мардуми Афғонистон бо таъриху тамаддун ва фарҳанги чандинҳазорсолаи худ гуноҳ надоранд. Ноамнӣ ва бадбахтие, ки ба сари мардуми ин кишвари бостонӣ омадааст, натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ, яъне фаъолияти доираҳои манфиатдори минтақа ва ҷаҳон мебошад, ки ҳоло низ идома дорад."

         Президенти Тоҷикистон оид ба қазияи Афғонистон бори дигар гуфтанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвар бо роҳи ташкили ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ва нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар пешбурди ин раванд мебошад. Ҷаноби Олӣ дар идомаи сухани хеш қайд намуданд, ки ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои манфиатдор ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки мардуми Афғонистонро бо мушкилоти бавуҷудомада танҳо гузоранд, зеро вазъияти сангину фалокатбори ин кишвар бо гуноҳи сокинони он ба вуҷуд наомадааст.

         Ба гуфтаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , бетафовутӣ нисбат ба сарнавишти Афғонистон боиси афзоиши хушунат, боз ҳам вазнинтар шудани зиндагии сокинони он, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хоҳад шуд. Бинобар ин, Ҷаноби Олӣ аз ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон даъват намуданд, ки доир ба ҳалли мушкилоти ин кишвар ва ташкили ҳукумати мусолиҳаи миллӣ бо фарогирии манфиатҳои тамоми қавму миллатҳои сокини Афғонистон тадбирҳои фаврӣ ва дастҷамъона андешанд.

         Зимнан, 26 апрели соли 1996 аз ҷониби сарони кишварҳои Чин, Россия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон “Панҷгонаи Шанхай” ба вуҷуд омад, ки ба таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай асос гузошта шуд.


Турсунова З.-шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


13.09.2021 290

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php