Шерони Панҷшер дар муқобили ҷоҳилият!


Шерони Панҷшер дар муқобили ҷоҳилият!

Вазъияти сиёсии имрӯзаи Афғонистон аз замони сукути Кобул, ки 15-уми августи соли равон ба вуқуъ пайваст, мавриди таваҷҷуҳи тоҷикони ҷаҳон қарор гирифтааст. Беэътиноии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба вазъияти имрӯзаи Афғонистон метавонад ба ҷанги давомноки шаҳрвандӣ дар ин кишвар оварда расонад.

Панҷшер-музофоти ягонаи Афғонистон аст, ки толибон онро зери назорат надоранд. Ин минтақа макони ҷамъшавии собиқ неруҳои ҳукуматӣ гардидааст. Он ягона вилоятест, ки ба толибон таслим нашуда, то ҳол зидди онҳо меҷангад ва ба пешравиҳо низ ноил гаштааст. Ҷангиён кӯшиш намудаанд, ки масъалаи таслими Панҷшерро чӣ бо роҳи дипломатӣ ва чӣ бо роҳи ҳуҷум ҳал намоянд. Қаблан онҳо ба яке аз гузаргоҳҳои аввалин ҳуҷум карданд, вале неруҳои ҷабҳа тавонистанд ҳуҷумро гардонанд. Аз чанд руз ба ин тараф миёни размандагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд ва ҷанҷӯёни Толибон дар дараи Панҷшер даргириҳо идома доранд. Тавре мақомҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ эълон карда буданд, дар ҷараёни даргирӣ бо Толибон афродеро асир карда буданд, ки покистонӣ буданд. «Асирони хориҷӣ, бахусус покистонӣ дар ҷамъи асирон хеле зиёданд. Дақиқ 1340 тан назди мо асиранд, ки дар миёни онон покистонӣ ва араб ҳам мавҷуд аст», - гуфтааст раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон. Бино ба бархе гузоришҳо, аз ин теъдод асирон ҳудуди 600 нафар атбоъи Покистонанд. Дар ҳамин ҳол, ин гузоришҳо низ аз Кобул мерасанд, ки «Толибон» дар посгоҳҳои масири Шимолӣ ва Кобул ҷавонон ва миёнсолони панҷшериро гаравгон мегиранд, то онҳоро бо асирони худ дар Панҷшер мубодила кунанд.

Аз муроҷати Аҳмади Масъуд ба давлатҳои абарқудрат бармеояд, ки ин гуруҳҳо ба гирифтани давлати Афғонистон қаноат накарда, оянда метавонанд, минтақаи Осиёи Миёнаро ба мавқеи даргириҳо мубаддал созанд.

Имрӯз вақти он расидааст, ки мардуми афғон ва мо ҳамсоякишварҳо аз ҳарвақта дида зираку ҳушёр бошем ва дар ҳалли мушкилии мардуми Панҷшер бетарафӣ зоҳир нанамоем. Зеро ки Амрико баъди бист соли мубориза бо толибон эшонро боз ба сари қудрат оварда, ҳокимияти таъсисдодаи хешро дар ҳолати ногувор гузошт. Мо шоҳиди ин ҳодисаҳои солҳои охир будем ва хуб дарк намудаем, ки ҳар кадом аз давлатҳои абарқудрат саъй хоҳанд кард, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар минтақа пиёда намоянд. Сатҳи пасти зиндагии мардум ва нокомилии маънавиёти сиёсӣ боис гардид, ки ин гурӯҳи террористӣ муваффақ гардад. Аз бесаводию бефарҳангӣ ин гуна ашхос метавонанд ба оммаи васеи одамон фишори сахти рӯҳӣ расонида, арзишҳои моддиву маънавии давлату миллатҳоро нобуд созанд, дар байни давлатҳо тухми нифоқ пошанд, байни гурӯҳҳои иҷтимоиву миллӣ нобоварӣ ва адоватеро ба бор оранд, ки баъзан дар муддати ҳаёти як насл онҳоро бартараф кардан аз имкон берун мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон ва расонаҳои хабарӣ ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус вазъи кунунии Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, иброз доштанд: “Вазъи мураккаби хатарноке, ки тайи рӯзҳои ахир дар ин кишвар ташаккул ёфта истодааст, танҳо мушкилоти мардуми Афғонистон нест, балки аз масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонии имрӯз аст. Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афғонистон, махсусан тоҷикон, ӯзбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи тезтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад. Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афғонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард.

Тоҷикистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорад, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва ҳарчӣ зудтар муътадил гардонидани вазъияти мушкили сиёсиву амниятии он бо роҳи гуфтушунидҳо чораҳои фаврӣ андешида шаванд.

Қисми зиёди нооромиҳо, ҷангу низоъҳо дар кишварҳои мусулмонӣ сурат гирифта, маҳз ба тафриқаандозиҳо миёни мусулмонон, истифодаи онҳо ҳамчун воситаи амалинамоии террор ва мухолифати мазҳабӣ рабт доранд. Имрӯз хатари терроризм ва ифротгароӣ ба масъалаи глобалӣ табдил ёфта, қариб ба ҳамаи давлатҳо таҳдид мекунад. Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолияти онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккаб гардондааст ва боиси саргардониву кашоқии ин мардум гаштааст. Барои мубориза баҳри оромии минтақа ва ҷаҳон саъю кӯшиши ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим аст, вале имрӯз ки Панҷшеру ҷавонмардонаш дар муқобили толибон истодагарӣ ва муқовиматҳои шадид нишон медиҳанд, мутаасифона аз ҷониби давлатҳои абарқудрат хомӯшӣ ба назар мерасад, ки аз рӯи адолат нест. Ин масъала бояд дар сатҳи олии ҳамаи давлатҳо ба танзим дароварда шавад.

Агар Амрико мехост, дар муддати 20 сол Толибонро нест мекард, аммо баръакс онҳоро дастгирӣ кард. Қатар ба онҳо пойгоҳ дод ва барои нигоҳ доштани он ҳар сол ба маблағи 700 миллион доллар кӯмаки молӣ мерасонад. Ҳамчунин, зиндониҳои толибонро дар Афғонистон озод кард. Мувофиқи нақшаи тарҳрезишудаи Амрико бо Толибону ҳукумати Ашраф Ғанӣ Толибон дар як муддати кутоҳ Афғонистонро гирифтанд. Онҳо дар давоми ду ҳафта аз нерӯҳои давлатӣ беш аз 1200 танкро гирифтанд. Ақибнишинии неруҳои амниятӣ ва ҷанг накарданашон ба муқобили Толибон низ нақшаи Амрико буд, ки бо маблағи ҳангуфт ҳукумати зочамонанди Ашраф Ғанӣ ба Афғонистон ва сокинонаш хиёнат кард.

Бояд тазаккур дод, ки агар Шӯравӣ аз соли 1979 то соли 1989 дар ҷанги Афғонистон 60 млрд доллар сарф карда бошад, Амрико дар тӯли 20 сол беш аз 1 триллион сарф кардааст. Агар Амрико воқеан дилсӯз мебуд, бо харҷи 5-6 миллиард доллар НБО-и „Даштиҷум“-ро месохт, ки он метавонист пуриқтидортарин неругоҳ бошад ва беш аз як миллион га заминҳои ташналаби Афғонистонро шодоб гардонад.

Бадбахтӣ дар он аст, ки баъзе аз давлатҳои абарқудрат сари қудрат омадани Толибонро воқеият ҳисобида, ҷомеаи ҷаҳониро ба он даъват менамоянд, ки муносибатҳои дипломатиро бо Афғонистон (Толибон) барқарор намоянд. Магар аз ёди ҷомеаи чаҳонӣ рафтааст, ки дар натиҷаи амалҳои террористӣ бо дасти ин „гургон дар ҷомаи меш“ ҳазорҳо мардуми бегуноҳ, занону кӯдакон ваҳшиёна кушта шуда буданд. Ҳол он ки бузургтарин гуноҳ дар ислом - қатли бегуноҳон аст. Дини муқаддаси ислом тазаккур медиҳад, ки бузургтарин гуноҳ қатли ноҳақ буда, фоил, яъне қотил рӯзи қиёмат ба азоби абадӣ гирифтор мегардад. Ҳамчунон ки дар ояти 68, сураи Фурқон ифода ёфтааст: “Ва нафси муҳтарамеро, ки Худо ҳаром карда, ба қатл намерасонанд, ба гирди амали зино намегарданд, ки ҳар кӣ амал кунад, кайфари гуноҳашро хоҳад ёфт. Ва азобаш дар қиёмат музоиф шавад ва бо зиллату хорӣ ба дӯзах мухаллад гардад“.

Зимнан, як ҳафта аст, ки дараи Панҷшер майдони набардҳои хунин миёни Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд ва «Толибон» – у созмонҳои террористӣ, назири «Ал-қоида», шудааст. Толибон, ҳамчунин, ба ширкатҳои амалкунандаи иртиботии телевизионии Афғонистон фишор оварданд, то онҳо корро дар ҳудуди Панҷшер қатъ кунанд. Ҳамин тариқ, минтақа бе интернет ва алоқаи мобилӣ монд. 

Таибов С.А. - сардори шуъбаи итилот ва робита бо ҷомеа

Турсунова З. - мутахасиси шуъбаи итилот ва робита бо ҷомеа


10.09.2021 314

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php